Дар ноҳияи Варзоб бо усули «хона ба хона» ва «рӯ ба рӯ» дар мавзӯъҳои мубрам бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд

131 просмотров

 

Дар ноҳияи Варзоб чун дар дигар шаҳру ноияҳои ҷумҳурӣ баҳри ба мардум расонидани ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи мазкур, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия таъсис ёфтааст,  бо сокинон  бо усули «хона ба хона» ва «рӯ ба рӯ» суҳбату вохӯриҳо гузаронида, масъалаи иштироки фаъолона дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, инчунин мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз онро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб хабар дод, аъзои гурӯҳи корӣ ба сокинони ҷамоату деҳаҳои ноҳия зарурати Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ, ҷамъоварии маблағи истифодаи он, ҳамчунин истифодаи мақсадноки  заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ  ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири Covid-19-ро  шарҳ доданд.

Дар ин вохӯриҳо зикр гардид, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сокинони деҳоти мамлакат ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз ин ҳисоб на танҳо эҳтиёҷоти оила худро бароварда месозанд, балки даромади пулӣ ҳам ба даст меоранд. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа ва масъулони идораҳои замин, оққилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста  таъкид мекунанд.

Зимни вохӯриҳо ва мулоқотҳо маълум гардид, ки сокинони ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғдории худ самаранок истифода бурда, ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ чораандешӣ намуда истодаанд.

                                                                          Орифҷон Олимзода

                                                        мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар ноҳияи Варзоб