Муҳоҷират тақозои одоби инсонӣ дорад

125 просмотров

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ айни замон боз як роҳи бокортаъминкунии аҳолӣ ба шумор рафта, барои ба сатҳи қонунӣ амал кардани он ҳукумати кишварҳои мухталиф ҷиҳати баромад ва қабули муҳоҷирон кӯшишҳо ба харҷ ва роҳҳои амали осону танзимшавандаи онро таҳия ва роҳандозӣ намуда истодааст. Дар олам зиёда аз 300 миллион нафар инсон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ки Тоҷикистон низ ба ин раванд кайҳо шомил гаштааст.

Федератсияи Россия дар ҷаҳон ҳамчун давлати қабулкунандаи муҳоҷирон пас аз ИМА дар ҷои дуюм меистад. Аз ҷумла, шумораи зиёди ҳамватанони мо дар он ҷо кору фаъолият менамоянд.

Чуноне мо огаҳем, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия таъсис дода шудааст, ки ҳар нимсола дар шаҳри Москва ва дар шаҳри Душанбе мулоқот баргузор менамояд.

Сафари меҳнатӣ кардан ба кишвари Федератсияи Россия қоидаҳои буду боши худро дорад. Аз ин лиҳоз, пеш аз сафар кардан, шаҳрванд бояд ҳуҷҷатҳои заруриро омода созаду баъд ба сафар барояд.

Боиси тазаккур аст, ки фурудгоҳҳову истгоҳи роҳи оҳан бозистгоҳҳои ҷамъиятӣ буда, дар як вақт ҳазорҳо нафар одамон аз гӯшаву канори олам дар ин ҷойҳо қарор мегиранд. Онҳо дорои фарҳангу забонҳои гуногун, тарзи либоспӯшӣ ва дину мазҳабҳои гуногун мебошанд. Ҳамаи онҳоро як мақсад бо ҳам муттаҳид менамояд – сафар ба муҳоҷират.

Дар чунин ҷойҳо қоидаҳои ягонае вуҷуд доранд, ки ҳамаро бе истисно ба ҳам муттаҳид менамояд – ин интизории хатсайрҳо ва истиқболу гусели меҳмонҳост. Албатта, дар чунин ҷойҳо нишон додани маданияти инсонӣ – эҳтиёткорона муносибат кардан, бахусус тамоку накашидан, баланд сухан нагуфтан, телаву такон надодан ва хушодоб будан зарур аст, зеро ин гуна рафтор хосияти ҳама инсонҳои бомаданият ва ҳозиразамон бояд бошад. Чунки дар ҷаҳон гӯшаеро тасаввур кардан ғайримкон аст, ки дар он беодобӣ қобили қабул бошад ва адаб худ нишонаи инсони комилу дорои ақли солим мебошад.

Айни замон бозори меҳнатии Федератсияи Россия ба коргарони соҳибихтисосу забондон ниёз дорад. Агар шахс соҳиби касб бошад ва онро хуб донад, пас дар мусофирати меҳнатӣ соҳиби ҷойи кори хуб ва маоши баланд мегардад.

Чуноне, ки ба мо маълум аст, аз 1 сентябри соли 2014 шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои дарёфти сертификат дар Федератсияи Россия, бояд ҳатман аз фанни забони русӣ, таърих ва қонунгузоррии ин кишвар имтиҳон супоранд. Бе ин онҳо соҳиби иҷозаи кор ва Патент шуда наметавонанд.

Бо кумаки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва забономӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон марказҳои забономӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ройгон ба мардум хизмат мерасонанд. Инчунин, марказҳои касбомӯзӣ барои калонсолон амал мекунанд, ки шаҳрвандон метавонанд касбҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунанда гарданд.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки барои дастрас намудани маълумот оид ба тарзи муошират дар бозистгоҳҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳову истгоҳи роҳи оҳан ба МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ муроҷиат намоед.

                                                                                Анвар ЮСУПОВ