Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар Файзобод

126 просмотров

 

Ҳамкории густурда бо ниҳодҳои гуногун самаранокии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзободро таъмин намуда истодааст. Боиси қайд аст, ки масъулини бахш барои дарёфти ҳамкорони нав дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва талошҳояшон беҳуда намеравад.

Аз ҷумла дар ташкил ва гузаронидани мулоқот бо сокинони ҷамоатҳои деҳотӣ Д. Алиев, Ҷавонон, Чашмасор дар баробари КИ ҲХДТ дар ноҳия шуъбаву бахшҳои дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод низ саҳми шоиста гузоштанд.

Маърӯзачиён ба ғайр аз мавзӯи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» оид ба дигар масоили доғи рӯз низ изҳори андеша намуда, дар симои иштирокчиёни мулоқот аҳли ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдилӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкорию созандагӣ даъват карданд.

Чуноне мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод Мағфират Рашидзода хабар дод, якҷоя бо кормандони шуъбаи кумаки авалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия ва шуъбаю бахшҳои дахлдори ноҳия корҳои оммафаҳмонӣ ва риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ оиди пешгирии бемории “Коронавирус” навъи (COVID- 19) вохӯриҳо гузаронида, корҳои безараркунонӣ дар ҳавлӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон пурзур карда шудааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, ва дар асоси Амри раиси ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, истифодаи самарабахши заминҳо ва вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сокинони маҳаллҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида, корҳои иттилоотӣ идома дорад.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Раҷабзода Н.Ҷ дар ҳайати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони бахши муҳоҷират,  бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила, хатибони масҷидҳои ҷомеъ, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо корҳои таблиғотию ташвиқотиро аз рӯзи 26 декабри соли 2020 бо усули хона ба хона оғоз намуда, сараввал ба ҳар як оила минатдории Сарвари давлатро оид ба иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, баъдан  оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, дар манзилҳои зист, ошхонаҳо, сартарошхонаҳо, нонбойхонаҳо, самбусапазхонаҳо, ҳамому саунаҳо, сехҳои оҳангарӣ, хиштбарорӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва бо пуррагӣ ба кишту кори баҳорӣ омода намудани заминҳо, захира намудани тухми зироатҳо дастуру маслиҳатҳо ва инчунин ба онҳо тавсия дода шуд, ки бештар ба кишти картошка банд намудани заминҳо ва дар тамоми заминҳои таллу теппаҳо гузаронидани  кишти ғалладонагиҳоро ба роҳ монанд.

Айни замон бо назардошти вазъи мавҷуда дар натиҷаи бемории COVID- 19 ва муроҷиати муовини муншии Созмони Миллали Муттаҳид вобаста ба вазнин омадани соли 2021 аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҷамоатҳои боло зикр шуда корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шудааст.

Ба ҳар як оила фаҳмонида шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ иштирок намудан дар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ баргузор мегардад, иштироки фаъолонаи сокинон дар арафаи иду ҷашнҳо ба тозагии гирду атроф таъмиру тармим намудани биноҳои истиқоматӣ, кӯчаю хиёбонҳо, шинонидани дарахтони сояафкан иштироки фаъолона намоянд.

Дар  рафти суҳбату вохӯриҳо якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо оид ба омӯзиш дар курсҳои кутоҳмуддат, азхуднамудани касбҳои гуногун, забондонӣ ва иштироки фаъолона дар ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ тавсияҳо дода шуданд.

 

                                                                   Бахши Хадамоти

                          муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод