Натиҷагирӣ аз фаъолияти солона

91 просмотров

 

 

Дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ бо иштироки кормандони дастгоҳи раёсат, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Маҷлиси ҳисоботиро сардори раёсат Зайнура Шарифӣ ифтитоҳ намуда, сараввал аҳли толорро бо супоришу вазифагузориҳои протоколии ҷаласаҳои ҳисоботии ҳайатии мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва маҷлиси фаъолони вилояти Суғд шинос намуда, баён дошт, аз ҷониби Ҳукумати вилояти Суғд ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки барои иҷрояшон ҳамаи мо масъул ҳастем.

Дар арафаи ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардидани ҷаласаи имрӯза рамзи зиёд дорад. Зеро, новобаста ба мушкилоту муаммоҳои пешовардаи бемории сироятии КОВИД – 19 тамоми дастовардҳои сокинони кишвар дар соли сипаришуда бо ном ва фаъолияти серҷабҳаи Пешвои муаззами миллат вобастаанд. Соли 2020 аҳли ҷомеаи меҳнатии раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳо ва вазифагузорию ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  чун дастури амал ва роҳнамои фаъолият қабул намуда, давоми сол дар самти иҷрои онҳо ва татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират корҳои муайянро ба иҷро расониданд.

Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ асосан натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти  раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар давоми соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2021баррасӣ шуд.

Бояд гуфт, ки масъалаи танзими муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар меҳвари фаъолияти раёсат қарор дорад ва дар ин самт муаммою мушкилоти ҳалнашуда ҳанӯз бисёранд. Бо назардошти ин, дар ҷаласаи имрӯза бештар ҳамин мавзӯъ таҳлил шуд. Баъди маърӯзаи мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии раёсат Ҳусейнҷон Зоидов дар рафти музокира Зайнура Шарифӣ вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ва иҷрои вазифаҳои дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа додашуда аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Спитамен пурсиш ба амал овард. Масъулини шаҳру ноҳияҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ ва шаҳру ноҳияҳое, ки кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба нақша гирифта шудааст, барои ҳар даҳрӯза оид ба корҳои иҷрогардида пешниҳод намудани ахборот ба раёсат муваззаф шуданд.

Соли 2020 фаъолияти раёсат дар самти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ хеле тақвият ёфта, дар доираи он семинари омӯзишӣ, мизи мудаввар, конфронси амалӣ, пурсиши афкор, аксияи ҷашнӣ, ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ҳамчунин  чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо ҷалби васеи намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо доир гардиданд. Доир ба натиҷаҳои ҳамкории раёсат бо созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соли сипаришуда ва дурнамои он сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии раёсат Диловар Муродов ҳисобот дод.

Дар ҷамъбасти маҷлис мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом ба таври тантанавӣ ба нафақаи меҳнатӣ гуселонида, як гурӯҳи калони кормандон бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Хадамоти муҳоҷират, раёсат ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуданд.

 

                                                 Мардон ҚУРБОНОВ