Оғози эмгузаронии ройгон барои таксиронҳо ва пайкрасонҳои хориҷӣ

94 просмотров

 

Департаменти нақлиёт ва рушди бахши инфрасохтори роҳу нақлиёти шаҳри Москав дархости ширкати “Яндекс Такси” дар бораи эмгузаронии таксиронҳо ва пайкрасонҳое, ки шаҳрвандии Русия ва бимаи ҳатмии тибби надоранд,  ҷонибдорӣ кард.

Дар ин бора иттилоъ додааст шабакаи “Telegram”-и ҳукумати шаҳри Москав.

Ҳукумати шаҳри Москав қайд кардааст, эмгузаронӣ на танҳо ронандаҳоро аз сирояти КОВИД-19 нигоҳ медорад, балки намегузорад, ки ин вирус миёни нафароне, ки аз хизматрасониҳои такси истифода мебаранд паҳн ёбад.

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки бо қарори шаҳрдори Москав эмгузаронӣ бар зидди коронавирус миёни кормандони нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз ёфтааст.

Муовини шаҳрдори Москав оид ба масъалаи нақлиёти ҷамъиятӣ Максим Ликсутов тамоми таксиронҳои ширкатҳои мухталиф ва пайкрасонҳоро ба марказҳои эмгузаронӣ даъват кард.

Манбаъ қайд кардааст, ки сокинони шаҳри Москва метавонанд барои эмгузаронӣ дар сомонаи «mos.ru» ва «emias.info» ва дар нармафзорҳои мобиилии “Госуслуги Москав” “Моя Москва” ва “ЕМИАС.ИНФО” дар беморхонаи шаҳрӣ ва инчунин тариқи телефон, худро сабти ном кунанд. Марказҳои эмгузаронӣ ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00  кор мекунанд.