Семинари омӯзиши дар шаҳри Бохтар

96 просмотров

 

Бо ташаббуси раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо Созмони байналминалии муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Бохтар семинари омӯзиши барои панҷ ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Семинари омӯзиш дар доираи лоиҳаи “Суботи ҷомеъа таввасути ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатии бозгашташуда дар вақти КОВИД-19 ва баъд аз он”, ки аз тарафи Созмони байналминалии муҳоҷират амалӣ карда мешавад, доир гардид.

Тавре намояндаи Созмони байналминалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Бибигул Шехова изҳор дошт, семинари мазкур барои кормандони Хадамоти муҳоҷират дар 5 ноҳияи интихоб шудаи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлобро дар бар мегирад.

Мақсади лоиҳа ин мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар давраи КОВИД-19 ба ватан баргаштанд ва имкони баргашт ба муҳоҷиратро надоранд, мебошад.

Намояндаи СБМ ҳамчунин қайд кард, ки дар доираи лоиҳа, ба муҳоҷирони панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кумакҳои машваратию амалӣ мерасонанд. Онҳо ба муҳоҷирон вобаста ба тартиб додани нақшаи мутобиқшавии худ, кор ё ташкили коргоҳҳои хурд, барои пайдо кардани ҷойи кор ва ҳамчунин бо Марказҳои саломатӣ вобаста ба саломатии муҳоҷирон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар оғози кори семинар сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев аз номи роҳбарияти Хадамот ва раёсати он дар вилоят ба Созмони байналминалии муҳоҷират барои ҳамкориҳои судмандашон изҳори сипос кард.

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар вилояти Хатлон