170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Иркутск бо ҷойи кор таъмин гардиданд

174 просмотров

 

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январ соли равон 170 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути тайёра аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкатҳои сохтмонии вилояти Иркутски Федератсияи Россия раҳсипор гаштанд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, ки бевосита шаҳрвандони ҷумҳуриро дар фурудгоҳ гуселониданд, иброз намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мутобиқи шартномаи тарафайн дар  ширкатҳои «Домострой Профи»-и шаҳри Иркутск – (28 нафар), «ПромСтройМонтаж»-и шаҳри Тулун – (68 нафар), «СибСталСтрой»-и деҳаи Грановшина – (24 нафар), «СПМК-7»-и шаҳри Иркутск – (50 нафар)  фаъолият хоҳанд кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иркутск шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Иркутск, консулгарии Тоҷикистон, диаспораи тоҷикони вилояти Иркутск, инчунин намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ бо шукуҳу шаҳомоти хоса истиқбол намуданд.

Тибқи шартнома, шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ, ҷойи хоб, ҳуҷҷатҳои лозима, ки аз тарафи ширкатҳо омода карда мешавад, таъмин мегарданд.

Ин иқдоми мазкур  бо мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар вилояти Иркутск  роҳандозӣ гардидааст.

                                                                                        Анвар ЮСУПОВ