Нишасти матбуотии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

50 просмотров

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, № АП-1729, дар асоси «Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаю бахшҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо» рӯзи 15-уми феврали соли равон нишасти матбуотии муштараки раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ наздик ба 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст кормандони воситаҳои ахбор баъди суханронии ифтитоҳӣ гузориши сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифиро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 шуниданд.
Саволҳои додаи кормандони васоити ахбори омма оид ба ҳолати имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давраи паҳншавии бемории “КОВИД-19”, фавти шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли ҷасади фавтидагон ба ватан, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия дар самти таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ бо ҷойи кор, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида буданд.

Мардон ҚУРБОНОВ