Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дустмурод Алиев муассисаҳои таълимии № 20, 21 ва 45 бо падару модарон, омӯзгорон, фаъолон, хонандагон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Ҷамъомадро Рашидзода Махфират – муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи корӣ ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Паём-роҳнамо ва дастури кории ҳар яки мо маҳсуб ёфта, дастурамалеро мемонад, ки дурнамои фаъолияти моро муайян мекунад. Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар гирифта талаботҳои асосии он- пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфтанд.
Пиров Абдукарим – мушовири кабинети методии шубаи маориф оид ба рушди соҳаи маорифи ноҳия, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва иҷрои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии рушди соҳаи маориф суханронӣ намуд.
Раҷабзода Оятулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳиязимни баромад қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дасгирӣ менамоем.
Азизова Басонат – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия диққати ҳозиринро нисбати ворид гардидани тағйироту иловаҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксарияти шаҳрвандони ноҳия ба муҳоҷират мераванд, ҷалб намуд.
Аз ҷумла, ба самъи иштирокдорон, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Давлатзода Раъно – мудири бахши кор бо занон ва оила зимни суханронӣ оид ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии оила, модару кӯдак ва мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат ба иштирокчиён аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод