Муҳоҷирати дохилӣ чист?
Муҳоҷирати дохилӣ ин раванди ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ инчунин мавсимии шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Барои танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.08.2014 № 532 Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз мавзеъҳои кўҳӣ, наздикўҳӣ ва ноҳияҳои зичии аҳолиашон зиёд ва камзамин ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон дар интихоби озодонаи ҷойи истиқомат, обод намудани заминҳои бекорхобида дар ноҳияҳои серзамин, инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бо истифодабарии захираҳои меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор, мусоидат намудан ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи муҳоҷирон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайрирасмӣ, таҳкими дўстӣ миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, ҷалби оилаҳои ҷавон ба барпо кардани инфраструктураи деҳот равона гардидааст.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдор ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) буда, ташкил ва назорати иҷрои корҳоро дар ин раванд тавассути сохторҳои тобеи худ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
Кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз як минтақа ба минтақаи дигар танҳо дар ҳолати мавҷуд будани кафолатномаи расмии тарафи қабулкунандаи муҳоҷирон доир ба ҷойгир кардан дар хонаҳои истиқоматӣ ва ё ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили зисти доимӣ, таъмини оби нўшокӣ, хизматрасонии тиббӣ, барқ, ҷойи корӣ барои ҳамаи аъзои оила, замонати ҳолати санитарии муносиб ва тибқи имкониятҳои мавҷудбуда барпо намудани иншооти иҷтимоӣ, метавонад амалӣ карда шавад. Кафолатномаи мазкурро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба унвони Хадамот пешниҳод менамоянд.
Муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) муташаккилона мувофиқи Нақшаи аз ноҳияҳои камзамини кўҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои партови ҷумҳурӣ ихтиёрӣ кўчонидани аҳолӣ барои давраи миёнамўҳлат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ташкил карда мешавад. Дар нақшаи мазкур, номгўи шаҳрҳо ё ноҳияҳои ирсолкунандаи муҳоҷирон, шаҳрҳо ё ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, теъдоди хоҷагии муҳоҷирон ва мўҳлати ташкили муҳоҷират нишон дода мешаванд. Теъдоди хоҷагиҳои муҳоҷирони кўчонидашаванда ба як шаҳр ё ноҳия (тарафи қабулкунанда) дар як сол набояд аз 200 адад зиёд бошад. Лоиҳаи Нақшаи миёнамўҳлати муҳоҷиратро Хадамоти муҳоҷират дар асоси пешниҳоди тарафи ирсолкунанда ва кафолатномаи расмии тарафи қабулкунанда таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Аз ҷумла, дар самти ба тартиб даровардани равнди муҳоҷирати дохилӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №521 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2021» қабул гардидааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур Хадамоти муҳоҷират як қатор корҳои амалисозиро рӯи даст гирифтааст.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои саривақтии қарори болозикр ва пешниҳоди рӯйхати аниқшудаи муҳоҷирони дохилӣ барои соли 2020, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 17 октябри соли 2019, №7/2515 мактуби расмӣ ирсол гардида, дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати дақиқи муҳоҷирони дохилӣ таҳия ва 29 январи соли 2020 аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Соли 2020 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарори замин тасдиқ гардида, 301 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд, ки ин 95%-и нақшаи солонаро ташкил дод.