Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёт қарор дорад.
Дар ин раванд солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ зиёд ба назар мерасанд, ки боиси нигаронист.
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Воқеан ҳам, ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад.
Махсусан дар баробари ифротгароӣ бегонапарастиву мазҳабгароӣ низ хавфу хатари зиёдеро ба бор меоранд.
Ин падидаҳои номатлуби аср на ба дину ойин ва на ба миллату мазҳаб ягон вобастагие надоранд.
Имрӯзҳо хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо талош доранд, ки бо иттилооти бардурӯғ ва ғаразнок мардуми ноогоҳ, бахусус ҷавононро ба доми худ бикашанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором созанд.
Бояд ҷавонон ва кулли ҷомеа бо нерӯи тоза ва созанда бар зидди равияҳои мазкур муборизаи беамон ва оштинопазир баранд.
Ин гурӯҳҳое, ки аз арзишҳои дини мубини Ислом ба коми худ ва ба таври худ чун ниқоб дар ҷодаи расидан ба манфиату ҳадафҳои хеш истифода менамоянд, ба қишри такондиҳандаву пешбарандаи ҷомеа – ҷавонон таъсир расонидани мешаванд.
Ҳамин тавр, иртиҷоҷӯиву экстремизм ва ҷудоиандозиву радикализм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон таъсири манфӣ расонида, душмани асосии рушду такомули ҷомеа ва инсон маҳсуб меёбанд.
Барои бартараф ва ё пешгирӣ намудани он, пеш аз ҳама, ба тарбияи хонаводагӣ ва мактабу маориф диққати махсус бояд дод.
Дар баробари ин, нагузорем, ки душманони миллат идеологияи ифротгароии хешро дар кишвари мо пиёда карда тавонанд.
Бояд итминони комил дошта бошем, ки ягон террорист ва экстремист ба мақсади ниҳоии худ бо чунин амалҳои зишт расида наметавонад ва мо зиракии сиёсиро аз даст надода, дар таълиму тарбия ва таъмини амнияти кишварамон нақши бориз дошта бошем.
Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират