Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон фаъолияти нуҳ моҳаашро ҷамъбаст кард

Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳ моҳаи фаъолияти раёсат, ки зери роҳбарии сардори Раёсат Зокирзода Қирғизбек баргузор гардид, дар он бурду бохти раёсат ва зерсохторҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори ҷаласа Хайриддин Маҳмадуллозода муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Зарафшон Раҳмонзода ширкат доштанд.

Зокирзода Қирғизбек вобаста ба фаъолияти нуҳ моҳаи раёсат ва зерсохторҳояш ба ҳозирин маълумот дод. Ба гуфти Зокирзода Қ. дар 9 моҳи соли равон аз вилояти Хатлон 158 ҳазору 783 нафар сокинони вилоят ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки 133 ҳазору 799 нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 49 ҳазору 445 нафар баргашта, ки аз ин 45,7 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Зокирзода ҳамчунин илова кард, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят баҳри баланд бардоштани малакаи касбии муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хоҳишмандонро ба омӯзиши касбҳои гуногун сафарбар мекунад.

Аз натиҷаи муроҷиат ва санҷиши сокинони вилоят маълум гардид, ки вуруди 3 ҳазору 331 нафар сокинони вилояти Хатлон ба қаламравӣ кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Россия манъ мебошад. Раёсат барои дарёфти ҷойи кор дар қаламрави маконҳои зисташон ба ин нафароне, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунанда манъ аст, чораҳои зарурӣ андешида бо ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 470 нафарашон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 276 нафараш бо ҷойи кори доимӣ, 251 нафар ба касбомӯзӣ, 47 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок , 880 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуда ба 16 нафар аз ҳисоби маблағҳои махсусси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои машғул шудан ба соҳибкорӣ қарзҳои бефоиз дода шудааст.

Раёсат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин давра ба 70 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар қаламрави вилоят иҷозатнома дода шудааст. Аз ҷумла, ба 48 нафар шаҳрвандони Чин, 2 нафар шаҳрвандони Шветсария, 12 нафар шаҳрвандони Испания, 7 нафар шаҳрвандони Эрон ва 1 нафар шаҳрванди Афғонистон иҷозаи кор дода шудааст.

Дар ҳудуди вилоят 38 субъекти хоҷагидор, ки дорои иҷозатномаи ҷалби мутахассисони хориҷиро доранд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ширкатҳо 625 нафар шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар ширкатҳои мазкур ҳамзамон 4 ҳазору 215 нафар сокинони маҳаллӣ аз ҷумла, 225 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунанда манъ аст фаъолият доранд. Агар ба таври қиёсӣ гирем кормандони ширкатҳои мазкур 85,2 ба 14,8 % ро ташкил медиҳад. Яъне 85,2% и кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил дода, аз ин 14,8 фисади дигарашро хориҷиён.

Бояд зикр кард, ки зимни гузаронидани санҷишҳо аз аввали сол 2 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои буду бош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи қонунгузорӣ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ва пешгирӣ аз экстремизму терроризм мутахасисони раёсат ва зерсохторҳои он мувофиқи нақшаи тартиб дода шуда, суҳбату вохӯриҳо бо мардум мунтазам гузаронида мешавад. Ҳамчунин тариқи ВАО мақолаю барномаҳо ва мусоҳибаҳо таъбу нашр ва пахш карда шудаанд.

Дар ин замина дар ҳамкори бо Созмони байналминалии муҳоҷират ба хотири пешгирӣ аз терроризму экстремизм дар шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шуд. Дар ин семинар аз ҳар шаҳру ноҳияҳо ҳудуди 20-22 нафарӣ ширкат доштанд.
Ғайр аз аз ин дар кори ҷаласа раванди муҳоҷирати дохилию экологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба гуфти Зокирзода Қирғизбек дар ин самт ҳарчанд корҳои зиёде ба анҷом расида бошад, ҳам вале то ҳол баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Ба роҳбарони шуъбаю бахшҳои раёсат супориш дода шуд, ки баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

Хайриддин Маҳмадуллозода муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират дар ҷамъбасти ҷаласа аз фаъолияти раёсат изҳори қаноатмандӣ карда баҳри беҳтар намудани сифати кор дастуру маслиҳатҳо дод.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо