Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар тавсияҳои муфид доданд. Он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд тавсия дода шуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд. Ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст.
Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
Очередная встреча с гражданами – трудовыми мигрантами в “Международном аэропорту города Душанбе”
В «Международном аэропорту города Душанбе» ответственные сотрудники центрального аппарата Миграционной службы и Управления Миграционной службы города Душанбе провели очередную встречу с гражданами – трудовыми мигрантами.
В ходе встречи с гражданами – трудовыми мигрантами обсуждались вопросы обеспечения постоянных рабочих мест для возвращающихся трудовых мигрантов на Родину, вовлечения их в языковую и профессиональную подготовку, подготовки к отъезду, предотвращения случаев вступления молодёжи в террористические и экстремистские партии и движения, похищений людей, ознакомления с новыми законами Российской Федерации о миграции, а также другие актуальные проблемы современности.
В частности, были даны полезные рекомендации тем, кто вернулся из трудовой миграции, по обеспечению их вакантными рабочими местами внутри страны. Тем, кто намеревается поехать в Российскую Федерацию, было рекомендовано, чтобы каждый трудовой мигрант, прежде всего, ознакомился с законами принимающей страны о трудовой миграции на время своего пребывания или работы в этой стране.
При поездке необходимо иметь при себе необходимые документы, такие как медицинская справка, справка об отсутствии инфекционных заболеваний, справка об отсутствии судимости и профессиональное свидетельство.
Тем, кто едет в Россию на работу, напоминаем, что перед поездкой необходимо пройти проверку паспортов по списку запрещенных лиц в структурах Миграционной службы и Представительства Федерального унитарного государственного учреждения (Паспортно-визовый сервис) Министерства внутренних дел Российской Федерации в Республике Таджикистан (ПВС), расположенного в здании Миграционной службы, поскольку контроль на границах Российской Федерации ужесточился.
Пресс-центр Миграционной службы

