Конвентсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо

Конвентсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо

(Бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  45/158 аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст)

 

 

МУҚАДДИМА

 

 

Давлатҳои иштироккунандаи ин Конвентсия бо назардошти  принсипҳое, ки  дар ҳуҷҷатҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвентсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои  табъизи нажодӣ, Конвентсия  дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои  табъиз нисбати занон ва Конвентсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак баён гардидаанд,

 

бо назардошти принсипҳо ва  стандартҳои дар ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки дар чорчӯбаи Ташкилоти байналхалқии меҳнат таҳия шудаанд, махсусан Конвентсия дар бораи коргарони муҳоҷир (№97), Конвентсия дар бораи сӯиистеъмолкуниҳо дар соҳаи муҳоҷират ва доир ба таъмини коргарони муҳоҷир бо имкониятҳою муносибати баробар (№143), дар Тавсияномаҳо оид ба коргарони муҳоҷир (№86), Тавсияномаҳо оид ба коргарони муҳоҷир (№151), дар Конвентсия оид ба кори маҷбурӣ ё ҳатмӣ (№29) ва Конвентсия дар бораи барҳам додани кори маҷбурӣ (№105) дарҷ гардидаанд,

 

бори дигар аҳамияти принсипҳоеро, ки дар Конвентсияи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг оид ба мубориза бо  табъиз дар соҳаи маориф дарҷ ёфтаанд, таъкид намуда,

 

бо ёдоварӣ аз Конвентсияи зидди шиканҷа ва дигар  намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Эъломияи Конгресси чоруми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо қонуншиканон, Кодекси рафтори шахсони мансабдор доир ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва Конвентсияҳо оид ба ғуломӣ,

 

бо ёдоварӣ аз он, ки яке аз вазифаҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат, мутобиқи Оинномаи он, ҳифзи манфиатҳои коргароне мебошад, ки хориҷ аз кишвари худ дар дигар кишварҳо кор мекунанд ва бо назардошти донишу таҷрибаи ин ташкилот дар масъалаҳои марбут ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо,

 

бо эътирофи аҳамияти коре, ки дар робита бо коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид анҷом дода шудааст, аз ҷумла дар Комиссияи ҳуқуқи  инсон ва Комиссияи рушди иҷтимоӣ, инчунин дар Ташкилоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва инчунин дар дигар созмонҳои байналхалқӣ,

 

инчунин бо эътирофи пешрафте, ки баъзе давлатҳо бар асоси муносибатҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар  бобати  ҳимояи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба даст овардаанд ва инчунин аҳамият ва судмандие, ки созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин соҳа доранд,

 

бо эҳсоси аҳамият ва миқёсҳои падидаи муҳоҷират, ки миллионҳо одамон ба он кашида шуда, фарогири шумораи қобили мулоҳизаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад,

 

бо назардошти таъсири ҷараёнҳои коргарони муҳоҷир ба давлатҳо ва шахсони дахлдор ва кӯшиши муқаррар сохтани меъёрҳое, ки барои мувофиқ гардондани мавқеи давлатҳо аз тариқи қабули принсипҳои асосии марбут ба муносибат бо коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, мусоидат карда метавонанд,

 

бо назардошти нозукии вазъияте, ки аксар вақт когарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар он қарор мегиранд, аз ҷумла, он ки онҳо дар давлати аслиашон нестанд ва ба душвориҳое мумкин аст рӯ ба рӯ шаванд, ки марбут ба иқоматашон дар давлати кори  кироя  мебошанд,

 

бо боварӣ ба он, ки ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо то ҳол дар ҳеҷ ҷо ба дараҷаи кофӣ эътироф нагардидааст ва аз ин рӯ ҳимояи лозимии байналхалқиро тақозо дорад,

 

бо дар назар гирифтани  ҳақиқате, ки муҳоҷират аксар вақт боиси мушкилоти ҷиддӣ барои аъзоёни оилаҳои коргарони муҳоҷир ва барои худи онҳо, махсусан, ба сабаби ҷудоӣ афтодан байни онҳо, мегардад,

 

бо назардошти он, ки мушкилоти гуманитарие, ки бо муҳоҷират алоқаманданд, дар ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ боз ҳам тезу тундтар мегарданд ва бо боварӣ ба он, ки дар робита бо ин зарур аст, ки ташвиқи фаъолиятҳои  дахлдор бо мақсади пешгирӣ кардан ва барҳам задани ҳаракат ва интиқолдиҳии ғайриқонунию махфиёнаи коргарони муҳоҷир ҳамзамон бо таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои асосии инсонии онҳо, ба роҳ монда шавад,

 

бо назардошти он, ки  коргарони дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ набуда, аксар вақт дар муқоиса бо коргарони дигар дар шароитҳои кории камтар мусоидаткунанда ба киро гирифта мешаванд ва ин баъзе корфармоёнро водор мекунад, ки чунин қувваи кориро бо мақсади фоида гирифтан аз рақобати ғайриодилона, ҷалб намоянд,

 

инчунин бо назардошти он, ки эътирофи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои асосии инсонии ҳамаи коргарони муҳоҷир ба киро гирифта шудани коргарони муҳоҷири мақоми доимӣ надошта халал хоҳад расонд ва инчунин ғайр аз он додани баъзе ҳуқуқҳои иловагӣ ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, ҳамаи муҳоҷирон ва корфармоёнро ба эҳтиром кардан ва риоя намудани қонунҳо ва тартиботи аз тарафи давлати дахлдор муқарраргардида, ташвиқ хоҳад кард,

 

бо боварӣ ба зарурати таъмин сохтани ҳимояи байналхалқии ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва бори дигар тасдиқ намудану муқаррар кардани меъёрҳои асосӣ дар Конвентсияи ҳамаро фарогиранда, ки мумкин аст татбиқи универсалӣ дошта бошад,

ба мувофиқати зерин расиданд:

 

 

ҚИСМИ I

Соҳаи татбиқ ва мафҳумҳо

 

Моддаи 1

 

Ин Конвентсия ба истиснои ҳолатҳое, ки чизи дигарро пешбинӣ мекунанд, дар муносибат ба ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо бе ҳеҷ як тафриқагузорӣ аз рӯи аломатҳои ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ва эътиқод, ақидаҳои сиёсӣ ё дигар ақидаҳо, баромади миллӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ,  амволӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна аломатҳои дигар қобили татбиқ мебошад.

 

  1. Ин Конвентсия дар давоми тамоми раванди муҳоҷирати коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо татбиқ мегардад, ки тайёрӣ ба муҳоҷират, сафар, транзит ва ҳамаи давраи иқомат ва фаъолияти бамуздро дар давлати кори кироя ва инчунин бозгашт ба давлати аслӣ ё давлати истиқомати муқаррариро дар бар мегирад.

 

Моддаи 2

           

Барои мақсадҳои ин Конвентсия:

 

Истилоҳи «коргари муҳоҷир» шахсеро ифода мекунад, ки ба фаъолияти бамузд дар давлате кор хоҳад кард, кор карда истодаст ё кор кардааст, ки шаҳрванди он намебошад.

 

  1. а) Истилоҳи «коргари наздисарҳадӣ» коргари муҳоҷиреро ифода мекунад, ки вай истиқоматгоҳи муқаррариашро дар давлати ҳамсоя нигоҳ дошта ва ба он одатан ӯ ҳар рӯз ё ҳадди аққал як бор дар як ҳафта бармегардад;
  2.  b) истилоҳи «коргари мавсимӣ» коргари муҳоҷиреро ифода менамояд, ки кораш аз рӯи хислати худ ба шароитҳои мавсимӣ вобаста буда ва танҳо дар давоми як қисми сол иҷро карда мешавад;

с) истилоҳи «баҳрнавард»,  ки моҳигиронро низ дар бар мегирад, коргари муҳоҷиреро ифода мекунад, ки барои кор дар киштие ба киро гирифта шудааст, ки он киштӣ дар давлате, ки ӯ шаҳрванди он нест, ба қайд гирифта шудааст;

  1.  d) истилоҳи «коргари дар дастгоҳи наздисоҳилии  cтатсионарӣ коркунанда» коргарони муҳоҷиреро ифода мекунад, ки барои кор дар дастгоҳи наздисоҳилие ба киро гирифта шудаанд, ки он дастгоҳ дар доираи ҳуқуқии давлате мебошад, ки онҳо шаҳрвандаш нестанд;

е) истилоҳи «коргаре, ки кораш ба тағйири макон кардан алоқаманд аст» коргари муҳоҷиреро ифода мекунад, ки одатан дар як давлат истиқомат карда, ба сабаби хислати кораш маҷбур аст ба давлат ё давлатҳои дигар ба муддати кӯтоҳ гузарад;

  1. f) истилоҳи «коргар дар лоиҳа», коргари муҳоҷиреро ифода мекунад, ки ба давлати кори кироя ба муддати муайян барои кор танҳо аз рӯи лоиҳаи муайян, ки дар ин давлат корфармои ӯ ба амал мебарорад, иҷозат дода шудааст;
  2. q) истилоҳи «коргари кирояи мақсаднок» ифодакунандаи коргари муҳоҷирест, ки:

i)аз тарафи корфармо ба муддати маҳдуд ё муайян ба давлати кори кироя барои иҷрои вазифаҳои  муайян фиристода шудааст; ё

ii)дар давоми давраи маҳдуд ва муайяни замон кореро иҷро мекунад, ки малакаҳои касбӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ё дигар малакаҳои махсусро талаб мекунад; ё

iii) бо хоҳиши корфармояш дар давлати кори кироя дар давоми давраи маҳдуд ва муайяни замон кореро иҷро мекунад, ки хислати муваққатӣ ё кӯтоҳмуддат дорад;

ва бояд давлати кори кирояро бо гузаштани вақти иҷозатшудаи иқомат ё пештар, тарк кунад, агар ӯ ин вазифаҳои мушаххасро дигар иҷро накунад ё ба ин кор машғул набошад;

  1. h) истилоҳи «коргаре, ки бо кироя кор намекунад» коргари муҳоҷиреро ифода мекунад, ки ба фаъолияти бо подош, ки аз кори кироя тафовут дорад, машғул буда, аз ҳисоби чунин фаъолият воситаи рӯзгузаронии худро таъмин месозад ва чун қоида, танҳо ё ҳамроҳи аъзоёни оилаи худ кор мекунад, инчунин ҳар кадом коргари муҳоҷири дигар, ки тибқи қонунгузории татбиқшавандаи давлати кори кироя ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамчун коргаре, ки бо кироя кор намекунад, эътироф гардида аст.

 

Моддаи 3

 

Ин Конвентсия нисбати шахсони зерин татбиқ намешавад:

а) нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳои байналхалқӣ равона карда шудаанд ё шахсоне, ки аз тарафи давлате ба хориҷ аз қаламрави он барои вазифаҳои расмӣ равона карда шудаанд ё ба киро гирифта шудаанд, ки иҷозатнома ва мақоми онҳо тавассути ҳуқуқи байналхалқии умумӣ ё созишномаҳои мушаххаси байналхалқӣ ё Конвентсияҳо танзим карда мешаванд;

  1. b) нисбат ба шахсоне, ки аз тарафи давлат ё аз номи он берун аз қаламрави он равона карда шудаанд ё ба киро гирифта шудаанд ва онҳо дар татбиқи барномаҳои тараққиёт ё дигар барномаҳои ҳамкорӣ иштирок карда, иҷозатнома ва мақоми онҳо тавассути созишномаи басташуда бо давлати кори кироя танзим карда мешавад ва тибқи ин созишнома онҳо коргарони муҳоҷир ба шумор намераванд;

с) нисбат ба шахсоне, ки дар давлати аслии худашон истиқомат намекунанд ва ба сифати сармоягузорон фаъолият мекунанд;

  1. d) нисбат ба гурезагон ва шахсони бе шаҳрвандӣ, агар чунин татбиқ дар қонунгузории дахлдори миллӣ ё ҳуҷҷатҳои байналхалқии нисбат ба Давлати-иштироккунандаи дахлдор амалкунанда, пешбинӣ нашуда бошад;

е) нисбат ба хонандагон ва коромӯзон;

  1. f) нисбат ба баҳрнавардон ва коргароне, ки дар дастгоҳҳои статсионарии наздисоҳилӣ кор карда,  барояшон   иҷозати   истиқомат кардан ва ба фаъолияти бомузд машғул шудан дар давлати кори кироя, дода нашудааст.

 

Моддаи 4

 

Барои  мақсадҳои  ҳамин  Конвентсия  истилоҳи  «аъзоёни оила» шахсонеро ифода мекунад, ки дар никоҳи коргари муҳоҷиранд ё бо онҳо муносибатҳое доранд, ки тибқи ҳуқуқи татбиқшаванда мумкин аст бо никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин фарзандон ва дигар шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд ва мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳои дахлдор, аъзоёни оила эътироф мешаванд.

           

Моддаи 5

 

Барои мақсадҳои ин Конвентсия коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо:

  1. a) дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ ба ҳисоб мераванд, агар барои вуруд, иқомат ва фаъолияти бомузд дар давлати кори кироя тибқи қонунгузории ин давлат ва созишномаҳои байналхалқие, ки ин давлат иштироккунандаи он аст, иҷозат гирифта бошанд;
  2. b) ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ надошта ба ҳисоб мераванд, агар онҳо ба шартҳои дар зербанди (а)- и ҳамин модда пешбинишуда ҷавоб надиҳанд.

 

Моддаи 6

 

Барои  мақсадҳои  ин  Конвентсия:

  1. a) истилоҳи «давлати аслӣ» давлатеро ифода менамояд, ки шахси дахлдор шаҳрванди он  мебошад;
  2. b) истилоҳи «давлати кори кироя» давлатеро ифода менамояд, ки дар он вобаста ба ҳолати муайян, коргари муҳоҷир бо фаъолияти бомузд машғул хоҳад шуд, машғул аст, ё машғул будааст;

с) истилоҳи «давлати транзит» ҳар кадом давлатеро ифода менамояд, ки аз тариқи он шахси дахлдор ҳангоми рафтан ба давлати кори кироя ё омадан аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё давлате, ки одатан истиқомат мекунад, мегузарад.

 

 

ҚИСМИ  II

Тафовут нагузоштан нисбати ҳуқуқ

 

Моддаи 7

 

Давлатҳои иштироккунанда ӯҳдадор мешаванд, ки  тибқи санадҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро, ки дар қаламрави онҳо ё таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо мебошанд ва дар ин Конвентсия пешбинӣ шудаанд, бе ҳеҷ гуна тафовутгузорӣ чи нисбат ба ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин, эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, амволӣ, оилавӣ ва табақавӣ ва чи ҳар гуна аломати дигар, эҳтиром намуда, таъмин  намоянд.

 

 

ҚИСМИ  III

Ҳуқуқи инсонии  ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо

 

Моддаи 8

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо метавонанд ҳар кадом давлат, аз ҷумла давлати аслии худро тарк намоянд. Ин ҳуқуқ набояд мавриди ҳеҷ гуна маҳдудият қарор дода шавад, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонун бинобар зарурати ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқии ҷомеа (аҳолӣ) ё ҳуқуқу озодиҳои дигарон пешбинӣ менамояд ва бо дигар ҳуқуқҳои дар ин қисми Конвентсия эътирофшуда созгор мебошанд.

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ҳар вақт ба давлати аслии худ ворид шаванд ва дар он ҷо монанд.

 

Моддаи 9

 

Ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро ба ҳаёт қонун ҳимоя мекунад.

 

Моддаи 10

 

Коргари муҳоҷир ва узви оилаи ӯ набояд мавриди шиканҷа ё муомила ё ҷазодиҳии   бераҳмонаю ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи онҳо қарор дода шаванд.

 

Моддаи 11

 

Коргари муҳоҷир ва узви оилаи ӯ набояд дар ғуломӣ ва ё  ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шаванд.

Коргари  муҳоҷир  ва узви оилаи ӯ набояд ба  кори маҷбурӣ ё ҳатмӣ ҷалб карда шаванд.

Дар он давлатҳое, ки барои ҷиноят мумкин аст маҳрумкунӣ аз озодӣ бо ҷалб ба корҳои пурмашаққат пешбинӣ карда шавад, банди 2 барои иҷро намудани корҳои пурмашаққат, ки бо ҳукми  суди босалоҳият бароварда шудааст, монеа ба шумор намеравад.

Барои  мақсадҳои ин модда истилоҳи « кори маҷбурӣ ё ҳатмӣ» нуқтаҳои зеринро дар бар  намегирад:

а) ҳар  кадом  кор  ё хизмати дар банди 3 ҳамин модда номбар нашуда, ки одатан шахси дар маҳбас буда бар асоси  қарори қонунии суд, ё шахси шартан аз чунин маҳбас озодшуда, бояд иҷро намояд;

  1. b) ҳар кадом хизмат, ки дар мавридҳои вазъияти фавқуллода ё офатҳои табиии ба ҳаёт ё некӯаҳволии ба ҷомеа таҳдидкунанда, ҳатмӣ мебошад;

с) ҳар  кадом кор ё хизмате, ки вазифаи оддии шаҳрванд мебошад, агар шаҳрвандони ҳамин давлат низ ба онҳо ҷалб карда шаванд.

 

Моддаи 12

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба озодии фикр, виҷдон ва  дин  ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ  аз озодии доштан ё қабул кардани дин ё эътиқоде бо интихоби худ ва озодии пайравӣ кардан аз дин ё ақидаи худ чи ба танҳоӣ ва чи дар якҷоягӣ бо дигарон, ба тарзи оммавӣ ё хусусӣ,  ибодат намудан, иҷро намудани маросиму таълимоти динӣ ва анъанавӣ иборат аст.

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо набояд мавриди маҷбуркунӣ қарор дода шаванд, ки он боиси маҳдуд кардани онҳо дар доштан ё бо ихтиёри худ қабул кардани дин ё ақидае гардад.

Озодии пайравӣ аз дин ё ақида фақат бо маҳдудиятҳое ҷоиз аст, ки онҳоро қонун муқаррар карда аст ва барои ҳифзи амнияти  ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқу ҳуқуқу озодиҳои асосии шахсони дигар зарур мебошанд.

Давлатҳои иштироккунандаи ин Конвентсия ӯҳдадор мешаванд, ки озодии волидон ва дар ҳолатҳои зарурӣ парасторҳои қонуниро, ки яке аз онҳо коргари муҳоҷир аст, барои тарбияи динию ахлоқии фарзандонашон мувофиқи эътиқоди худашон эҳтиром кунанд.

 

Моддаи 13

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд бе мамониат нуқтаи назари худро дошта бошанд.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои озодона баён кардани нуқтаи назари худ ҳуқуқ доранд; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ кардан, гирифтан ва паҳн намудани ҳар гуна иттилоот ва ғояро новобаста ба ҳудудҳои давлатӣ, даҳонӣ, хаттӣ, тавассути матбуот ё дар шакли ифодаи бадеӣ, ё ба тарзҳои дигар бо интихоби худ, дар бар мегирад.

 

Истифода бурдан аз ҳуқуқе, ки дар банди 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, вазифа ва масъулиятҳои махсусро пеш мегузорад. Аз ҳамин сабаб, мумкин аст ин ҳуқуқ дучори баъзе маҳдудиятҳое шавад, ки ҳатман, бояд тавассути қонун муқаррар  шуда ва  зарурӣ бошанд:

 

а)   ҷиҳати эҳтиром намудани ҳуқуқ ва обрӯи шахсони дигар;

  1. b) ҷиҳати ҳифзи амнияти миллии давлатҳои дахлдор, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ;

с)   бо мақсади пешгирӣ кардани ҳама гуна ташвиқоти ҷанг;

  1. d) бо мақсади пешгирӣ кардани ҳама гуна баромадҳо ба манфиати адовати миллӣ, нажодӣ ё динӣ, ки аз иғвоҳои тафриқаандозӣ, душманӣ ва зӯроварӣ иборат мебошад.

 

Моддаи 14

 

Коргари муҳоҷир ва узви оилаи ӯ набояд мавриди дахолати худсарона ва ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, сӯиқасди худсаронаву ғайриқонунӣ ба дахлнопазирии манзил, ё мукотибаи маҳрамона, ё шаклҳои дигари алоқаи ӯ, ё сӯиқасдҳои ғайриқонунӣ ба шарафу эътибори ӯ қарор гиранд. Њар як коргари муҳоҷир ва узви оилаи ӯ ба ҳимояи қонун аз чунин дахолатҳо ё чунин сӯиқасдҳо ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 15

 

Коргари муҳоҷир ва узви оилаи ӯро аз молу мулки фардие, ки доранд ё ҳамроҳи  шахсони дигар соҳиби он мебошанд, худсарона маҳрум кардан мумкин нест. Дар ҷое, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи давлати кори кироя дороиҳои коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ пурра ё қисман мусодира карда мешаванд, шахси   дахлдор ба ҷуброни одилона ва муносиб ҳуқуқ  дорад.

 

Моддаи 16

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ доранд.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба ҳимояи самарабахши давлат аз зӯроварӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, таҳдид ва тарсондан чи аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ва чи аз тарафи шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ё муассисаҳо, ҳуқуқ доранд.

 

Ҳар гуна тафтиши шахсияти коргарони муҳоҷир ё аъзоёни оилаҳои онҳо  аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба амал бароварда мешавад.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро худсарона танҳо ё якҷоя бо дигарон ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест; онҳо набояд бар асосҳои дигар ва ғайри тартиботе, ки қонун муқаррар кардааст, аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

 

Ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба ҳабс гирифта мешаванд, дар лаҳзаи ба ҳабс гирифтан ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи сабабҳои ба ҳабс гирифтанашон ва бе таъхир, ба забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи ҳама гуна айбдоркуниҳое, ки нисбат ба онҳо ҳаст, хабар расонида мешавад.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки бо айби содир кардани ҷиноят мавриди ҳабс ва ё боздошт қарор мегиранд, бе таъхир ба назди судя ё шахси мансабдори дигар, ки аз рӯи қонун ваколати ҳокимияти судиро дошта барои тафтишоти судӣ дар муддати маъқул ё озодкунӣ ҳуқуқ дорад, оварда мешаванд. Нигоҳ доштани онҳо дар маҳбас дар интизории суд қоидаи умумӣ ба шумор намеравад, аммо озодкунии онҳо мумкин аст ба додани кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба таҳқиқоти судӣ дар ҳар кадом марҳилаи дигари он ва дар мавриди зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукм, вобаста карда шавад.

 

Дар ҳолати ба ҳабс гирифтан ё зиндонӣ кардан, ё то суд дар ҳабс нигоҳ дошта шудан ва ё ба ин ё он шакл боздошт шудани коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ:

 

а) ба муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии ӯ ё давлате, ки аз манфиатҳои ин давлат намояндагӣ мекунад, агар ӯ дар ин хусус хоҳиш кунад, фавран хабари ба ҳабс гирифтан ё боздошт шудан ва сабабҳои онҳо, расонида мешавад;

  1. b) шахси дахлдор ҳуқуқ дорад, ки ба муассисаҳои номбурда тамос гирад. Ҳар кадом хабари шахсони дахлдор, ки ба муассисаҳои номбурда фиристода мешавад, фавран ба маълумоташон расонида мешавад ва боздоштшудагон низ ҳуқуқ доранд, ки хабари аз муассисаҳои номбурда фиристодашударо бетаъхир гиранд;

с) ба шахси дахлдор дар бораи ин ҳуқуқ ва ҳуқуқҳое, ки аз ҳар кадом шартномаҳои дахлдор бармеоянд, агар онҳо дар муносибати байни давлатҳои дахлдор қобили татбиқ бошанд, дар хусуси мукотиба кардан ва мулоқот кардан бо намояндагони муассисаҳои номбурда ва шартнома бастан бо онҳо доир ба намояндагӣ кардан аз ҳуқуқҳои шахси  дахлдор фавран хабар дода мешавад.

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба сабаби ба ҳабс гирифта шудан ё боздошт шудан аз озодӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки дар суд парванда оғоз кунанд, то ки ин суд тавонад бетаъхир дар бораи қонунӣ будани боздошти онҳо қарор барорад ва агар боздошт ғайриқонунӣ бошад, дар хусуси озод карда шудани онҳо дастур диҳад. Дар мавриди иштироки онҳо дар чунин таҳқиқот онҳо аз хизмати тарҷумони шифоҳӣ (даҳонӣ) дар ҳолати зарурат бепул истифода мебаранд, агар онҳо забони истифодашавандаро нафаҳманд ё бо он гап зада натавонанд.

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки аз ҳабс ва боздошти ғайриқонунӣ ҷабр дидаанд, барои ҷуброни он ҳуқуқе доранд, ки бо муҷозоти ҳуқуқӣ тақвият дода мешавад.

 

Моддаи 17

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба муомилаи башардӯстона ва эҳтироми шараф, ки мансуб ба шахсияти инсонӣ ва хоси мардуми маданӣ мебошад, ҳуқуқ доранд.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки айбдор карда мешаванд, ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, аз шахси маҳкумшуда ҷудо карда шуда ба онҳо режими алоҳидаи мувофиқ бо мақоми шахсони маҳкумнашуда дода мешавад. Айбдоршавандагони ноболиғ аз болиғон ҷудо карда шуда ва парвандаи онҳо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат таҳқиқ карда мешавад.

 

Коргари муҳоҷир ва  узви оилаи ӯ, ки дар давлати транзит ё дар давлати кори кироя барои вайрон кардани муқаррарот дар бораи муҳоҷират боздошт шудааст, ба қадре ки амалан имкон дорад, аз шахсони маҳкумшуда, ё шахсони дар интизории суд дар ҳабс нигоҳдошташаванда, ҷудо нигоҳ дошта мешавад.

 

Дар ҳар кадом давраи мувофиқи ҳукми баровардаи суд дар зиндон будан, мақсади асосии муомила бо коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ аз нав тарбия кардан ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ  офият кардани ӯ мебошад. Ҷинояткорони хурдсол аз калонсолон ҷудо карда шуда барои онҳо муомилаи муносиб ба синну сол ва мақоми ҳуқуқиашон фароҳам оварда мешавад.

 

Дар вақти боздошт шудан ё зиндонӣ будан коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз ҳуқуқи якхела бо шаҳрвандони ин давлат барои  дидорбинӣ бо аъзоёни оилаҳои худ истифода мебаранд.

 

Дар ҳар кадом ҳолат, вақте ки коргари муҳоҷир аз озодӣ маҳрум мешавад, мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор мушкилотеро, ки мумкин аст аъзоёни оилаи ӯ, аз ҷумла ҳамсар ва кӯдакони хурдсол бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд, ба эътибор мегиранд.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, агар  мувофиқи қонуни дар давлати кори кироя ё давлати транзит амалкунанда гирифтори ягон шакли боздошт ё зиндон шуда бошанд, онҳо аз худи ҳамон ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки шаҳрвандони ин давлатҳо дар вазъияти ба он монанд доранд.

 

Агар коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ бо мақсади муайян кардани вайронкунии ин ё он муқаррароти оид ба муҳоҷират боздошта шавад, дар ин ҳол ӯ ҳеҷ гуна хароҷоти ба ин амал алоқамандро ба ӯҳда надорад.

 

Моддаи 18

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба баробарӣ бо шаҳрвандони давлати дахлдор дар судҳо ва судҳои ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Њангоми муайян намудани ҳар гуна айбдоркуниҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо ё ҳуқуқу вазифаҳои онҳо дар рафти мурофиаи судӣ, онҳо барои муҳокимаи одилона ва дар ҳузури умум, ки аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисдодашуда сурат мегирад, ҳуқуқ  доранд.

 

  1. Нисбат ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба содир кардани ҷиноят айбдор карда мешаванд, фарзияи беайб будан татбиқ карда мешавад, то замоне ки мувофиқи қонун айбдор буданашон исбот нагардад.

 

  1. Ҳангоми ба онҳо пешниҳод кардани ҳама гуна айбдоркунии ҷиноятӣ, коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба кафолатҳои зерини ҳадди аққал ҳуқуқ доранд:

 

а) фавран ба таври муфассал маълумот гирифтан ба забоне, ки онҳо мефаҳманд, дар бораи хусусият ва асосҳои айбдоркуниҳои ба онҳо пешниҳодгарданда;

  1. b) вақт ва имкониятҳои кофӣ доштан барои омода кардани ҳимояи худ ва мулоқот бо адвокате, ки худи онҳо интихоб мекунанд;

с) бе таъхири беузр  суд  карда  шудан;

  1. d) дар ҳузури худашон барпо гардидани суд ва худро шахсан ё ба воситаи адвокате, ки худи онҳо интихоб мекунанд, ҳимоя кардан; маълумот гирифтан дар бораи ин ҳуқуқ, агар онҳо адвокат надошта бошанд ва дар ҳар ҳолат истифода бурдан аз хидмати адвокате, ки онҳо таъин намудаанд, вақте ки манфиатҳои адолати судӣ онро талаб мекунад ва беподош дар ҳар яке аз ин ҳолатҳо, вақте ки онҳо барои пардохти чунин хизматҳо маблағи кофӣ надошта бошанд;

е) шоҳидони зидди онҳо шоҳидӣ додаро пурсуҷӯ карда ё ҳуқуқ доштан барои ин, ки он шоҳидон пурсида шаванд ва ҳуқуқ доштан барои даъват кардану пурсуҷӯ кардани шоҳидон бо ҳамаи шароите, ки барои шоҳидони зидди онҳо шоҳидидиҳанда мавҷуданд;

  1. f) истифода бурдан аз ёрдами бепули тарҷумон, агар онҳо забонеро, ки дар суд ба кор меравад, нафаҳманд ё бо он забон гап назананд;
  2. q) барои шоҳидӣ додан муқобили худ ё эътироф кардани гуноҳи худ маҷбур накардан.

 

  1. Нисбат ба ноболиғон мурофиа бояд тарзе сурат гирад, ки синну соли онҳо ва мувофиқи матлаб будани мусоидат барои тарбия, ба эътибор гирифта шавад.

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки маҳкумкунӣ ва ҳукми онҳо аз тарафи мақомоти болоии судӣ мувофиқи қонун аз нав баррасӣ гардад.

 

  1. Агар коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ бо қарори ниҳоӣ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ва агар ҳукми барои ӯ бароварда бар асоси он, ки кадом як ҳолати нав ё нав ошкоршуда мавҷуд будани хатои судиро бе шакку шубҳа исбот менамояд, баъдтар бекор карда шуда бошад ё авф карда шуда бошад, он гоҳ шахсе, ки дар натиҷаи чунин маҳкумкунӣ ҷазо дидааст, мувофиқи қонун ҷубронпулӣ мегирад, агар исбот карда нашавад, ки ҳолати номаълуми мазкур фақат ё қисман бо айби шахси дахлдор сари вақт ошкор карда нашудааст.

 

  1. Коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯро дубора суд кардан ё ҷазо додан барои ҷинояте, ки ӯ мувофиқи қонун ва ҳуқуқи ҷиноятиву мурофиавии давлати дахлдор ба тарзи ниҳоӣ маҳкум ё сафед карда шуда буд, мумкин нест.

 

Моддаи 19

 

  1. Коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯро дар натиҷаи ягон амал ё бефаъолиятӣ, ки мувофиқи қонунгузории дар лаҳзаи содир кардан амалкунандаи дохилидавлатӣ ё ҳуқуқи байналхалқӣ ҷиноят ҳисоб карда нашавад, ба содир кардани ҷиноят айбдор донистан мумкин нест; ҳамчунин ҷазои вазнинтар аз он, ки дар лаҳзаи содиркунии он татбиқ карданаш воҷиб буд, таъин кардан мумкин нест. Агар баъди содир кардани қонуншиканӣ ҷазои нисбатан сабуктарро қонун муқаррар намояд, он гоҳ амали ин қонун ба ӯ  қобили татбиқ мешавад.

 

  1. Ҳангоми баровардани ҳукм барои қонуншикание, ки коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ содир кардааст, мулоҳизаҳои башардӯстонаи марбут ба мақоми коргарони муҳоҷир, аз ҷумла ҳуқуқи истиқомат кардан ё кор ёфтан, бояд ба эътибор гирифта шаванд.

 

Моддаи 20

 

  1. Коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ фақат бар асоси он, ки ягон ӯҳдадориро аз рӯи қарордод иҷро накардааст, набояд ба ҳабс гирифта шавад.

 

  1. Коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯро фақат бар асоси он, ки ӯҳдадории аз шартномаи меҳнатӣ барояндаро иҷро накардааст, аз иҷозатномаи истиқомат  гирифтан, кор  ёфтан маҳрум сохтан, ё хориҷ кардан, мумкин нест, агар иҷрои чунин ӯҳдадорӣ яке аз шартҳои гирифтани чунин иҷозатнома набошад.

 

Моддаи 21

 

Њеҷ кас ғайр аз шахси мансабдори давлатӣ, ки қонун ба ӯ салоҳиятҳои дахлдор додааст, наметавонад аз рӯи қонун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи ворид шудан ё иқомат кардан, истиқомат кардан ё сокин шудан дар қаламрави миллӣ,   ё иҷозатномаи корро мусодира намояд, нобуд созад, ё кӯшиши  нобуд  кардан намояд. Њеҷ гуна мусодираи иҷозатдодашудаи чунин ҳуҷҷатҳо бе додани баённомаи муфассал набояд ба амал бароварда шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба нобуд кардани шиноснома ё ҳуҷҷати ба он монанди коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ, роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 22

 

  1. Ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо тадбирҳои хориҷкунии дастҷамъона татбиқ карда намешавад. Њар як ҳолати хориҷ кардан ба тартиби ҷудогона баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад.

 

  1. Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз қаламрави Давлати иштироккунанда фақат бо мақсади ба иҷро расонидани қароре, ки мақоми салоҳиятдор мувофиқи қонун қабул  кардааст, мумкин аст хориҷ карда шаванд.

 

  1. Чунин қарор ба маълумоти онҳо ба забоне, ки онҳо мефаҳманд, расонида мешавад. Дар он мавридҳое, ки ин хусусияти ҳатмӣ надошта бошад, бо хоҳиши онҳо қарор ба маълумоти онҳо дар шакли хаттӣ расонида мешавад ва дар ҳолате ки шароити истисноии марбут ба манфиатҳои амнияти давлатӣ вуҷуд надошта бошад, сабабҳои қабул карда шудани чунин қарор низ хабар дода мешаванд. Шахсони манфиатдор то баровардан ё ақалан, ҳангоми баровардани қарор, аз ин ҳуқуқҳо огоҳ карда мешаванд.

 

  1. Ба истиснои ҳолатҳое ки қарори ниҳоиро мақомоти судӣ мебароранд, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд далелҳоро муқобили хориҷ карда шуданашон пешниҳод кунанд ва аз нав дида баромадани парвандаашонро аз тарафи мақоми салоҳиятдор талаб намоянд, агар манфиатҳои олии амнияти давлатӣ ғайри онро тақозо накунанд. То чунин аз нав дида баромадан, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд дар бораи боздошта шудани қарор дар хусуси хориҷкунӣ, илтимоснома пешниҳод кунанд.

 

  1. Агар қарори ба иҷро расонидашуда дар хусуси хориҷ кардан, баъдтар бекор карда шавад, шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд дар бораи ҷуброн кардан тибқи қонун, илтимоснома пешниҳод намоянд ва истифодаи қарори пештар қабулшуда бо мақсади монеа сохтан барои такроран ба ҳамин давлат ворид шудани онҳо мумкин нест.

 

  1. Дар ҳолати хориҷ карда шудан ба шахсони дахлдор пеш аз баромадан ё баъди баромадан имконияти муносиб барои ҳаллу фасл кардани ҳар гуна даъвоҳои марбут ба музди кор ё дигар маблағҳое, ки бояд ба онҳо пардохта шаванд ва низ ҳар кадом ӯҳдадориҳои ба иҷро нарасида, дода мешавад.

 

  1. Бе зиён расондан ба иҷрои қарор дар хусуси хориҷ кардан, коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ, ки ин қарор нисбати вай татбиқ меёбад, метавонад барои ворид шудан ба давлати дигар, ғайри давлати аслиаш иҷозат пурсад.

 

  1. Дар ҳолати хориҷ карда шудани коргари муҳоҷир ё узви оилаи  ӯ хароҷоти марбут ба хориҷ карданро ба дӯши худ намегирад. Ба шахси  дахлдор мумкин аст талабе пешниҳод гардад, ки хароҷоти сафари худро пардозад.

 

  1. Худи хориҷ кардан аз давлати кори кироя ба ҳуқуқҳои коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ, ки мувофиқи қонунҳои ин давлат ба даст оварда шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани музди кор ва маблағҳое, ки бояд ба ӯ пардохта шаванд, зиёне намерасонад.

 

Моддаи 23

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳангоме ки ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия эътирофшуда вайрон карда мешаванд, ҳуқуқ доранд, ки аз тарафи муассисаҳои консулӣ ё дипломатии давлати аслии худ ё давлате, ки манфиатҳои ин давлатро намояндагӣ мекунад, ҳимоя ва кӯмак гиранд. Аз ҷумла, дар ҳолати хориҷ карда шудан шахси дахлдор фавран дар бораи ин ҳуқуқ хабардор карда мешавад ва мақомоти ҳокимияти давлати хориҷкунанда барои ба амал баровардани ин ҳуқуқ мусоидат менамояд.

 

Моддаи 24

 

Ҳар кадом коргари муҳоҷир ва ҳар кадом узви оилаи коргари муҳоҷир дар ҳама ҷо ҳуқуқ доранд, ки субъекти ҳуқуқӣ будани онҳо эътироф карда шавад.

 

Моддаи 25

 

  1. Коргарони муҳоҷир аз муомилаи на камтар мусоидаткунандае истифода мебаранд, ки нисбат ба шаҳрвандони давлати кори кироя дар масъалаҳои подошдиҳӣ ва :

 

а) дигар шароити кор, яъне: вақти изофакорӣ, вақти корӣ, истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатиҳои бопул, бехатарӣ, нигоҳдории тандурустӣ, қатъи муносибатҳои байниҳамдигарии корӣ ва ҳама гуна шароити кории дигар, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия ин мафҳум  татбиқ меёбад;

  1. b) шароити дигари шуғл, яъне: ҳадди аққали синни шуғл, маҳдудияти кори хонагӣ ва дигар ҳар кадом масъалаҳое, ки мувофиқи қонунҳои миллӣ ва амалия шароити шуғл ба ҳисоб мераванд, татбиқ меёбанд.

 

  1. Амал кардан бар хилофи принсипи муносибати баробар, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтааст, аз ҷумла дар қарордодҳои кирояи хусусӣ, ғайриқонунӣ мебошад.

 

  1. Давлатҳои иштироккунанда барои таъмини он, ки коргари муҳоҷир ҳеҷ як ҳуқуқеро, ки аз ин принсип бармеояд, ба сабаби ягон номувофиқатӣ дар мақоми иқомат ё шуғли онҳо рӯй медиҳад, аз даст надиҳад, тамоми чорабиниҳои лозимиро меандешанд. Аз ҷумла, корфармоён аз ягон ӯҳдадории ҳуқуқӣ ё қарордодӣ озод карда намешаванд ва ӯҳдадориҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ бинобар чунин номувофиқатӣ маҳдуд нахоҳанд шуд.

 

Моддаи 26

 

Давлатҳои иштироккунанда ҳуқуқҳои зерини коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро эътироф мекунанд:

 

а) иштирок кардан дар маҷлисҳо ва чорабиниҳои иттифоқҳои касаба ва ҳар гуна иттиҳодияҳои дигар, ки мувофиқи қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ва бо итоат кардан танҳо ба қоидаҳои ташкилоти дахлдор, таъсис дода шудаанд;

  1. b) озодона дохил шудан ба ҳар кадом иттифоқҳои касаба ва ҳар кадом иттиҳодияҳои дар боло номбаршуда, бо итоат кардан танҳо ба қоидаҳои ташкилоти дахлдор;

с) муроҷиат кардан барои ёрӣ ва дастгирӣ ба ҳар кадом иттифоқи  касаба ва ҳар кадом иттиҳодияи дар боло номбаршуда.

 

  1. Барои татбиқи ин ҳуқуқҳо ҳеҷ гуна маҳдудият гузоштан мумкин нест, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ намуда ва дар ҷомеаи демократӣ барои таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.

 

Моддаи 27

 

Он чи ки марбут ба таъмини иҷтимоӣ аст, коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар давлати кори кироя аз ҳуқуқҳои баробар бо шаҳрвандони он давлат ба дараҷае, ки онҳо иҷрои талаботи дар қонунгузории амалкунандаи ин давлат пешбинишуда ва шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи мавриди амалро таъмин месозанд, истифода мебаранд. Мақомоти салоҳиятдори давлати аслӣ ва давлати кори кироя ҳар вақт метавонанд тартиботи заруриро барои муайян намудани шароитҳои татбиқи ин меъёр муқаррар созанд.

 

Дар мавридҳое, ки қонунгузории амалкунанда барои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқи ёрии моддиро пешбинӣ накунад, давлатҳои дахлдор имконияти ба шахсони манфиатдор ҷуброн кардани маблағҳои супурдаи онҳо, ки дар робита бо ин ёрии моддӣ анҷом дода шудааст, бар  асоси баробарии  муносибат бо шаҳрвандони давлати дахлдор, баррасӣ мекунанд.

 

Моддаи 28

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои гирифтани ҳар гуна ёрии тиббӣ, ки барои ҳифзи ҳаёт ё пешгирии зиёни ҷуброннопазири ба саломатии онҳо тахдидкунанда бениҳоят зарур аст, бар асоси баробарӣ бо шаҳрвандони давлати дахлдор, ҳуқуқ доранд. Ба онҳо расондани чунин ёрии тиббии таъҷилиро бинобар ягон тағйироте, ки марбут ба иқомат ё шуғли онҳо мебошад, рад кардан мумкин нест.

 

Моддаи 29

 

Њар кадом кӯдаки коргари муҳоҷир барои ном гирифтан, сабти таваллуд ва шаҳрванд шудан ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 30

 

Њар кадом кӯдаки коргари муҳоҷир ҳуқуқи асосӣ ба таълимро бар асоси муносибати баробар бо шаҳрвандони давлати дахлдор дорад. Ба муассисаҳои томактабии таълимии давлатӣ ё мактабҳо рафтанро иҷозат надодан ё маҳдуд кардан ба сабаби мавҷуд набудани мақоми собити марбут ба иқомат ё шуғли ҳар кадоме аз волидон, ё ба сабаби набудани мақоми собити марбут ба иқомати чунин кӯдак дар давлати кори кироя, мумкин нест.

 

Моддаи 31

 

Давлатҳои иштироккунанда эҳтироми хусусиятҳои фарҳангии коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро таъмин сохта ва барои робитаҳои фарҳангиро бо давлати аслиашон ҳифз намудан монеъ намешаванд.

 

Давлатҳои иштироккунанда метавонанд бо мақсадҳои кӯмак расондан ва мусоидат намудан ба кӯшишҳо дар ин самт тадбирҳои лозимиро андешанд.

 

Моддаи 32

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо анҷом ёфтани иқоматашон дар давлати кори кироя ҳуқуқ доранд, ки маблағҳову пасандозҳои худро мувофиқи қонунгузории давлати дахлдор  интиқол диҳанд ва молу ашёи шахсии худро берун баранд.

 

Моддаи 33

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ки аз давлати аслӣ, давлати кори кироя ё давлати транзит вобаста ба шароит, маълумоти марбут ба:

 

а) ҳуқуқҳояшон, ки аз ин Конвентсия бармеояд;

 

  1. b) шароитҳои иқомат, ҳуқуқу вазифаҳои онҳо тибқи қонун ва амалияи ҷорӣ дар давлатҳои дахлдор ва инчунин дигар масъалаҳое, ки имкони риояи тартиботи расмии маъмурӣ ва ғайраро дар ин давлат барояшон фароҳам меорад, ба даст оваранд.

 

  1. Давлатҳои иштироккунанда тамоми тадбирҳоеро, ки онҳо мувофиқи мақсад медонанд, меандешанд, то маълумоти номбурда паҳн карда шавад ё пешниҳоди он ба корфармоён, иттифоқҳои касаба ё мақомоту муассисаҳои дигари дахлдор, таъмин карда шавад. Дар мавриди зарурӣ онҳо бо дигар давлатҳои манфиатдор ҳамкориҳо анҷом медиҳанд.

 

  1. Чунин маълумоти комилан мувофиқ ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо хоҳиши онҳо бепул ва ба қадри имкон бо забоне, ки онҳо фаҳмида метавонанд, пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 34

 

Њеҷ чиз дар ин қисми Конвентсия  коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро аз ҳатман риоя намудани қонунҳо ва қоидаҳои ҳар кадом давлати транзит ва давлати кори кироя, ё аз вазифаи эҳтиром  намудани хусусиятҳои фарҳангии сокинони чунин давлатҳо, озод намесозад.

 

Моддаи 35

 

Ҳеҷ чиз дар ин қисми Конвентсия набояд чун дарназардорандаи муқаррарсозии мақоми доимӣ барои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ надоранд, ё ягон ҳуқуқе барои гирифтани чунин мақоми доимӣ, тафсир карда шавад. Њамчунин набояд барои иҷрои тадбирҳое, ки ба фароҳам овардани шароити муносиб ва одилонаи муҳоҷирати байналхалқӣ тибқи муқаррароти қисми VI ҳамин Конвентсия нигаронида шудаанд, монеъ гардад.

 

 

ҚИСМИ IV

Дигар ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ мебошанд

 

Моддаи 36

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки дорои ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ дар давлати кори кироя мебошанд, ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки дар қисми III муқаррар шудаанд, ҳуқуқҳоеро истифода мебаранд, ки дар ин қисми Конвентсия муқаррар мегарданд.

 

Моддаи 37

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд аз тарафи давлати аслӣ ё давлати кори кироя вобаста ба ҳолати муайян, ҳанӯз то сафар кардан ё аз ҳама дертар ҳангоми ворид шудан ба давлати кори кироя дар бораи тамоми шароитҳои иҷозати онҳо, ва аз ҷумла дар бораи тамоми шароитҳои  иқомат ва  фаъолияти бомузд, ки онҳо метавонанд машғул шаванд, инчунин доир ба талаботе, ки онҳо   дар давлати кори кироя бояд риоя кунанд ва мақомоте, ки онҳо бо мақсади ягон дигаргуние дар ин шароитҳо бояд муроҷиат кунанд, пурра огоҳ  карда шаванд.

 

Моддаи 38

 

Давлатҳои кори кироя тамоми кӯшишро ба харҷ  медиҳанд, то ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо иҷозат диҳанд, ки бе зиёни барои иҷозатномаи иқомат ё иҷозатномаи кор, вобаста ба мавриди муайян, муваққатан ғоиб бошанд. Дар ин ҳолат давлатҳои кори кироя эҳтиёҷоти махсус ва ӯҳдадориҳои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро, ба хусус дар давлатҳои аслӣ, ба эътибор мегиранд.

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар бораи шароитҳои дода шудани чунин иҷозатнома барои муваққатан ғоиб будан, маълумоти пурра дошта бошанд.

 

Моддаи 39

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз ҳуқуқҳои озодона ҳаракат кардан дар қаламрави давлати кори кироя ва интихоби озодонаи ҷои истиқомат дар он, истифода мебаранд.

 

Он чи дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтааст, мавриди ҳеҷ гуна маҳдудкунӣ қарор намегирад, ба ғайр аз маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ карда барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар заруранд ва бо ҳуқуқҳои дигари дар ин Конвентсия эътирофшуда, созгор мебошанд.

 

Моддаи 40

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар давлатҳои кори кироя бо мақсади таъмин намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра иттиҳодияҳо ва иттифоқҳои касаба таъсис диҳанд.

 

Истифода аз ин ҳуқуқ мавриди ҳеҷ гуна маҳдудият қарор намегирад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шуда ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар зарур мебошанд.

 

Моддаи 41

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаёти ҷамъиятии давлати иқоматашон иштирок намоянд, мувофиқи қонунгузории ин давлат дар ин давлат интихоб  кунанд ва интихоб шаванд.

 

Давлатҳое, ки ба ин дахл доранд, ба андозаи зарурат ва мувофиқи қонунгузории худ барои ба амал баровардани ин ҳуқуқ мусоидат мекунанд.

 

Моддаи 42

 

Давлатҳои иштироккунанда масъалаҳои созмон додани тартибот ё  муассисаҳоеро, ки тавассути онҳо чи дар давлати аслӣ ва чи дар давлати кори кироя мумкин гардад, ки эҳтиёҷот, орзуву омол ва вазифаҳои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба эътибор гирифта шавад, баррасӣ намуда, дар мавридҳои зарурӣ имкониятеро, ки коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ин муассисаҳо намояндагони озодона интихобнамудаи худро дошта бошанд, пешбинӣ мекунанд.

 

2.Давлатҳои кори кироя мувофиқи қонунгузории худ ба он мусоидат менамоянд, ки ҳангоми қабули қарорҳо дар хусуси зиндагӣ ва идоракунии ҷамъиятҳои маҳаллӣ бо коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо машварат карда шавад ё ки онҳо дар  қабули чунин  қарорҳо иштирок намоянд.

 

 

  1. Коргарони муҳоҷир мумкин аст аз ҳуқуқҳои сиёсӣ дар давлати кори кироя истифода баранд, агар ин давлат дар ба амал баровардани соҳибихтиёрии худ ба онҳо чунин ҳуқуқҳоро диҳанд.

 

Моддаи 43

 

  1. Коргарони муҳоҷир бо шаҳрвандони давлати кори кироя аз низоми баробар истифода мебаранд, дар иртибот бо:

 

а) дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва  хизматҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигар, ки дар нисбати муассиса ва  хизматҳои  дахлдор амал мекунанд;

  1. b) дастрасӣ ба хадамоти раҳнамоии касбӣ ва кортаъминкунӣ;

с) дастрасӣ ба муассисаҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ;

  1. d) таъмин бо манзил, аз ҷумла манзиле, ки аз рӯи барномаҳои таъмини иҷтимоӣ ва ҳимоя аз истисмор тавассути пардохти иҷорапулӣ барои манзил, пешниҳод мегардад;
  2. e) дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба шарти риоя намудани талаботе, ки барои иштирок дар барномаҳои дахлдор, пешниҳод карда мешавад;
  3. f) дастрасӣ ба кооператив ва муассисаҳои худидора, ки тағйири мақоми онҳоро ҳамчун муҳоҷир дар назар надорад ва ба шарти риоя кардани муқаррарот ва қоидаҳои кооперативҳо ва муассисаҳои дахлдор;
  4. g) дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок кардан дар он.

 

2.Давлатҳои иштироккунанда барои таъмини баробарии ҳақиқии вазъ шароит фароҳам меоваранд, то ки коргарони муҳоҷир аз ҳуқуқҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, дар ҳама ҳолатҳо, вақте  ки шароити аз тарафи давлати кори кироя муқарраргардидаи иқомати онҳо ба талаботи лозим ҷавобгӯ бошад, истифода бурда тавонанд.

 

3.Давлатҳои кори кироя ба корфармои коргарони муҳоҷир дар кори фароҳам овардани шароити манзилӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои онҳо  монеъ намегарданд. Дар асоси моддаи 70 ин Конвентсия давлати кори кироя метавонад фароҳам овардани чунин шароитро ба талаботе вобаста созад, ки онҳо одатан дар ин давлат истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 44

 

  1. Давлатҳои иштироккунанда бо эътирофи он, ки оила ҷузъи табиӣ ва асосии ҷамъият буда, барои ҳимоя гардидан аз тарафи ҷамъият ва давлат ҳуқуқ дорад, барои таъмини ҳимояи ягонагии оилаи коргарони муҳоҷир тадбирҳои лозимиро меандешанд.

 

  1. Бо мақсади мусоидат кардан ба пайвастани коргарони муҳоҷир бо ҳамсаронашон ё шахсоне, ки бо коргари муҳоҷир дар муносибатҳое мебошанд, ки тибқи ҳуқуқи татбиқёбанда мумкин аст ба никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин бо фарзандони ноболиғашон, ки никоҳ надоранд, Давлатҳои иштироккунанда тадбирҳоеро ба амал мебароранд, ки онҳо зарур мешуморанд ва ба доираи салоҳияташон дохил мешаванд.

 

3.Давлатҳои кори кироя бо мулоҳизаи башардӯстона масъалаи низоми баробар фароҳам оварданро ба дигар аъзоёни оилаҳои коргарони муҳоҷир  тибқи муқаррароти банди 2 ҳамин модда, ба тариқи мусбӣ баррасӣ мекунанд.

 

Моддаи 45

 

Аъзоёни оилаҳои коргарони муҳоҷир дар давлати кори кироя аз низоми баробар  бо шаҳрвандони ин давлат истифода мебаранд, дар  иртибот  бо:

 

а) дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва хизматҳо мувофиқи шароитҳои қабул ва қоидаҳои дигар, ки дар нисбати муассисаҳо ва хизматҳои   дахлдор,  амал мекунанд;

  1. b) дастрасӣ ба муассиса ва идораҳои тайёрӣ ва роҳнамоии касбӣ ба шарти ба иҷро расондани талаботи иштирок;

 

с) дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ ба шарти риоя намудани талаботе, ки нисбат ба иштирок дар барномаҳои дахлдор пеш гузошта  мешаванд;

  1. d) дастрасӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иштирок кардан дар он.

 

Давлатҳои кори кироя дар ҳоле, ки бамаврид дониста шавад, дар ҳамкорӣ бо давлати аслӣ сиёсатеро пеш мебаранд, ки ба ҷалб кардани фарзандони коргарони муҳоҷир дар низоми таълими мактабии маҳаллӣ  махсусан таълими забони маҳаллӣ, ба онҳо нигаронида шудааст.

 

Давлатҳои кори кироя кӯшиш мекунанд, ки барои ба фарзандони коргарони  муҳоҷир таълим додани забони модариашон ва ошно кардани онҳо бо фарҳанги аслӣ мусоидат намоянд, давлатҳои аслӣ бошад, дар ин бобат вақте  ки зарурат пеш ояд, ҳамкорӣ мекунанд.

 

Давлатҳои кори кироя метавонанд барномаҳои махсуси таълимиро ба забони модарии фарзандони коргарони муҳоҷир ва дар мавриди зарурат дар ҳамкорӣ бо давлати аслӣ ташкил диҳанд.

 

Моддаи 46

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо назардошти қонунгузории амалкунандаи давлати дахлдор, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки ба ҳамин масъала  вобастаанд ва ӯҳдадориҳои давлатҳои дахлдор, ки аз иштирок дар иттиҳодияҳои гумрукӣ бармеояд, барои амволи шахсӣ, анҷому асбоби таъиноти маишӣ дошта, инчунин ашёе, ки барои анҷом додани фаъолияти бомузд заруранд ва барои он ба давлати кори кироя иҷозат дода мешавад, аз боҷу хироҷи вуруд ва хуруҷ озод карда мешаванд:

 

а) ҳангоми баромадан аз давлати аслӣ ё давлате, ки одатан истиқомат мекунанд;

  1. b) ҳангоми бори аввал иҷозат гирифтан ба давлати кори кироя;

с) ҳангоми тамоман баромадан аз давлати кори кироя;

  1. d) ҳангоми тамоман бозгаштан ба давлати аслӣ ё давлате, ки одатан истиқомат мекунанд.

 

Моддаи 47

 

Коргарони муҳоҷир ҳуқуқ доранд, ки маблағҳои бадастоварда ва пасандозҳои худро аз ҷумла маблағҳое, ки барои нигоҳ доштани оилаи онҳо заруранд, аз давлати кори кироя ба давлати аслӣ ё ҳар кадом давлати дигар таҳвил диҳанд. Чунин таҳвилҳо бояд мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи давлати дахлдор ва тибқи созишномаҳои байналхалқии амалкунанда, ба амал бароварда шаванд.

 

Давлатҳои дахлдор тадбирҳои лозимро барои осон намудани чунин таҳвилҳо меандешанд.

 

Моддаи 48

 

  1. Бе зиён расондан ба созишномаҳои амалкунанда дар бораи бартараф кардани андозбандии такрорӣ, коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо нисбати музди кор дар давлати кори кироя:

 

а) бо ҳар гуна андоз ё боҷу хироҷе, ки аз андоз, боҷу хироҷи барои шаҳрвандони худӣ дар ҳолатҳои мушобеҳ муқарраршуда зиёдтар ё вазнинтар бошад, андозбандӣ намешаванд;

  1. b) барои сабукӣ додан ё озод кардан аз ҳар гуна андоз ва ба имтиёзҳои пардохти андозӣ, ки ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои мушобеҳ, аз ҷумла имтиёзҳои пардохти андозӣ ба хӯрандагони оилаҳои онҳо, дода мешавад, ҳуқуқ доранд.

 

  1. Давлатҳои иштироккунанда иҷрои тадбирҳои лозимро барои бартараф намудани андозбандии такрорӣ аз музди кор ва пасандозҳои коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, таъмин месозанд.

 

Моддаи 49

 

Агар дар қонунгузории миллӣ иҷозати алоҳида барои зиндагӣ ва барои кори кироя пешбинӣ шуда бошад, давлатҳои кори кироя ба коргарони муҳоҷир иҷозати зиндагӣ карданро ҳадди ақал барои даврае, ки баробари мӯҳлати иҷозатномаи машғул шудан ба кори бомузд бошад, медиҳанд.

 

Коргарони муҳоҷире, ки дар давлати кори кироя ба онҳо озодона интихоб кардани  навъи фаъолияти бомузд иҷозат дода мешавад, танҳо ба сабаби қатъ гардидани фаъолияти бомузди онҳо то гузаштани мӯҳлати эътибори иҷозатномаи кор ё иҷозатномаҳои мушобеҳ, мақоми доимӣ ё иҷозатномаи истиқоматро гумкарда ба шумор намераванд.

 

Бо мақсади ба коргарони муҳоҷири дар банди 2  ҳамин модда зикрёфта додани вақти кофӣ барои ҷустуҷӯи навъи дигари фаъолияти бомузд, бекор кардани  иҷозатномаи истиқомати онҳо ҳадди аққал дар давоми давраи баробар ба мӯҳлате, ки дар тайи он онҳо мумкин аст, ки ба гирифтани нафақаи бекорӣ ҳуқуқ дошта бошанд, боздошта мешавад.

 

Моддаи 50

 

Дар ҳолати вафоти коргари муҳоҷир ё бекор карда шудани никоҳ, давлати кори кироя масъалаи ба аъзоёни оилаи ин коргари муҳоҷир, ки дар ин давлат дар асоси пайвастани оила истиқомат доранд, додани иҷозатномаи истиқоматро мусбӣ баррасӣ мекунад; давлати кори кироя  мӯҳлате, ки дар давоми он дар ин давлат онҳо аллакай  зиндагӣ кардаанд, ба эътибор мегирад.

 

Ба аъзоёни оила, ки барояшон додани чунин иҷозатнома рад карда шудааст, то  баромадан аз ин давлат муддати муносиби вақт дода мешавад, то онҳо тавонанд  корҳои худро дар давлати кори кироя ба сомон расонанд.

 

Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда набояд ҳамчун маҳдудкунандаи ягон хел ҳуқуқ барои зиндагӣ ё кор, ки ба чунин аъзоёни оила бар дигар асос аз рӯи қонунгузории давлати кори кироя ё аз рӯи шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи нисбат ба ин давлат татбиқшаванда, дода шудааст, тафсир карда шавад.

 

Моддаи 51

 

Коргарони муҳоҷир, ки дар давлати кори кироя барояшон иҷозати озодона интихоб кардани фаъолияти бомузд барои худашон дода нашудааст, мақоми қонунӣ надошта ба ҳисоб намераванд ва иҷозатномаи зиндаги карданро фақат ба сабаби қатъ ёфтани фаъолияти бомуздашон, то гузоштани мӯҳлати эътибори иҷозатномаи истиқомат махсусан ба фаъолияти бомузди мушаххас ишора рафта ва барои машғул шудан ба он рухсат дода шудааст. Чунин коргарони муҳоҷир барои ҷустуҷӯи кори дигари кироя, иштирок дар барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ ва бозомӯзӣ дар давоми  муддати боқимондаи эътибори иҷозатномаашон барои кор, бо дар назар гирифтани ҳамон шароит ё маҳдудиятҳое, ки дар иҷозатномаи кор ба онҳо ишора карда шудааст, ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 52

 

Коргарони муҳоҷир дар давлати кори кироя ҳуқуқ доранд, ки бо дар назардошти маҳдудият ва шартҳои дар зер баёнёфта, фаъолияти бомузди худро озодона интихоб кунанд.

 

Нисбат ба ҳар кадом коргари муҳоҷир давлати кори кироя метавонад:

 

а) маҳдудият барои дараҷаҳои кори кироя, вазифаҳо, навъи машғулият ё фаъолият муқаррар намояд, вақте ки ин барои манфиатҳои ин давлат зарур бошад ва дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардида бошад;

  1. b) озодона интихоб кардани фаъолияти бомуздро мувофиқи қонунгузории худ дар иртибот бо эътирофи маҳорати касбӣ, ки дар хориҷи қаламрави он ҳосил карда шудааст, маҳдуд созад. Бо вуҷуди он Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор кӯшиш мекунанд, ки эътирофи чунин маҳоратро таъмин намоянд.

 

Нисбат ба коргарони муҳоҷире, ки иҷозатномаи муддаташ маҳдуди кор гирифтаанд, давлати кори кироя метавонад инчунин:

 

а) ҳуқуқи озодона интихоб кардани фаъолияти бомузд диҳад, ба шарте, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он бо мақсади фаъолияти бомузд дар давоми давраи дар қонунгузории миллӣ пешбинишуда, ки набояд аз ду сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ карда бошад;

  1. b) дастрасии коргари муҳоҷирро ба фаъолияти музднок ба манзури пеш бурдани сиёсати бартарият ба шаҳрвандони худ ё шахсони бо онҳо бо ин мақсад омезишёфта (ассимилятсияшуда) ба сабаби амали қонунгузорӣ ё созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба, маҳдуд созад. Њар гуна маҳдудияти ба ин монанд нисбат ба коргари муҳоҷир, ки дар қаламрави он бо мақсади фаъолияти бомузд тайи муддати дар қонунгузории миллӣ пешбинигардида, ки набояд аз панҷ сол бештар бошад, қонунӣ зиндагӣ мекунад,қобили татбиқ нест.

 

Давлатҳои кори кироя шартҳоеро муқаррар менамоянд, ки тибқи онҳо коргари муҳоҷири барои кори кироя ба кишвар иҷозатгирифта метавонад барои интихоби озодонаи кор иҷозатнома гирад. Даврае, ки дар давоми он коргари муҳоҷир дар давлати кори кироя қонунӣ иқомат дошт, ба назар гирифта мешавад.

 

Моддаи 53

 

Ба аъзоёни оилаи коргари муҳоҷир, ки худ дорои иҷозатномаи зиндагӣ кардан ё рухсатнома ба кишвар, ки муддаташ номаҳдуд ё худ ба худ таҷдидшаванда мебошад, интихоби озоди фаъолияти бомузд бо ҳамон шартҳое, ки ба коргари муҳоҷири мазкур мувофиқи моддаи 52 ҳамин Конвентсия татбиқ мешаванд, иҷозат дода мешавад.

 

Нисбат ба аъзоёни оилаи коргари муҳоҷир, ки барояшон озодона интихоб кардани фаъолияти бомузд иҷозат дода нашудааст, Давлатҳои иштироккунанда масъалаи ба онҳо додани бартариятро дар гирифтани иҷозат барои машғул шудан ба фаъолияти бомузд нисбат ба он коргароне, ки ба давлати кори кироя рухсат гирифтан мехоҳанд, бо назардошти созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баррасӣ менамоянд.

 

Моддаи 54

 

Бе  расонидани зиён ба шароити иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи кори ба онҳо додашуда, инчунин ҳуқуқҳои дар моддаҳои 25 ва 27 ҳамин Конвентсия  пешбинишуда, ба коргарони муҳоҷир низоми баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя дода мешванд,  вобаста ба:

 

а) ҳимоя  зидди аз корозодкунӣ;

  1. b) нафақаҳои бекорӣ;

с) дастрасӣ ба барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ, ки бо мақсади муборизаи зидди бекорӣ баргузор мегарданд;

  1. d) дастрасӣ ба дигар кори кироя дар ҳолати аз даст додани кор ё қатъ гардидани навъи дигари фаъолияти бомузд бо риоя кардани муқаррароти моддаи 52 ин Конвентсия.

 

Агар коргари муҳоҷир изҳор намояд, ки шартҳои созишномаи меҳнатии ӯ аз тарафи корфармояш вайрон карда шудаанд, дар он ҳол ӯ ҳақ дорад, ки ба мақомоти салоҳиятдори  давлати кори кироя мувофиқи шартҳое, ки дар банди 1 моддаи 18 ин Конвентсия зикр ёфтааст, бо даъвои худ муроҷиат кунад.

 

Моддаи 55

 

Коргарони муҳоҷир, ки барояшон иҷозатномаи машғул шудан ба ягон фаъолияти бомузд дода шудааст, бо дар назар гирифтани шароити додани чунин иҷозатнома, ба муносибати баробар бо шаҳрвандони давлати кори кироя барои ба амал баровардани ин фаъолияти бомузд, ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 56

 

Коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳоро, ки ҳамин қисми Конвентсия нисбат ба онҳо татбиқ меёбад, аз давлати кори кироя хориҷ кардан мумкин нест, ғайр аз мавридҳое, ки ба сабабҳои дар қонунгузории миллии ин давлат пешбинӣ шудаанд ва бо риояи кафолатҳое, ки дар қисми  III  пешбинӣ  гардидаанд.

 

Ба кор бурдани бадарға бо мақсади маҳрум кардани коргари муҳоҷир ё аъзоёни оилаи ӯ аз ҳуқуқҳои тавассути иҷозатномаи истиқомат ва иҷозатномаи кор додашуда, мумкин нест.

 

Ҳангоми баррасии масъалаи  бадарға кардани коргари муҳоҷир ё аъзои оилаи ӯ, мулоҳизаҳои башардӯстона, инчунин мӯҳлати истиқомати шахси мавриди назарро дар давлати кори кироя , ба назар гирифтан зарур аст.

 

ҚИСМИ V

Муқаррароте, ки нисбат ба категорияҳои муайяни коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо татбиқ мешаванд

 

Моддаи 57

 

Категорияҳои муайяни коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки дар ҳамин қисми Конвентсия зикр ёфта, дорои ҳуҷҷат ва мақоми доимӣ мебошанд, аз ҳуқуқҳои дар қисми III дарҷгардида ва ба истиснои тағйироти дар зер баёнёфта, қисми IV, истифода мебаранд.

 

Моддаи 58

 

Коргарони наздисарҳадӣ, ки таърифашон дар банди 2 (а) моддаи 2 ин Конвентсия омадааст, аз ҳуқуқҳое истифода мебаранд, ки дар қисми IV пешбинӣ гардида мумкин аст нисбат ба онҳо ба сабаби иқомат ва корашон дар қаламрави давлати кори кироя  ва бо назардошти он, ки онҳо дар ин давлат ҷои истиқомати муқаррариро надоранд, татбиқ карда шаванд.

 

Давлатҳои кори кироя масъалаҳои марбут ба додани ҳуқуқи озодона интихоб намудани фаъолияти бомуздро ба коргарони наздисарҳадӣ баъди муддати муайяни вақт, хайрхоҳона баррасӣ мекунанд. Додани чунин ҳуқуқ ба мақоми коргари наздисарҳадӣ будани онҳо дахолат намекунад.

 

Моддаи 59

 

Коргарони мавсимӣ, ки таърифашон дар банди 2 (b ) моддаи 2 ин Конвентсия дода шудааст, аз ҳамаи ҳуқуқҳое  истифода мебаранд, ки дар қисми IV пешбинӣ шуда мумкин аст нисбат ба онҳо ба сабаби мавҷуд буданашон ва кор карданашон дар қаламрави давлати кори кироя татбиқ карда шаванд ва бо мақоми онҳо дар ин давлат ҳамчун коргарони мавсимӣ бо дарназардошти он, ки онҳо дар ин давлат фақат як қисми сол мавҷуданд, мувофиқанд.

 

Давлати кори кироя бо назардошти банди 1 ин модда масъалаи ба коргарони мавсимӣ, ки дар қаламрави он муддати қобили мулоҳиза ба киро гирифта шуда буданд, додани имконият барои машғул шудан ба навъи дигари фаъолияти бомуздро баррасӣ намуда ба онҳо нисбат ба коргарони дигаре, ки кӯшиш мекунанд бар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба барои ба ин давлат даромадан иҷозатнома гиранд, бартарӣ диҳад.

 

Моддаи 60

 

Коргароне, ки корашон ба кӯчидан алоқаманд аст ва таърифашон дар банди 2 (е) моддаи 2 ин Конвентсия омадааст, аз ҳуқуқҳои дар қисми IV пешбинишуда истифода мебаранд ва ба онҳо ин ҳуқуқҳо ба сабаби мавҷуд будан ва кор карданашон дар қаламрави давлати кори кироя дода мешаванд, ки бо мақоми коргароне, ки корашон дар ин давлат ба кӯчидан алоқаманд аст, мутобиқат дорад.

 

Моддаи 61

 

  1. Коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда, ки таърифашон дар банди 2 (f) ҳамин Конвентсия оварда мешавад ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳуқуқҳоеро соҳиб мебошанд, ки дар қисми IV ба истиснои бандҳои 1 (b) ва (с)- и моддаи 43; банди 1(d) моддаи 43, ки марбут ба додани манзил тибқи барномаҳои таъмини иҷтимоӣ аст; дар банди 1 (b) моддаи 45; ва дар моддаҳои 52-55 пешбинӣ гардидаанд.

 

  1. Агар коргари дар лоиҳа коркунанда изҳор кунад, ки шартҳои шартномаи меҳнатии ӯ аз тарафи корфармо вайрон карда шудаст, ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ин корфармо дар доираи ҳуқуқиаш мебошад, мувофиқи шароите, ки дар банди 1 моддаи 18 ин Конвентсия зикр ёфтааст, бо даъвои худ муроҷиат намояд.

 

  1. Ба шарти риоя шудани муқаррароте, ки нисбат ба давлатҳои дахлдори иштироккунандаи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба амал мекунанд, Давлатҳои иштироккунанда ба он мекӯшанд, ки ба коргарони дар  лоиҳаҳо коркунанда барои дар ҳимояи низоми таъмини иҷтимоии давлати аслии худ ё давлати одатан истиқоматкунии худ ҳангоми кор дар лоиҳаҳо мондан, имконият диҳанд. Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор бо мақсади пешгирӣ кардани ягон хел инкори ҳуқуқ ё пардохтҳои дукарата дар ин робита тадбирҳои заруриро меандешанд.

 

4.Бидуни зарар ба муқаррароти моддаи 47 ин Конвентсия, инчунин созишномаҳои мушаххаси дуҷониба ё бисёрҷониба, давлатҳои иштироккунандаи дахлдор иҷозат медиҳанд, ки пардохти музди кор ба коргарони дар лоиҳаҳо коркунанда дар давлатҳои аслӣ  ё давлати истиқомати муқаррариашон ба амал бароварда шавад.

 

 

Моддаи 62

 

Коргарони кирояи мақсаднок, ки таърифашон дар банди 2 (q) моддаи 2 оварда мешавад, соҳиби ҳуқуқҳое мебошанд, ки марбут ба коргарони муҳоҷир буда дар қисми IV ҳамин Конвентсия баён гардидаанд, ба истиснои ҳуқуқҳое, ки дар бандҳои 1 (b) ва (с)-и моддаи 43; банди 1 (d) моддаи 43, ки ба додани манзил тибқи барномаҳои таъмини иҷтимоӣ алоқаманд аст; ва моддаи 52 ва дар банди 1(d) моддаи 54 пешбинӣ шудаанд.

 

Аъзоёни оилаи коргари кирояи мақсаднок соҳиби ҳуқуқҳое мебошанд, ки ба аъзоёни оилаҳои коргарони муҳоҷир дахл дошта, дар қисми IV ҳамин Конвентсия баён ёфтаанд, ба истиснои муқаррароти модаи 53.

 

Моддаи 63.

 

Коргари муҳоҷир, ки бо кироя кор намекунад  ва таърифашон дар банди 2 (h) моддаи 2 ин Конвентсия омадааст, аз ҳуқуқҳое, ки дар қисми IV пешбинӣ шудааст, истифода мебаранд, ба истиснои ҳамон ҳуқуқҳое, ки танҳо ба коргарони кори кироя дошта дода мешаванд.

 

Бе зараре барои моддаҳои 52 ва 79 ин Конвентсия, қатъ ёфтани фаъолияти иқтисодии коргарони муҳоҷире, ки бо киро кор намекунанд, худ ба худ боиси қатъ гардидани иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи фаъолияти бомузд дар давлати кори кироя, ки ба онҳо ва аъзоёни оилаҳои онҳо дода шудааст, намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки иҷозатномаи истиқомат бевосита ба навъи муайяни фаъолияти бомузд, ки барои иҷрои онҳо коргарон рухсат дода шудаанд, алоқаманд бошад.

 

 

 

ҚИСМИ VI

Мусоидат кардан барои фароҳам овардани шароити мӯътадил, одилона, башардӯстона ва қонунӣ нисбат ба муҳоҷирати байналхалқии коргарон ва аъзоёни оилаҳои онҳо

 

Моддаи 64

 

Бе зараре барои моддаи 79 ин Конвентсия Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар мавридҳои зарурӣ бо мақсади мусоидат кардан барои фароҳам овардани шароити мӯътадил, одилона, башардӯстона нисбат ба муҳоҷирати байналхалқии коргарон ва аъзоёни оилаҳои онҳо, машваратҳо ва ҳамкориҳоро бо ҳамдигар анҷом  медиҳанд.

 

Дар робита бо ин, диққати лозим на танҳо ба эҳтиёҷот ва манбаъҳои корӣ, балки ба ниёзҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, инчунин  оқибатҳои чунин муҳоҷират ба ҷамъиятҳои дахлдор, дода мешавад.

 

 

Моддаи 65

 

Давлатҳои иштироккунанда бояд хадамоти заруриро доир ба масъалаҳое, ки ба муҳоҷирати байналхалқии коргарон ва аъзоёни оилаҳои онҳо дахл доранд, дошта бошанд. Дар қатори дигар вазифаҳо ба доираи вазифаи онҳо инҳо дохил мешаванд:

 

а) таҳия кардан ва ба амал баровардани сиёсати марбут ба чунин муҳоҷират;

  1. b) мубодилаи маълумот, машваратҳо ва ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳои салоҳиятдори дигар Давлатҳои иштироккунанда, ки ин гуна муҳоҷират ба онҳо дахл дорад;

с) пешниҳод кардани маълумоти лозим, аз ҷумла ба корфармоён, коргарон ва ташкилотҳои онҳо дар бораи сиёсат, қонуну қоидаҳое, ки ба муҳоҷират ва кироя гирифтан дахл доранд, созишномаҳои марбут ба муҳоҷират, ки бо давлатҳои дигар баста шудаанд ва инчунин дигар масъалаҳои дахлдор;

  1. d) пешниҳод намудани маълумот ва расондани ёрии зарурӣ ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба иҷозатномаҳои мавриди дархост, расмияту тартиботи ба сафар, интиқол, расидан, иқомат, фаъолияти бомузд, баромадан ва бозгаштан алоқамандӣ доранд, инчунин маълумот дар хусуси шароити кору зиндагӣ дар давлати кори кироя ва қонуну қоидаҳои марбут ба гумрук, асъори хориҷӣ, андоз ва дигар қонуну қоидаҳои дахлдор.

 

Давлатҳои иштироккунанда дар мавридҳои лозим барои расондани хизматҳои муносиби консулӣ ва ғайра, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо заруранд, мусоидат мекунанд.

 

Моддаи 66

 

Ба шарти риоя шудани банди 2 ин модда, ҳуқуқи анҷом додани иқдом бо мақсади ба киро гирифтани коргар дар давлати дигар фақат ба мақомоти зерин тааллуқ дорад:

 

а) хадамот ё мақомоти давлатии давлате, ки дар он чунин иқдомҳо анҷом дода мешаванд;

 

  1. b) хадамот ё мақомоти давлати кори кироя бар асоси созишномаи байнидавлатҳои манфиатдор;

 

с) мақоме, ки бар асоси созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба таъсис дода шудааст.

 

Дар мавриди мавҷуд будани ҳар гуна иҷозатнома, мувофиқат ва бо назорати мақомоти Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор, ки мумкин аст мувофиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи ин давлатҳо таъсис дода шаванд, ба муассисаҳои корфармоёни эҳтимолӣ ё шахсони аз номи онҳо амалкунанда низ барои анҷом додани иқдомҳои мазкур мумкин аст иҷозат дода шавад.

 

Моддаи 67

 

Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар ҳолатҳои лозим дар андешидани тадбирҳои марбут ба бозгашти ботартибонаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба давлати аслӣ, агар онҳо тасмими бозгаштан гиранд ё агар мӯҳлати иҷозатномаи барои истиқомат ё кор ба поён расад ё агар онҳо дар давлати кори кироя бе мақоми доимӣ иқомат дошта бошанд, ҳамкорӣ мекунанд.

 

Дар робита бо коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор дар мавридҳои лозим бо шароитҳое, ки байни ин давлатҳо мувофиқа карда шудааст, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷойгиркунии онҳо ва осон намудани реинтегратсияи иҷтимоию фарҳангӣ дар давлати аслӣ, ҳамкориҳо мекунанд.

 

Моддаи 68

 

Давлатҳои иштироккунанда, аз ҷумла давлатҳои транзит дар кори пешгирӣ ё қатъ намудани интиқол ва ба киро гирифтани ғайриқонунӣ ва махфиёнаи коргарони муҳоҷир, ки мақоми доимӣ надоранд, ҳамкориҳо анҷом медиҳанд. Тадбирҳои ба ин мақсад дар чорчӯбаи доираи ҳуқуқии ҳар кадом давлати манфиатдор андешидашаванда нуқтаҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

 

а) чорабиниҳои лозима зидди паҳнкунии маълумотҳои гумроҳкунандаи марбут ба масъалаҳои муҳоҷират;

  1. b) чорабиниҳои ошкор кардан ва манъ кардани интиқоли ғайриқонунӣ ва махфиёнаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва ба амал баровардани муҷозоти самарабахш бар зидди шахсон, гурӯҳҳо ва сохторҳое, ки ба созмондиҳӣ ё ба амал баровардан ё кӯмак расондан дар ташкил ва ба амал баровардани чунин интиқолҳо машғул мешаванд;

с) чорабиниҳои ба роҳ андохтани муҷозоти самарабахш бар зидди шахсҳо, гурӯҳи ашхос ё сохторҳое, ки нисбат ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки мақоми доимӣ надоранд, зӯроварӣ, таҳдид ё тарсонданро ба кор мебаранд.

 

  1. Давлатҳои кори кироя ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва самарабахшро барои қатъӣ ба киро гирифтани коргарони муҳоҷири мақоми доимӣ надоштаро дар қаламрави худ меандешанд, аз ҷумла дар ҳолатҳои зарурӣ муҷозотро нисбат ба корфармоёни чунин коргарон ба амал мебароранд. Ин тадбирҳо набояд ба ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир, ки аз ба киро гирифтан бармеоянд, дар муносибат бо корфармоёни онҳо, зарар расонанд.

 

Моддаи 69

 

Давлатҳои иштироккунанда дар ҳолате, ки дар ҳудуди қаламравашон коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо бе  мақоми доимӣ    мавҷуд бошанд, тадбирҳои лозимро барои ба роҳ  надодан ба идомаи чунин вазъият, меандешанд.

 

Дар мавриде ки Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор имконияти ба тартиб овардани вазъияти чунин ашхосро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи миллӣ ва созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баррасӣ мекунанд, шароити воридшавӣ, муддати иқомати онҳо дар давлати кори кироя ва дигар мулоҳизаҳои дахлдор, аз ҷумла мулоҳизаҳое, ки ба вазъияти оилавии онҳо марбут аст, ба тарзи бояду шояд ба эътбор гирифта мешавад.

 

Моддаи 70

 

Давлатҳои иштироккунанда тадбирҳоеро меандешанд, ки на камтар аз тадбирҳои нисбат ба шаҳрвандони худӣ андешидашаванда дар мавриди фароҳам овардани шароити кору зиндагии коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки мақоми доимӣ доранд, муносибтар ва ҷавобгӯи  меъёрҳои муносиб, техникаи бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва принсипҳои шарафи инсонӣ бошанд.

 

Моддаи 71

 

Давлатҳои иштироккунанда дар ҳолати зарурӣ барои ба давлати аслӣ баргардондани ҷисми майити коргарони муҳоҷир ё аъзоёни оилаҳои онҳо мусоидат мекунанд.

 

Дар робита бо масъалаҳои ҷуброни марбут ба вафоти коргари муҳоҷир ё узви оилаи ӯ Давлатҳои иштироккунанда дар мавридҳои зарурӣ ба ашхоси дахлдор барои ҳарчӣ зудтар ҳал  кардани чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳалли чунин масъалаҳо бар асоси қонунгузории амалкунандаи миллӣ мувофиқи муқаррароти ҳамин Конвентсия ва ҳар кадом созишномаҳои дахлдори дуҷониба ва бисёрҷониба, ба амал бароварда мешавад.

 

 

ҚИСМИ VII

Татбиқи Конвентсия

 

Моддаи 72

 

а) Бо мақсади назорат бурдан ба татбиқи ин Конвентсия Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи тамоми коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо (аз ин пас Кумита номида мешавад) таъсис дода мешавад;

  1. b) Кумита дар лаҳзаи эътибор пайдо кардани ин Конвентсия аз даҳ нафар, аммо баъди эътибор пайдо кардани ин Конвентсия барои Давлати чилу якуми иштироккунанда – аз чордаҳ коршинос, ки дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, беғаразӣ ва босалоҳиятии эътирофгардида дар соҳаҳои Конвентсия дарбаргиранда мебошанд, ташкил меёбад.

 

а) Аъзоёни Кумита аз тарафи Давлатҳои иштироккунанда аз ҷумлаи рӯйхати номзадҳо, ки Давлатҳои иштироккунанда пешбарӣ кардаанд, бо овоздиҳии махфӣ интихоб карда мешаванд; дар ин ҳол тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ, аз ҷумлаи чи давлатҳои аслӣ ва чи давлатҳои кори кироя ва намояндагии системаҳои асосии ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта мешавад. Њар кадом Давлати иштироккунанда метавонад як нафарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худаш пешбарӣ намояд;

  1. b) аъзоён бо ҳузури шахсии худ интихоб мешаванд ва адои вазифа мекунанд.

 

Интихоби аввал на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани ин Конвентсия баргузор мешавад,   интихоботи минбаъда бошад, баъди ҳар ду сол. Њадди аққал чор моҳ қабл аз таърихи баргузории ҳар як интихобот Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамаи Давлатҳои иштироккунанда нома фиристода дархост менамояд, ки дар давоми ду моҳ номзадҳои худро пешбарӣ намоянд. Котиби генералӣ рӯйхате тартиб медиҳад, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсони ба ҳамин усул пешбарӣ кардашуда бо нишон додани Давлатҳои иштироккунанда, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, ва ин рӯйхатро на дертар аз як моҳ то таърихи баргузории интихоботи дахлдор якҷоя бо тарҷимаи ҳоли шахсони ба ҳамин тариқ пешбаришуда, ба Давлатҳои иштироккунанда пешнтҳод мекунад.

Интихоботи аъзоёни Кумита дар машварати Давлатҳои иштироккунанда, ки аз тарафи Котиби генералӣ дар муассисоҳои маркази Созмони Милали Муттаҳид даъват карда мешавад, гузаронида мешавад. Дар ин машварат, ки ҳузури аз се ду ҳиссаи Давлатҳои иштироккунанда кворумро ташкил медиҳад, шахсҳои дар Кумита интихобшуда ҳамон номзадҳое ба ҳисоб мераванд, ки миқдори аз ҳама бештари овозҳо ва аксарияти мутлақи  овозҳои Давлатҳои иштироккунандаро, ки дар овоздиҳӣ ҳузур доранд ва иштирок  меварзанд,  мегиранд.

 

а) Аъзоёни Кумита ба муддати чор сол интихоб карда мешаванд. Вале муддати ваколатҳои панҷ аъзое, ки ҳангоми интихоботи аввал интихоб шудаанд, бо гузаштани танҳо ду сол  анҷом  меёбад; фавран баъди интихоботи аввал фамилияи ин панҷ аъзо ба тариқи қуръакашӣ аз тарафи Раиси машварати Давлатҳои иштироккунанда, интихоб карда мешаванд;

  1. b) интихоби чор аъзои иловагии Кумита тибқи муқаррароти бандҳои 2,3 ва 4 ҳамин модда баъди эътибор пайдо кардани ҳамин Конвентсия барои Давлати чилу якум, гузаронида мешавад. Муддати ваколатҳои ду аъзои иловагӣ, ки дар ин маврид интихоб карда мешаванд, бо гузаштани ду сол анҷом меёбад; фамилияҳои ин аъзоён аз тариқи қуъакашии Раиси машварати Давлатҳои иштироккунанда интихоб карда мешаванд;

с) аъзоёни Кумита мумкин аст дар ҳоли такроран пешбарӣ шудани номзадиашон ба муддати нав интихоб карда шаванд.

 

Агар узви Кумита вафот кунад ё истеъфо диҳад, ё изҳор намояд, ки бо ягон сабаб наметавонад вазифаҳои худро дар Кумита ба иҷро расонад, Давлати иштироккунандаи номзадии ин коршиносро пешбарикарда, аз ҷумлаи шаҳрвандони худ коршиноси дигарро ба қисмати боқимондаи муддат таъин менамояд. Таъйиноти нав бояд аз тарафи Кумита тасдиқ карда шавад.

 

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид персонал ва шароити заруриро барои босамар ба амал баровардани вазифаҳои Кумита фароҳам месозад.

 

Аъзоёни Кумита аз маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид мувофиқи шартҳое, ки Ассамблеяи Генералӣ муайян менамояд, музд мегиранд.

 

Аъзоёни Кумита ба имтиёзҳо, сабукиҳо ва иммунитети коршиносоне, ки супоришҳои Созмони Милали Муттаҳидро иҷро мекунанд ва дар фаслҳои дахлдори Конвентсия дар бораи имтиёзҳо ва иммунитетҳои Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 73

 

Давлатҳои иштироккунанда ӯҳдадор мешаванд, ки ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои баррасӣ дар Кумита гузоришҳоро дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва ғайра, ки барои ба амал баровардани муқаррароти ҳамин Конвентсия қабул шудаанд, пешниҳод кунанд:

 

а) дар давоми 1 сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвентсия барои Давлати иштироккунандаи манфиатдор;

  1. b) минбаъд баъди ҳар 5 сол ва ҳар вақт ҳангоме, ки Кумита дар ин бора дархост намояд.

 

Дар гузоришҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешниҳод мегарданд, омилҳо ва душвориҳо агар вуҷуд дошта бошанд,  ки ба татбиқи ҳамин Конвентсия таъсир мерасонанд, инчунин маълумот дар бораи хусусияти ҷараёнҳои муҳоҷират, ки ба Давлатҳои иштироккунанда дахл доранд, нишон дода мешаванд.

 

  1. Кумита дастурҳои дигареро, ки марбут ба мазмуни гузоришҳо мебошад, қабул мекунад.

 

4.Давлатҳои иштироккунанда паҳн кардани маълумоти ошкороро дар бораи гузоришҳо дар кишварҳои худ таъмин менамоянд.

 

Моддаи 74

 

Кумита гузоришҳоеро, ки ҳар кадом Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия пешниҳод мекунад, баррасӣ карда ба Давлати иштироккунандаи дахлдор ҳар мулоҳизаҳоеро, ки мувофиқи мақсад медонад, мефиристонад. Ин давлати иштироккунанда метавонад ба Кумита мулоҳизаҳоро доир ба ҳар кадом шарҳе, ки Кумита мувофиқи хамин модда додааст, пешниҳод кунад. Њангоми баррасии гузоришҳо Кумита метавонад аз Давлатҳои иштироккунанда маълумоти иловагӣ талаб намояд.

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар вақти муносиб то оғози ҳар  ҷаласаи навбатии Кумита ба Директори генералии Бюрои байналхалқии  меҳнат нусхаи гузоришҳоеро, ки Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор пешниҳод кардаанд бо маълумоти марбут ба баррасии ин гузоришҳо мефиристонад, то ба Бюро имкон диҳад, ки ба Кумита аз тариқи пешниҳод кардани нуқтаи назари коршиносон аз рӯи чунин масъалаҳое, ки ҳамин Конвентсия танзим мекунад ва дар доираи салоҳиятҳои  Ташкилоти байналхалқии меҳнат мебошанд, кӯмак расонад. Дар рафти кори худ Кумита мулоҳизаву маводи Бюро фиристодаро баррасӣ мекунад.

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид метавонад инчунин баъди машваратҳо бо Кумита ба муассисаҳои махсуси дигар ва низ ташкилотҳои байниҳукуматӣ нусхаи ҳамон қисмати гузоришҳои номбурдаро равона кунад, ки мазмунашон ба доираи салоҳиятҳои онҳо дохил мешавад.

 

Кумита метавонад ба муассисаҳои махсус ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва манфиатдори дигар пешниҳод кунад, ки дар бораи ҳамон масъалаҳое, ки дар доираи ихтиёри онҳо қарор доранду дар ҳамин Конвентсия танзим карда мешаванд, барои баррасӣ дар Кумита маълумоти хаттӣ фиристонанд.

 

Кумита ба Бюрои байналхалқии  меҳнат пешниҳод мекунад, ки намояндагонро барои иштирок дар ҷаласаҳои Кумита бо ҳуқуқи раъйи машваратӣ, таъйин намояд.

 

Кумита метавонад намояндагони дигар муассисаҳои махсус ва мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ташкилотҳои байниҳукуматиро даъват намояд, то ки онҳо дар ҷаласаҳои он ҳангоме, ки масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо баррасӣ мешаванд, ҳузур дошта бошанд ва шунида шаванд.

 

Кумита гузориши солонаро ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси иҷрои ҳамин Конвентсия пешниҳод мекунад, ки дар он нуқтаи назар ва тавсияҳое, ки аз ҷумла бар баррасиҳои гузоришҳо ва ҳар гуна мулоҳизаҳои Давлатҳои иштироккунанда пешниҳодкарда асос ёфтаанд, дарҷ мегарданд.

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳои солонаи Кумитаро ба давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Конвентсия, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Директори генералии Бюрои байналхалқии  меҳнат ва дигар ташкилотҳои дахлдор ирсол  медорад.

 

Моддаи 75

 

Кумита қоидаҳои тартиботии махсуси худро қабул мекунад.

 

Кумита шахсҳои мансабдори худро ба муддати ду сол интихоб мекунад.

 

Кумита одатан ҷаласаҳои худро ҳар сол мегузаронад.

 

Ҷаласаҳои Кумита одатан дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегарданд.

 

Моддаи 76

 

Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия мувофиқи ҳамин модда метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасӣ кардани ахборот дар бораи он, ки як Давлати иштироккунанда эълом медорад, ки Давлати иштироккунандаи дигар ӯҳдадориҳои марбут ба ин Конвентсия доштаи худро ба иҷро намерасонад, эътироф менамояд. Ахбороти дар ин модда пешбинишавандаро фақат дар ҳолате қабул ва баррасӣ кардан мумкин аст, ки онҳо аз тарафи Давлати иштироккунандае пешниҳод шудаанд, ки дар бораи салоҳиятҳои Кумитаро нисбат ба худ эътироф карданаш, изҳорот додааст. Кумита ахборотро қабул намекунад, агар онҳо ба Давлати иштироккунандае дахл дошта бошанд, ки чунин изҳорот содир накардааст. Ахбороти тибқи ҳамин модда гирифташуда мувофиқи тартиботи зерин баррасӣ карда мешаванд:

 

а) агар ягон Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия чунин шуморад, ки Давлати иштироккунандаи дигар ӯҳададориҳои худро марбут ба ҳамин Конвентсия иҷро намекунад, вай ин масъаларо метавонад аз тариқи ахбори хаттӣ ба иттилои Давлати иштироккунандаи мавриди назар расонад. Давлати иштироккунанда метавонад инчунин ин масъаларо ба иттилои Кумита расонад. Дар давоми се моҳ баъди гирифтани ахбор Давлати гирандаи он ба Давлати фиристонандаи ахбор баённома ё ҳар кадом дигар изҳоротро дар шакли хаттӣ бо баёни муфассали ин масъала ва то ҳадде, ки имкон дорад ва мувофиқи матлаб аст, нишон додани тартиботи дохилӣ ва тадбирҳои ислоҳ кардани вазъият, ки доир ба ин масъала андешида шуда буданд, андешида мешаванд ё мумкин аст андешида шаванд, пешниҳод  менамояд;

  1. b) агар ҳалли масъала ҳар ду Давлати иштироккунандаро дар давоми шаш моҳ баъди ахборро бори аввал гирифтани Давлати гиранда қаноатманд накунад, ҳар кадом аз ин Давлатҳо ҳуқуқ доранд масъаларо ба Кумита бо огоҳ намудани Кумита ва давлати дигар, таҳвил диҳанд;

с) Кумита масъалаи ба вай таҳвилдодашударо танҳо баъди боварӣ ҳосил кардан, ки ҳамаи воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқ доир ба ин масъала мутобиқи принсипҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ истифода ва сарф шудаанд, баррасӣ мекунад. Ин қоида дар ҳолатҳое амал нахоҳад кард, ки аз назари Кумита истифодаи ин воситаҳо беузр тӯл  мекашад;

  1. d) бо риояи муқаррароти зербанди (с)-и ҳамин банд, Кумита ба Давлати иштироккунандаи манфиатдор бо мақсади дӯстона ва бар асоси эҳтироми ӯҳдадориҳои дар ҳамин Конвентсия баёнёфта ҳаллу фасл намудани масъала, хизматҳои неки худро мерасонад;

е) ҳангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда, Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад;

  1. f) аз рӯи ҳар кадом масъалаи барои баррасӣ пешниҳодшуда мувофиқи зербанди (b) ҳамин модда Кумита метавонад ба Давлати иштироккунандаи манфиатдори дар зербанди (b) зикрёфта, муроҷиат карда хоҳиш намояд, ки ҳар гуна маълумоти ба масъала алоқамандро пешниҳод кунад;
  2. g) Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор, ки дар зербанди (b)-и ҳамин банд зикр ёфтаанд, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми баррасии масъала дар Кумита намояндагӣ дошта бошанд ва ба тарзи даҳонӣ ва ё хаттӣ гузориш диҳанд;
  3. h) Кумита дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ахбори аввалӣ, мутобиқи зербанди (b) ҳамин банд гузориш пешниҳод мекунад:
  4. i) агар ҳаллу фасли масъала дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд муяссар шуда бошад, Кумита дар гузориши худ бо баёни мухтасари далелҳо ва ҳалли бадастомада  қаноат мекунад;
  5. ii) агар ҳаллу фасли масъалаи дар доираи муқаррароти зербанди (d) ҳамин банд ба даст наояд, Кумита дар гузориши худ далелҳои дахлдори марбут ба масъалае, ки байни Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор ба вуҷуд омадааст, баён менамояд. Маълумотҳои хаттӣ ва сабти гузоришҳои даҳонӣ, ки аз тарафи Давлатҳои иштироккунанда расидаанд, ба гузориш замима карда мешаванд. Кумита ба иттилои Давлатҳои иштироккунандаи манфиатдор метавонад инчунин ҳар гуна нуқтаи назаре, ки вай барои ҳалли масъалаи байни онҳо бавуҷудомада мумкин аст муҳим шуморад, расонад.

 

Дар ҳамаи ҳолатҳо гузориш ба Давлатҳои иштироккунандаи дахлдор фиристода мешавад.

 

2.Муқаррароти ин модда вақте эътибор пайдо мекунад, ки даҳ Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия мутобиқи банди 1 ин модда изҳорот содир  кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ аз ҷониби Давлатҳои иштироккунанда ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба Давлатҳои иштироккунандаи дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби генералӣ бекор карда шавад. Чунин бекоркунӣ барои баррасии ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай  ирсолшуда мебошад, монеа намегардад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъда аз ягон Давлати иштироккунанда доир ба ин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул нахоҳад шуд, фақат агар Давлати иштироккунандаи манфиатдор изҳороти нав содир накарда бошад.

 

Моддаи 77

 

Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия метавонад ҳар вақт мутобиқи ҳамин модда изҳор намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро барои гирифтан ва баррасӣ кардани ахборот аз шахсҳои дар ҳокимияти қонунии вай қарордошта, дар хусуси он, ки Давлати иштироккунанда ҳуқуқҳои шахсии онҳоро, ки  ҳамин Конвентсия пешбинӣ мекунад, вайрон кардаст, эътироф менамояд. Кумита ҳеҷ гуна ахборотро, ки ба Давлати иштироккунандаи чунин изҳорот содирнакарда дахл доранд, қабул намекунад.

 

Кумита ҳар гуна ахборотро мутобиқи амин модда , ки беном бошад ё ба назари вай иборат аз сӯиистифодабарӣ аз ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин ахборот бошад, ё бо муқаррароти ҳамин Конвентсия созгор набошад, қобили қабул намешуморад.

 

Кумита ҳеҷ гуна ахборотро аз ягон шахс мутобиқи ҳамин модда мавриди баррасӣ қарор намедиҳад, агар  боварӣ ҳосил накунад, ки:

 

а) худи ҳамин масъала тибқи тартиботи дигари таҳқиқот ё ҳалли байналхалқӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ намешавад;

  1. b) шахси дахлдор тамоми воситаҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқиро истифода бурдааст; ин қоида дар мавридҳое амал намекунад, ки истифодаи чунин воситаҳо ба ақидаи Кумита, беасос тӯл мекашад ё эҳтимол дорад, ки ҳимояи самарабахши ин шахсро таъмин намесозад.

 

Бо дарназардошти муқаррароти  банди 2 ҳамин модда Кумита ҳар гуна ахбороти мутобиқи ҳамин модда ба он расонидашударо ба иттилои Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия, ки тибқи банди 1 изҳорот содир карда ва гӯё ин ё он муқаррароти ҳамин Конвентсияро вайрон мекунад, мерасонад. Дар давоми шаш моҳ  давлати ин иттилоъро гирифта ба Кумита баённомаи хаттӣ ё изҳоротро бо шарҳи ин масъала ва ҳар гуна тадбире, ки дар ин бобат мумкин аст аз тарафи ин давлат андешида шуда бошад, пешниҳод мекунад.

 

Кумита ахбороти мутобиқи ҳамин модда гирифтаро бо дарназардошти тамоми маълумоте, ки аз шахси  дахлдор  ё аз номи ӯ ва Давлати иштироккунандаи дахлдор расидааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 

Њангоми баррасии ахбороти дар ҳамин модда пешбинишаванда Кумита ҷаласаи пӯшида мегузаронад.

 

Кумита ақидаи худро ба Давлати иштироккунанда ва шахси дахлдор ирсол  менамояд.

 

Муқаррароти ҳамин модда вақте  эътибор пайдо мекунад, ки даҳ Давлати иштироккунандаи ин Конвентсия мутобиқи банди 1 ҳамин модда изҳорот содир кунанд. Чунин изҳорот барои нигоҳдорӣ   аз ҷониби Давлатҳои иштироккунанда ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаи онҳоро ба Давлатҳои иштироккунандаи дигар ирсол менамояд, супорида мешаванд. Изҳорот мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳ кардани Котиби генералӣ бекор карда шавад. Чунин бекоркунӣ набояд ба баррасии  ҳар гуна масъалае, ки мавзӯи ахбороти тибқи ҳамин модда аллакай ирсолшуда мебошад, зарар расонад; ҳеҷ гуна ахбороти минбаъдаи аз ҳар кадом шахс ё аз номи ӯ равонкардашуда мутобиқи ҳамин модда баъди огоҳинома гирифтани Котиби генералӣ дар хусуси бекоркунии изҳорот, қабул карда намешавад, агар Давлати иштироккунандаи дахлдор изҳороти нав содир накарда бошад.

 

Моддаи 78

 

Муқаррароти моддаи 76 ин Конвентсия бе зараре дар тартиботи ҳалли ихтилофҳо ё баррасии шикоятҳо дар соҳаҳое, ки ҳамин Конвентсия дар бар гирифта ва дар ҳуҷҷатҳои таъсисии Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсус ё Конвентсияҳои қабулкардаи он баён ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифта ба Давлати иштироккунанда барои чора ҷустан бо истифодаи ҳар гуна тартиботи ҳалли ихтилофҳо тибқи созишномаҳои байналхалқие, ки дар муносибати байни онҳо амал мекунанд, монеа намешаванд.

 

 

ҚИСМИ VIII

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 79

 

Ҳеҷ чиз дар ин Конвентсия ба ҳуқуқҳои ҳар кадом Давлати иштироккунанда дар хусуси муқаррар намудани меъёрҳои танзимкунандаи иҷозати коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо, дахолат намекунад. Дар робита бо масъалаҳои дигар, ки ба вазъу низоми ҳуқуқии онҳо ба сифати коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо дахл дорад, Давлатҳои иштироккунанда аз маҳдудиятҳое пайравӣ мекунанд, ки дар ҳамин Конвентсия муқаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 80

 

Ҳеҷ чиз дар ин Конвентсия набояд чун кам намудани аҳамияти муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсус, ки вазифахои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусро нисбат ба масъалаҳои дар ҳамин Конвентсия баррасишаванда муайян мекунад, шарҳ дода шавад.

 

 

Моддаи 81

 

Ҳеҷ чиз дар хамин Конвентсия ҳуқуқҳо ё озодиҳои нисбатан васеъро, ки ба коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилахои онҳо ба эътибори:

 

а) қонун ё амалияи Давлати иштироккунанда;

  1. b) ҳар кадом шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба, ки барои Давлати иштироккунандаи дахлдор эътибор дорад, дода мешавад, халалдор намесозад.

 

  1. Ҳеҷ чиз дар ин Конвентсия наметавонад тарзе тафсир дода шавад, ки ҳар давлат, гурӯҳи ашхос ё шахсони алоҳида ҳуқуқ доранд, ки дар ҳар кадом фаъолият иштирок кунад ё ҳар кадом амалро анҷом диҳад, ки мумкин аст боиси зарар ёфтани ягон ҳуқуқ ё озодиҳои дар ин Ковенсия дарҷёфта гардад.

 

Моддаи 82

 

Ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир  ва аъзоёни оилаҳои онҳоро, ки дар ин Конвентсия пешбинӣ шудаанд, рад кардан мумкин нест. Ба коргарони муҳоҷир  ва аъзоёни оилаҳои онҳо фишор овардан ба ҳар шакле бошад, то онҳо ҳар кадом ҳуқуқи дар боло зикрёфтаро инкор кунанд ё рад кунанд, ҷоиз нест. Ба эътибори ягон қарордод маҳдуд кардани ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия эътирофшуда иҷозат дода намешавад. Давлатҳои иштироккунанда барои таъмини риояи ин принсипҳо тадбирҳои лозимро меандешанд.

 

Моддаи 83

 

Ҳар як Давлати иштироккунандаи ин Конвентсия ӯҳдадор мешавад, ки :

 

а) ба ҳар шахс ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Конвентсия эътирофшударо, ки вайрон карда шудаанд, таъмин кунад ва воситаҳои самарабахши ҳимояи ҳуқуқиро, ҳатто агар ин вайронкунӣ аз ҷониби шахсони ба сифати расмӣ амалкарда содир шуда бошад, ба кор барад;

  1. b) шароите фароҳам созад, ки даъвои ҳар кадом шахс, ки чунин ҳимояро тақозо мекунад, баррасӣ гардад ва аз рӯи он қарори босалоҳияти ҳокимияти судӣ, маъмурӣ ё қонунгузорӣ ё ҳар кадом мақоми салоҳиятдори дигар, ки низоми ҳуқуқии Давлат пешбинӣ кардааст, бароварда шавад ва имкониятҳои ҳимояи судӣ инкишоф дода шавад;

с) истифодаи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро аз тарафи ҳокимияти босалоҳият вақте ки онҳо дода мешаванд, таъмин намояд.

 

Моддаи 84

 

Ҳар як Давлати иштироккунанда ӯҳдадор мешавад, ки тадбирҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои дигари заруриро барои ба амал баровардани муқаррароти ҳамин Конвентсия андешад.

 

 

ҚИСМИ IX

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 85

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид  маҳфуздорандаи ҳамин Конвентсия таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 86

 

Ин Конвентсия барои имзо кардани ҳамаи давлатҳо боз аст. Вай бояд тасдиқ карда шавад.

 

Ин Конвентсия барои ҳамроҳшавии ҳар кадом давлат боз аст.

 

Тасдиқномаҳо ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 87

 

Ин Конвентсия дар рӯзи аввали моҳ баъди гузаштани се моҳ аз таърихи барои нигоҳдорӣ супорида шудани ҳуҷҷати бистум оид ба тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.

 

Барои ҳар кадом Давлат, ки ин Конвентсияро тасдиқ мекунад, ё ба он баъди эътибор пайдо карданаш ҳамроҳ мешавад, Конвентсия дар рӯзи аввали моҳ баъди гузаштани се моҳ аз таърихи барои нигоҳдорӣ ҳуҷҷати худро оид ба тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ супоридани ин давлат, эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 88

 

Давлате, ки ин Конвентсияро тасдиқ мекунад, ё ба он ҳамроҳ мешавад, наметавонад, истифодаи ҳар кадом қисми вайро истисно кунад, ё бе ягон зарар барои моддаи 3, истифодаи онро нисбат ба категорияи алоҳидаи коргарони муҳоҷир истисно кунад.

 

Моддаи 89

 

Ҳар кадом Давлати иштироккунанда метавонад ҳамин Конвентсияро на барвақттар аз баъди гузаштани панҷ сол баъди барои давлати мазкур эътибор пайдо кардани Конвентсия аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба Котиби генералии СММ, якҷониба бекор кунад.

 

Чунин якҷониба бекор кардан дар рӯзи аввали моҳ баъди гузаштани дувоздаҳ моҳ аз таърихи огоҳинома гирифтани  Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, эътибор пайдо мекунад.

 

Чунин якҷониба бекор кардан Давлати иштироккунандаро аз ӯҳдадориҳояш, ки марбут ба ҳамин Конвентсия буда нисбат ба ҳар амал ё бефаъолиятии то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба ҷойдошта, озод намекунад ва бекоркунии якҷониба барои баррасии минбаъдаи ҳар   гуна масъала, ки то таърихи эътибор пайдо кардани чунин бекоркунии якҷониба  аллакай мавриди баррасии Кумита қарор гирифта буд, ҳеҷ  зараре намерасонад.

 

Баъди эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷонибаи Давлати иштироккунанда, Кумита баррасии ҳар кадом масъалаи навро нисбат ба ин Давлат оғоз намекунад.

 

Моддаи 90

 

Баъди гузаштани панҷ сол аз эътибор пайдо кардани ин Конвентсия дархост дар бораи таҷдиди  назар  кардани ин Конвентсия мумкин аст ҳар вақт аз тарафи Давлати иштироккунанда аз тариқи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ба миён гузошта шавад. Котиби генералӣ сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба Давлати иштироккунандаи ҳамин Конвентсия ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд то ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъват кардани конференсияи Давлатҳои иштироккунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодҳо ва гузаронидани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи ирсоли чунин нома ҳадди ақал аз се як қисми Давлатҳои иштироккунанда чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Њар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои Давлатҳои иштироккунандаи дар овоздиҳӣ ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шуда аст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шуданашон ва аз ҷониби аз се ду қисми Давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Конвентсия мутобиқи  расмиёти конститутсионии онҳо қабул карда шуданашон эътибор пайдо мекунанд.

 

Ҳангоме ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, онҳо барои Давлатҳои иштироккунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешаванд, аммо барои дигар Давлатҳои иштироккунанда муқаррароти ҳамин Конвентсия ва ҳар кадом ислоҳоти қаблӣ, ки аз тарафи онҳо қабул карда шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонанд.

 

Моддаи 91

 

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид мулоҳизаҳоеро, ки давлатҳо ҳангоми имзо кардан,   тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудан баён кардаанд, қабул карда ва ба ҳамаи давлатҳо мефиристонад.

 

Мулоҳизае, ки ба мавзӯъ ва мақсадҳои ин Конвентсия мутобиқат надорад, қобили қабул нест.

 

Мулоҳизаҳо мумкин аст дар ҳар вақт аз тариқи огоҳиномаи дахлдор, ки ба унвони Котиби генералӣ фиристода мешавад, бозпас гирифта шаванд, ки сипас дар ин хусус ба ҳамаи  Давлатҳои иштироккунанда хабар дода мешавад. Чунин огоҳинома аз рӯзи гирифта шуданаш эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 92

 

1.Ҳар гуна баҳс байни ду ё якчанд Давлатҳои иштироккунанда дар мавриди тафсир ё истифодаи ин Конвентсия, ки аз тариқи гуфтушунид наметавонад ҳал гардад, бо хоҳиши яке аз онҳо ба баррасии ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз таърихи супоридани ариза оид ба баррасии ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар мавриди баргузории баррасии ҳакамӣ ба мувофиқа расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо баҳси мазкур мумкин аст вобаста ба мақоми суд ба Суди Байналхалқӣ бо тарзи пешниҳод намудани ариза супорида шавад.

 

2.Ҳар як Давлати иштироккунанда ҳангоми имзо кардан ё  тасдиқ кардани ин Конвентсия ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он метавонад изҳор намояд, ки вай худро побанди ӯҳдадориҳои аз банди 1 ҳамин модда бароянда намеҳисобад. Дигар Давлатҳои иштироккунанда худро побанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати ягон Давлати иштироккунанда, ки чунин изҳорот баён намудааст, намеҳисобанд.

 

3.Ҳар кадом Давлати иштироккунанда, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад дар ҳар лаҳза бо огоҳ намудани Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид изҳороти худро бекор кунад.

 

 

Моддаи 93

 

1.Ин Конвентсия, ки асли матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид  супорида мешавад.

 

2.Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ин Конвентсияро ба ҳамаи давлатҳо  мефиристад.

 

Ба тасдиқи ин намояндагони дар зер имзокардаи ваколатдори аз тарафи ҳукуматҳои дахлдори худ ба тарзи бояду шояд барои он ваколатдоршуда ҳамин Конвентсияро имзо карданд.