КАРИМЗОДА ТОҲИР
28 январи соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Соли 1987 – Техникуми политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм кардааст;
Солҳои 1989-1990 – Касбомӯз дар сехи инструменталии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстильмаш», шаҳри Душанбе;
Соли 1990 (02-04) – Коргари сехи инструменталии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстильмаш», шаҳри Душанбе;
Солҳои 1990-1993 – Устои сехи инструменталии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстильмаш», шаҳри Душанбе;
Солҳои 1993-1995 – Сардори сехи пластмаси Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстильмаш», шаҳри Душанбе;
Солҳои 1995-1996 – Мудири шуъбаи иқтисод ва тиҷорати дастгоҳи Ҳукумати ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе;
Солҳои 1996-1999 – Муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;
Солҳои 1999-2001 – Директори КВД «Деҳқон»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Душанбе ;
Солҳои 2001-2002 – Директори КВД «Шоҳмансур»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Душанбе;
Солҳои 2002-2007 – Саринспектори Инспексияи давлатии меҳнати шаҳри Душанбе;
Соли 2003 – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст;
Солҳои 2007-2014 – Сардори шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе;
Солҳои 2014-2015 – Муовини сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз майи соли 2015 то ҳоло – Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Соли 2017 – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Ду маротиба Вакили Маҷлиси вакилони халқ аз ноҳияи Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016, № 723 бо медали давлатии хизмати шоиста ва аз 5 сентябри соли 2014, №7м аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мукофотонида шудаааст.
Дорандаи рутбаи ҳарбии подполковник мебошад.
Забонҳои русӣ (озодона), англисӣ ва узбекӣ (дар сатҳи муошират)-ро медонад.
Оиладор, соҳиби як фарзанд.