ВОКУНИШҲО

Маҳпора Киромова, муаллифи филмҳои “Мардикор” ва “Селканда” дар портали 180° ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, менависад, ки тибқи маълумоти дар натиҷаи ҳамкорӣ ва вокуниши Хадамоти муҳоҷират бадастомада, соли равон сад оила аз деҳаҳои ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ ба минтақаҳои бехавф кӯчонида мешаванд. Дар идома, мазмунан қайд мекунад, ки воқеан вазифаи Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пешбурди кор дар самти муҳоҷирати экологӣ иҷро гардидааст.

Ташаккур ба Ширин Амонова ва Хадамоти муҳоҷират барои шунидан (назари мардум ва хабарҳои рӯзноманигорон) менависад рӯзноманигор.

Мавриди қайд аст, ки баъди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидидани навори “Селканда” муаллифи матлаб, рӯзноманигор Маҳпора Киромова ба Хадамоти муҳоҷират даъват шуда, бо роҳбарияти Хадамот ҳамсӯҳбат гардид. Дар рафти ин сӯҳбат ба рӯзноманигор маълум шуд, ки қабл аз таҳияи навор маълумоти пурра дар бораи муҳоҷирати экологӣ ва тартиби кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ надоштааст. 

Дар сӯҳбат бо Маҳпора Киромова Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баён намуд, ки “Мо омодаем ҳамеша бо матбуот ҳамкорӣ кунем. Аз шумо бори дигар даъват ба амал меорем, ки қабл аз расонаӣ кардани матлабҳои худ доир ба самти муҳоҷират аз мо маълумоти лозимаро гиред, то матлаби омода намудаатон аз ҳар дид саҳеҳ бошад”.

Дар навбати худ Хадамоти муҳоҷират ба рӯзноманигор бори дигар изҳори ташаккур мекунад.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо