ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шаҳрвандон метавонанд ба шаклҳои хаттӣ, шифоҳӣ ва электронӣ муроҷиат намоянд.

Барои қабули шаҳрвандон дар Хадамоти муҳоҷирт ҳар ҳафта рӯзи шанбе муайян гардидааст. Шаҳрвандон – муроҷиаткунандагонро Сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини якуми Сардор ва муовини Сардор қабул менамоянд.

Барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ ва санҷиши ҳолати манъи вуруд (депортатсия) ба Федератсияи Россия шаҳрвандон метавонанд аз рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 (ба истиснои вақти хӯроки нисфирӯзӣ – аз соати 12:00 то 13:00) ва рӯзи шанбе аз соати 9 то 12 ба Хадамоти муҳоҷират, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, шуъбаву бахшҳои Хадамот дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Марказҳои машваратӣ ва омодасозии қабл аз сафари муҳоиҷрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Муроҷиатҳои электронӣ тариқи почтаи info@infomuhojir.tj ё саҳифаи Хадамот дар шабакаҳои иҷтимоӣ (дар Фейсбук “Хадамоти муҳоҷират/Миграционная служба”) қабул карда мешаванд.

Барои муроҷиат кардан тариқи хаттӣ бояд мароҷиатро ба Хадамоти муҳоҷират (735410, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, рӯ ба рӯӣ маркази тиббии №3), шуъбаи умумӣ ва ташкилӣ пешниҳод кард.

 

Диққат!

  Муроҷиатҳое,  ки бе баррасӣ мононда мешаванд:

  • Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси  воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд;
  • Тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳояшонро надоранд;
  • Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси  воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он ба таври аниқ зикр ёфтаанд, вале бидуни ризоят ва иҷозати муроҷиаткунанда пешниҳод шудаанд;
  • Агар хондани матни муроҷиатҳои хаттӣ ғайриимкон бошад;
  • Агар додани посух аз рўи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошташуда бе ифшо намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда ғайриимкон бошад;
  • Муроҷиатҳои хаттие, ки дар он калимҳои қабеҳ ва таҳқиромез, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк баён гардидаанд. 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо