Маълумот оид ба созишномаҳо дар самти муҳоҷират

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо давлатҳои Россия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон Қатар, АМА, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳо дорад. Ҳамкориҳо дар асоси Созишномаҳо ва Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудаанд.

Дар умум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷа 12 Созишнома дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида, ҳамчунин 5 лоиҳаи Созишнома дар ҳолати баррасӣ қарор доранд. Аз ҷумла:

-Федератсияи Россия – 3 созишнома ба имзо расонида шудааст. 5 созишнома дар ҳолати баррасӣ қарор дорад. 

-Беларус – 3 созишнома;

азоқистон – 3 созишнома;

ирғизистон – 1 созишнома;

атар – 1 созишнома;

индустон – 1 созишнома;

-Туркия – 1 созишнома;

-Озарбойҷон – 1 созишнома.

 

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва Федератсияи Россия


1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии тоҷикистон 16 октябри соли 2004 ба имзо расидааст.

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия 8 феврали соли 2013 ба имзо расидааст. 

3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Ҳудуди Федератсияи Россия 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.

 

Созишномаҳое, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳолати баррасӣ қарор доранд


  1.  Лоиҳаи Созишнома оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии ВКД-и ФР ва намояндагии ВММваША ҶТ дар ФР – Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати анҷом додани тартиби барасмиятдарории дохилидавлатӣ барои баимзорасонӣ вазифадор карда шудаанд.
  2.  Лоиҳаи Созишнома байни ҲФР ва ҲҶТ оид ба реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он аз ҷониби ВКД ҶТ ба ВММваША пешниҳод гардид. Лоиҳаи мазкур қобили дастгирӣ дониста шуд.
  3.  Лоиҳаи Созишнома байни ҲФР ва ҲҶТ оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ марбут ба масъалаҳои вобаста ба мақомотҳои салоҳиятдори корҳои дохилӣ.
  4. Лоиҳаи Созишнома байни ҲҶТ ва ҲФР дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҶТ дар қаламрави ФР ва шаҳрвандори ФР дар қаламрави ҶТ.
  5. Созишнома байни ҲФР ва ҲҶТ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа – ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ супориш дода шуд, ки дар муддати як моҳ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ФР бо назардошти мавқеашон лоиҳа ирсол карда шавад.

 

 Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Қазоқистон


Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз 15 апрели соли 1994 байни давлатҳои аъзои ИДМ устувор монданд. Созишномаи мазкур дар шаҳри Остона 4 майи соли 2006 ба имзо расид. 

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он мутобиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 марти соли 2019 Ҷумҳурии Қазоқистон Созишномаи мазкурро ба тавсиб расонида, он этибор пайдо намуд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 марти соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расид, аз 22 феврали соли 2019 эътибор пайдо намуд. Бояд қайд кард, ки пештар муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони мо дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 5 рӯз иборат буд. Ҳоло муҳлати бақайдгирӣ 30 рӯз ва муҳлати будубош 90 рӯзро ташкил медиҳанд.

  

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорусия


  1.   Созишнома оид ба ҳамкории дутарафа байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Беларус аз 23 апрели соли 2004 амал карда истодааст.
  2.   Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорусия оид ба фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
  3.  Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус аз 28 октябри 2016 амал карда истодааст.

 

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон


 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии коргарони муҳоҷир 6 майи соли 1998 ба имзо расидааст. 

 

Созишномаҳо баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Давлати Қатар


 Созишнома байни ҲҶТ ва ҲДҚ оид ба танзими қувваи корӣ 3 феврали соли 2019 ба имзо расонида шуд. 

 

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон


  Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҳукумати Ҳиндустон 3 сентябри соли 2018 ба имзо расонида шудааст.

 

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия


 Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябри соли 2002 ба имзо расонида шудааст.

 

Созишномаҳои баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Озарбойҷон


 Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 20 июни соли 2016 ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо