6 июл бо иштироки Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир фаъолияти шаш моҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсат Қирғизбек Зокирзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шоди Азизович ва сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир фаъолияти кории Раёсатро мавриди таҳлил қарор дода, ба ҳозирин супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки фаъолияти худро дар нимсолаи дуюми соли равон ҷонок намуда, баҳри ба даст овардани натиҷаҳои назаррас тамоми донишу малакаи худро истифода баранд.
Ҳамзамон Каримзода Тоҳир вобаста ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят, додани иҷозатномаи корӣ ба онҳо, бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридашон ба кишвари Россия ва дигардавлатҳои қабулкунанда манъ аст, дастуру супоришҳо дод.
“Хадамоти муҳоҷират бояд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба кишварҳои қабулкунанда манъ аст ҳамкориҳоро пурзур кунанд. Ғайр аз ин, аз натиҷаҳои ярмаркаҳои ҷои кори холие, ки Агентии шуғли аҳолии вилоят баргузор мекунад натиҷагирӣ карда дар сурати лозима бо роҳбарони ташкилоту идораҳо ҳамкорӣ намуда, то ин гурӯҳи муҳоҷирон шаҳрвандони ҷумҳурӣ бе ҷои кор намонанд”, – афзуд Сардори Хадамот.
Дар фарҷоми ҷаласа Каримзода Тоҳир дар самти муҳоҷирати дохилию экологӣ ва сари вақт кӯчондани онҳо ба ҷойҳои лозима, расонидани кӯмак дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок, ки барои онҳо пешбинӣ шудааст ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вазифагузорӣ намуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират