Аксияи муштарак ва ярмаркаи ҷойҳои холии кор

[:tj] 

Дар доираи баргузории чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷир 18-уми декабри соли равон бо ташаббуси раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд аксияи маърифатӣ – иттилоотӣ ва ярмаркаи ҷойҳои холи кор ва вазифаҳои озод доир гардид.

Ҷойи баргузории чорабиниҳои мазкур майдони Регистони шаҳри Хуҷанд буд. Дар ташкил ва гузаронидани онҳо ҳамчунин Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, марказҳои вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), марказҳои саломатии шаҳрӣ, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», «ХЕЛВЕТАС», ҶДММ ШТРР «Тироз» ва Муассисаи давлатии «Бозори Панҷшанбе»-и Ҷамъияти матлуботи вилоят саҳмгузорӣ намуданд.

Дар рафти аксияи иттилоотӣ – маърифатӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории КОВИД – 19, мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда,  ба шаҳрвандони ба ярмарка ташрифоварда ба миқдори муайян ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим гардид.

Ҳамагӣ аз ҷониби 351 корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ярмарка 1470 ҷойҳои холи кор ва вазифаҳои озод ба корҷӯяндагон пешниҳод гардид. Дар умум 50 нафар шаҳрвандон барои таъмин шудан бо ҷойи кор роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагон ва шарикони ҳамкори онҳо ба зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони ташрифоварда наздик ба 10 номгӯй дастурамалу варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, роҳнамо ва тақвими соли 2021 ба таври ройгон дастрас карда шуд.

 

                                                          Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо