Амалиёти фаврӣ-профилактикӣ «Нелегал-2018»

[:tj]Бо мақсади ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, пурзўр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 17 сентябр дар ҳудуди ВМКБ низ марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал – 2018” оғоз ёфт, ки то 25 сентябр идома ёфт.

Дар ин амалиёт гурўҳҳои санҷишии шуъбаи Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иштирок намуданд.

Дар давоми рўзҳои 17 -25 сентябр дар рафти чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус гурўҳи санҷишии шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 2 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро ошкор намуд. Нисбати онҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба мақомоти суд пешниҳод карда шуд.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳангоми гузаронидани амалиёт ҳамагӣ 169 – нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода шуданд. Аз  ин шумора  11 – нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, 20 – нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 1 – нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова,  12 – нафар шаҳрвандони Ҳиндустон,  115 – нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой, 2 -нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия, 8 – нафар шаҳрвандони Россия  таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Аз тарафи гурўҳи номбурда суҳбатҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони маъсули қабулкунанда дар самти риояи қоидаҳои будубош аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуданд.

 

                                                                          Хайруллоев Нуриддин

                                                                    сармутахассиси шуъбаи Хадамоти

                                                                                        муҳоҷират дар ВМКБ 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо