Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд

[:tj]Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти соҳаҳо ва ободонии диёр ҷалб намудани соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар дар маркази диққати Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор дорад ва ҳамасола дар ин самт корҳои муайян ба иҷро мерасанд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», ҳамчунин  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо ва ҷалб намудани диққати соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзии шароитдошта ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба саҳмгузорӣ дар ободонии диёр дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчунин бо Маркази фарҳангии ҷамъиятии тоҷикон “Сино” ва Маркази ёрии ҳуқуқӣ – иҷтимоӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирон “Золотой Челнок”-и шаҳри Рязан, Ташкилоти ҷамъиятии “Аҷам”-и шаҳри Санкт – Петербург, Маркази фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Калининград, Ҷамъияти фарҳангии “Осиёи Марказӣ” дар Карелия, Ташкилоти ҷамъиятии “Ваҳдат” ва Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Оренбург, Агентии ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шаҳри Қазон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сомон”- и шаҳри Кемерово ҳамкорӣ намуда истодааст.

Дар давоми нимсолаи аввал ва моҳҳои августу сентябри соли 2018 ҳам Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷамъ овардани маълумоти муфассал дар бораи ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншоотҳо, ғамхорӣ нисбати ҳамватанон дар дохили Тоҷикистон ё дигар кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда доранд, корбарӣ намуданд.

Дар маълумотномаҳо дар баробари зикри ному насаб, суроға, намуди фаъолияти соҳибкорон ҳамзамон корҳои дар  самти бунёдкорию созандагӣ иҷронамуда, амалҳои хайриявӣ ва рўйхати иншоотҳои сохтаю шумораи ҷойҳои кории фароҳамовардаи онҳо ба таври дақиқ нишон дода, ҳамзамон дар бораи нафарони дар ин самтҳо пешқадам маълумот ҷамъ оварда шуд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, амалҳои хайриявӣ ва ободонии диёр, бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун махсусан соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара,  Конибодом, Бўстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Айнӣ, Ашт ва Мастчоҳ пешқадам мебошанд.

Гурўҳҳои кории Раёсат ва намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо зимни ташкили мулоқоту вохўрӣ бо аҳолӣҳамеша ба ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар таваҷҷўҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз онҳо даъват ба амал меоранд, ки ҷавобан ба ҳидояту дастурҳои Пешвои муаззами миллат барои халқу диёри худ содиқона хизмат кунанд ва сазовори иззату эҳтироми мардум шаванд.

Боиси қаноатмандист, ки масъалаи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар дар меҳвари фаъоли яти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ қарор дорад ва дар самти мазкур мунтазам чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Аз ҷумла дар асоси қарори Раиси вилоят аз 27 августи соли 2018, №371 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд” санаи 7-уми сентябр дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат муҳтарам Давлаталӣ Саид, Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ ва дигар шахсони даъватшуда Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд доир гардид. Зиёда аз 65 нафар соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ин чорабинӣ аз ҷониби Раёсат даъват карда шуданд

Анҷумани мазкур ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар вилояти Суғд, Намоишгоҳи молу маҳсулот ва Анҷумани доираҳои соҳибкории вилоятҳои Суғду Самарқанд ва дигар чорабиниҳои идона ҳамрадиф омад. Бо назардошти ин, вакилону иштирокчиёни Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд дар ҳамаи ин чорабиниҳо ширкат варзиданд ва давоми ду рўз Сардор ва намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳи онҳо қарор доштанд.

Ёдовар, мешавем, ки дар Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд наздик ба 70 нафар соҳибкорони тоҷик, ки дар вилоятҳои гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолияти соҳибкорӣ доранд, иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳташам тақвият бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории соҳибкорони бурунмарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Боиси қайд аст, ки дар ташкил ва гузаронидани анҷуман ба ҳайси ҳамкор Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ саҳми арзандаи худро гузошт.

Ҳамин тавр Анҷумани нахустини соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

 

                                                                                        Мардон Қурбонов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо