Баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Тағйироти соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҷомеаи рақамӣ»

15 июни соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд ба зарурати тағйир додани соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, андешидани чораҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯи равишҳои инноватсионии ба мушкилоти замони мо нигаронидашуда бо назардошти татбиқи технологияҳои рақамӣ барои ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар мавзӯи «Тағйироти соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҷомеаи рақамӣ» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд.

Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ, коршиносону масъулини соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, шарикони рушд ва иҷтимоӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Конфронс бо ҷаласаи пленарӣ оғоз шуда, дар се бахши фарогири соҳаҳои муҳими иҷтимоию меҳнатӣ:

– Инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи шуғл ва малакаҳои касбӣ;

– Платформаҳои рақамӣ дар танзими равандҳои муҳоҷират;

– Ҳифзи иҷтимоӣ дар шароити рақамикунонии ҷомеа идома ёфт.

Ҳамчунин, ба кори конфронси байналмилалӣ аз тариқи фосилавӣ – видеоконференсия олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз хориҷи кишвар низ ҳамроҳ шуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода конференсияро ифтитоҳ намуда қайд намуд, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар заминаи консепсияи мазкур лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 таҳия гардидааст, ки мақсади барномаи мазкур низ тезонидани суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дурнамои миёнамуҳлат, инчунин шароити мусоид барои гузариши иқтисоди кишвар ба модели нави рушд, бо таъмини ташкили иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуддат ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротӣ ва ҳамзамон таъмини талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имкон фароҳам меорад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият ва ба соддагардонии расмиёт мусоидат менамояд. Махсусан, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, муҳимияти масъала ва зарурату дурнамои он аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимону муҳаққион ва коршиносони соҳа тавассути маърӯзаҳои илмӣ зикр шуда, тавсияҳои ҷолиб манзур намуданд.

Дар хотима натиҷаи кори бахшҳои мавзӯӣ ҷамъбаст гардида, бо назардошти пешниҳоди иштирокдорон тавсияҳо барои истифода дар самти рушди рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ қабул карда шуданд.

 


  

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо