Баррасии мавзӯи муҳоҷирати бехатар

[:tj] 

 

Аз нимаи дуюми моҳи март муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, аз ҷумла ба Федератсияи Россия муваққатан қатъ гашта бошад ҳам, масъалаи муҳоҷирати бехатар ҳанӯз дар мадди назарҳо қарор дорад. Муҳоҷирони меҳнатии собиқ боз ба марказҳои маълумотдиҳии раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо барои муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон ва гирифтани маълумот оид ба муҳоҷирати бехатар ташриф меоранд. Ҳамин гуна маслиҳат ба онҳо дар Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ҳам дода мешавад.

Бо назардошти муҳимии мавзӯъ радиои давлатии вилояти Суғд барномаи навбатии мустақими «Мавзӯи муҳим»-ро ба масъалаи муҳоҷирати бехатар бахшид, ки дар рафти он сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Диловар Муродов ба пурсишҳои шунавандагон посух гуфт.

Ҳамагӣ дар рафти барнома ба 19 саволи шунавандагон ҷавоб гардонида шуд.

 

                                                                         Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо