Ҳайати кории Ҳукумати Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
19 апрели соли равон таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ Анвар – роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко роҳбари ҳайати Федератсияи Россия ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории кори ҷаласа ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин, масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши мувақаттии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардид.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуда, ҷонибҳо қайд намуданд, ки танзими равандҳои муҳоҷират аз масъалаҳое мебошад, ки дар оянда низ мубрам боқӣ мемонад ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият дода мешаванд.
Ин шом ҳайати расмии Ҳукумати Федератсияи Россия аз мавзеъи таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” ва боғи фарҳангии ба номи “Куруши Кабир” дидан намуданд.