Баррасии мушкилоти муҳоҷирони экологӣ

[:tj]31 июл бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, сарпарасти соҳаи муҳоҷират Абдуқаюмзода Ҷ. А., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саторова М.К. ва дигар аъзоёни Комиссияи маҳаллии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва як гурӯҳ муҳоҷирони экологӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис ҳамагӣ як масъала-ташкили инфрасохтор дар маҳалҳои барои муҳоҷирони экологӣ ҷудогардида баррасӣ шуд.

Маҷлис таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, сарпарасти соҳаи муҳоҷират, раиси Комиссияи байниидоравӣ Абдуқаюмзода Ҷ.А. ҷараён гирифт. Баъди анҷоми қисмати расмӣ гузориши сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саторова М.К. оид ба корҳои иҷрошуда дар самти мазкур шунида шуд.

Дар гузориш аз ҷумла қайд гардид, ки Комиссияи байни идоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд бо қарори Раиси шаҳр аз 13.07.2015, №498 таъсис ёфта, то имрўз фаъолият мебарад.

Аз тарафи шуъбаи Хатамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд бо   муҳоҷирони экологӣ вохўриҳо вобаста ба  иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағҳои ҷудошуда мунтазам баргузор карда мешавад, ки дар рафти онҳо сардор ва кормандони шуъба оиди ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирони экологӣ маслиҳат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Аз соли 2011 то 2018 46 оилаҳо ҳамчун муҳоҷирони экологӣ эътироф шудаанд, ки сатҳи намнокии зеризаминӣ дар хонаҳои онҳо баланд мебошад. Ба  ин нафарон дар асоси қарорҳои дахлдор аз маҳаллаҳои 1,2,4,5,13,14,15 ва 26-и шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзили зист қитъаҳои замин ҷудо шудааст. Ин шаҳрвандон–муҳоҷирони экологӣ корҳои ободонию сохтмониро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии худ оғоз намудаанд. Барои боз ҳам тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби  муҳоҷирони экологии солҳои 2011-2018 кормандони шуъба бо сарварони 46 оилаҳои муҳоҷирони экологӣ вохӯрӣ гузаронида, аз рафти корҳо дидан намуданд. Дар рафти мулоқотҳо муайян гардид, ки дар баробари пешравиҳо баъзе муаммоҳои ҳалталаб низ мавҷуд мебошанд ва ҳалли онҳо аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти аъзоёни Комиссияи байни идоравӣ вобастааст.

Муҳоҷирони экологии соли 2011 8 оила мебошанд, аз шумораи умумӣ 4 хона тайёр шудааст ва айни ҳол 2 оила дар манзили нав истиқомат карда истодаанд. 2 оилаи дигар аз сабаби набудани барқу об кӯч набардоштаанд. 4 оилаи деворҳои хонаро бардошта шудаанд ва иморати онҳо барои бомпӯш кардан тайёр аст.

Муҳоҷирони экологии солҳои 2012-2013 20 оиларо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 8 хона тайёр шудааст. Пас азан ҷоми корҳои тармимӣ дар дохили хона аъзоёни оилаҳо кӯч мебанданд. 8 оилаи дигар деворҳои хонаро бардошта, барои бомпӯшкунӣ омода карда истодаанд. 4 оила бошанд, ба бардоштани девори хона шурӯъ намудаанд.

Муҳоҷирони экологии солҳои 2014-2015 ҳамагӣ 8 оила буда, 4 оила хонаҳояшонро тайёр кардаанд ва 4 оилаи дигар деворҳои хонаҳоро бардоштаанд.

Муҳоҷирони экологии соли 2016 4 оилаанд, 2 оила таҳкурсии хонаҳоро рехтаанд ва 2 оила ба сохтмон шурӯъ накардаанд.

Се хоҷагии муҳоҷирони экологии  соли 2017 низ баъди огоҳ карда шуданашон аз ҷониби гурӯҳи кории шуъба ба корҳои сохтмонӣ оғоз намуданд.

Се оилаи муҳоҷирони экологии соли 2018 соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гаштанд. Муҳоҷирон ҳамзамон соҳиби шаҳодатнома (сертификат) барои истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд ва ба корҳои сохтмонӣ оғоз намуда истодаанд.

Дар умум ҳамагӣ 16 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ сохтмонро ба пуррагӣ ба анҷом расонидаанд ва аз сабаби набудани инфрасохтор ба манзили истиқоматишон кӯч баста наметавонанд.

Баъд аз шунидани гузориши М.Саторова раиси Комиссияи байниидоравӣ аз аъзоёни масъул вобаста ба муаммою мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал овард. Аз ҷумла оид ба масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, нерӯи барқ ва ба тартиб даровардани роҳҳо ба саволҳои додашуда мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и шаҳр Муҳаммадзода М.М., директори КВДК “Хуҷанд обу канал” Қодиров А., сардори Шабакаҳои барқи шаҳр Пулотов Р. ҷавоб доданд. Аз рафти саволу ҷавоб маълум шуд, ки ба вуҷуд овардани инфрасохтор асосан вобаста ба маблағгузорӣ мебошад. Ҳамчунин бунёди хатҳои обу ташноб, нерӯи барқ ва таъмири роҳҳо вақту муҳлати муайянро талаб менамояд. Масалан аз рӯи нақша масъалаи таъминот бо об дар соли 2019 ҳалли худро меёбад.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Абдуқаюмзода Ҷ. таклифу пешниҳоди як гурӯҳ муҳоҷирони экологӣ низ шунида, ба саволҳояшон посух дода шуд. Бо назардошти гузориши сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, таклифу пешниҳоди муҳоҷирони экологӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо онҳо Раиси Комиссияи байни идоравӣ дар назди аъзоёни Комиссия вобаста ба ислоҳи саривақтии камбудиҳо вазифагузорӣ намуд:

Аз ҷумла, КВДК“Хуҷанд обу канал” вазифадор шуд, ки ҳамкориро бо ширкати хусусии “Хизматрасон-2013”ба роҳ монда, вобаста ба тезонидани корҳои сохтмонӣ дар самти кашидани хати об ба масофаи 700 метр чораҳои амалӣ андешад. Ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр супориш дода шуд, ки дар давоми 2 ҳафта ҷиҳати ба тартиб даровардани роҳҳои мувақатии маҳаллаи 2, аз ҷумла аз харсангҳо тоза намудани он корбарӣ намояд. Шабакаҳои барқи шаҳр ҷиҳати дар ҳамкорӣ бо шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ давоми 1 ҳафта омӯзиши мавзеъҳои барои шинонидани таҷҳизоти барқӣ ва ташкили зеристгоҳи барқӣ пешбинишуда ва дар давоми 2 ҳафтаи минбаъда ҳал намудани масъалаи таъминот бо барқ дар маҳаллҳои зисти муҳоҷирони экологӣ масъул гардид.

Раиси Комиссияи байни идоравӣ ба самъи муҳоҷирони экологӣ расонид, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба ҳар дархосту пешниҳоди иҷрошудаи онҳо ҳатман тариқи хаттӣ хабар медиҳад.

Ҷаласа бо қабули қарори дахлдор ба анҷом расид.

Мардон Қурбонов   [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо