Баррасии рафти татбиқи консепсия

[:tj] 

Дар машваратҳои кории назди роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Биволида Самадӣ баррасии рафти татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд, стратегияву консепсия, барномаҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷату санадҳои назоратӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар машварати корие, ки 15 апрел доир гардид, рафти татбиқи                                              Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020”, ки бо қарори Раиси вилоят №242 аз 18 майи соли 2015 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур аз 7 банд иборат мебошад ва тибқи он таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва намояндагони диаспораҳо, марказҳои иҷтимоӣ, коршиносон доир ба рушди диаспораҳо дар хориҷа; баргузор намудани конфронс, мизи мудаввар, семинарҳо барои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар; гузаронидани озмунҳо бо мақсади ҳавасманд намудани диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла «Иттиҳодияи беҳтарини диаспораҳои тоҷикони ҷаҳон», «Олими беҳтарини диаспораи тоҷикони ҷаҳон», «Беҳтарин Маркази фарҳангии диаспораҳои тоҷик», «Беҳтарин мактаби тоҷикии диаспораҳои тоҷик», «Беҳтарин рӯзноманигори диаспораҳои тоҷик»; ҷалби диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмазӣ барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дастгирии ҳамватанони соҳибистеъдод: ҳайкалтарошон, меъморон ва ҷалби онҳо барои иштирок дар озмунҳо оид ба сохтмони муҷассамаҳо, биноҳо ва иншооти дар пойтахти кишвар, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои он бунёдшаванда; ташкили шабҳои эҷодии шоирону нависандагон ва шахсони боистеъдоду шинохтаи ҳамватанони бурунмарзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва мусоидат ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ дар таъмини корҳои ташкилию техникӣ, ҷиҳозҳо ва адабиёт назардошт шудаанд.

Доир ба рафти татбиқи Консепсия дар назди иштирокчиёни машварати корӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузориш дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи он  дар ҳайати Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилоят, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, Зайнура Шарифӣ – сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва аъзоён дар ҳайати Сардории Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати адлия, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, сардори Сарраёсати молия, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Раёсати фарҳанг, сардори Раёсати маорифи вилоят, сардорони шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сарвари ҷамъияти фарҳангии тоҷикон «Ҳамватан» дар вилояти Иркутски Федератсия Русия (Муриватшо Маликшоев), соҳибкорон – ҳамватанони бурунмарзӣ Зиёваддин Ёров, Айём Зокиров ва Миразиз Амаков Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис ёфтааст.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба татбиқи “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», ҳамчунин  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо ва ҷалб намудани диққати соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзии шароитдошта ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба саҳмгузорӣ дар ободонии диёр чандин сол боз бо Маркази фарҳангии ҷамъиятии тоҷикон “Сино” ва Маркази ёрии ҳуқуқӣ – иҷтимоӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирон “Золотой Челнок”-и шаҳри Рязан, Ташкилоти ҷамъиятии “Аҷам”-и шаҳри Санкт – Петербург, Маркази фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Калининград, Ҷамъияти фарҳангии “Осиёи Марказӣ” дар Карелия, Ташкилоти ҷамъиятии “Ваҳдат” ва Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Оренбург, Агентии ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони шаҳри Қазон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сомон”- и шаҳри Кемерово ҳамкорӣ намуда истодааст.

Масъалаи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар дар меҳвари фаъоли яти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ қарор дорад ва дар самти мазкур мунтазам чораҳои амалӣ андешида мешаванд.  Далели ин гуфтаҳо дар асоси қарори Раиси вилоят аз 27 августи соли 2018, №371 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд” санаи 7-уми сентябр дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат муҳтарам Давлаталӣ Саид, соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ ва дигар шахсони даъватшуда доир гардидани Анҷумани 1-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд мебошад. Зиёда аз 65 нафар соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ин чорабинӣ аз ҷониби Раёсат Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд даъват карда шуданд ва сазовор қадрдонӣ гардиданд.

Раёсат дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак ва аёдати ҳамватанони бурунмарзӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба вилояти Иркутск сафари корӣ анҷом дод. Айни замон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ҳамин мақсад бо сафари корӣ дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия қарор дорад.

Баъд аз шунидани гузориши муфассали сардори Раёсат Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Биволида Самадӣ аз як қатор аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пурсиш ба амал овард ва бо вазифагузорӣ дар назди ҳозирин машварати кориро ҷамъбаст кард.

 

                                                                                             Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо