Бахши Хадамоти муҳоҷират аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиениро ба аҳолии Варзоб мефаҳмонанд

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, шўроҳои маҳалла ва ҷамоатҳои деҳот бо истиқоматкунандагони ноҳия суҳбат намуданд.

Зимни вохўриҳо ба сокинони ноҳия зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пўшидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонида шуда, оид ба роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот дода шуд.

Аз ҷониби аҳолӣ суҳбатҳои судманд  дуруст пазируфта шуда, ҷиҳати андешидани ҳамаи тадбирҳо барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии «коронавирус» омодагӣ изҳор гардид. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб идома доранд.

                                                                Олимзода Орифҷон Олим

                            мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб        

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо