Бо Пешвои миллатем!

[:tj] 

 

Айни замон ташкилотҳо ва кумитаҳои иҷроияи ибтидоии дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд амалкунандаи ҲХДТ фаъолияти худро дар соли 2020 ҷамъбаст намуда, нақшаҳои корашонро барои соли 2021 тасдиқ намуда истодаанд. Аз ҷумла, баъди баргузории ҷаласаи ҳисоботии раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Муҳоҷир»-и назди раёсат доир гардид. Дар ин чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти маҷлис оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 раиси ташкилоти ибтидоӣ – сардори раёсат Зайнура Шарифӣ гузориш дода, барои ҳамкории босамар дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва дастгирию қадршиносии мунтазами аъзоёни фаъоли ҳизб ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд миннатдорӣ баён намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни суханрониаш баён дошт, ки айни замон дар миқёси шаҳри Хуҷанд 240 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мебаранд. Ҳамкории ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир» бо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ махсусан дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва маъракаҳои сиёсӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавию барномавии ҳизб, робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии марказҳои миллӣ – фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ва диаспораҳои ҳамватанони бурунмарзӣ чун шарикони рушди кишвар басо назаррас аст.

Наим Маликисломӣ махсус таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мусофират ҳамеша бо ёди Ватан ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аз пешрафту шукуфоии диёри аҷдодӣ шодмонию ифтихор менамоянд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ иқдому ташаббусҳои ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир»-ро дастгирӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизбро қадршиносӣ менамояд.

Дар рафти ҷаласа нақшаи кори ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид ва ба чор нафар аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамчунин як қатор аъзоёни фаъоли ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

                                                                                          Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо