Вохўриҳои судманд дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

[:tj]Чанде пеш дар Ҷамоату деҳоти ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод вохўрии кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»- дар шаҳри Душанбе бо  иштироки 180 нафар сокинони ин минтақа баргузор гардид.

Зимни баромади худ кормандони масъули Марказ ба ҳозирин дар бораи омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ин минтақа пеш аз сафар ба Федератсияи Русия расонида шуд. Аз ҷумла, дар бораи дуруст пур кардани корти муҳоҷиратӣ, тартиби расман гирифтани патент,  иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оиди донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, фаҳмонидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои корфармо ва коргар, инчунин пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурўҳҳои ифротгаро дар давлати бокортаъминкунанда ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид.

Ба иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин рўйхати ҷойҳои корҳои холӣ бо номгўи пурраи ихтисосҳо, шароити корӣ, меъёри музди меҳнат, талаботи корфармо нисбат ба муҳоҷири меҳнатӣ пешниҳод карда шуд.

Дар хатми ҷамъомадҳо аз тарафи кормандони Марказ ба саволҳои сокинони ноҳияҳо посухҳо дода шуда, ба ҳар кадоми онҳо ёддоштҳо оиди тарзи дуруст ва қонунӣ фаъолияти корӣ ва иқомат намудан дар кишвари Русия тақдим карда шуд.

Чунин вохўриҳо дар дигар Ҷамоатҳои деҳотӣ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Минҳоҷиддин Бақоев

                                 машваратчии МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ

                          пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»- дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо