Вохўрӣ бо раиси ҷамъяити тоҷикони вилояти Иркутск

[:tj]29 май дар толори Хадамоти муҳоҷират дарси навбатии омўзишӣ бо иштироки раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутскии  Федератсияи Россия «Ҳамватан» Муриват Маликшоев баргузор гардид.

Дар баромади худ М.Маликшоев фаъолияти ҷамъияти тоҷикони Иркутскро  муаррифӣ намуда, ҳозиринро аз ҳаёти тоҷикони вилоят ошно намуд. Ў зимни суҳбат оиди он мушкилиҳое, ки шаҳрвандони мо дар ин минтақа дучор мешаванд ибрози ақида кард. Аз ҷумла, омода намудани ҳуҷҷатҳо пеш аз сафари меҳнатӣ, донистани забон, касбу ҳунар мебошад. Мутаассифона, камбудие, ки аз тарафи шаҳрвандони мо ба назар гирифта мешавад, ин набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо мебошад, ки дар ҳолати пардохти ҳақи меҳнат ба мушкилиҳои зиёде дучор мегарданд.

Ҳамаи инро ба назар гирифта ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳаматарафа ба шаҳрвандони мамлакат, ки бори аввал ба  ин минтақа ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадааст кўмаки аввалиндараҷаи худро расонад.

Сипас ў дар бораи иттиҳодияи занони тоҷикони вилояти Иркутск нақл карда, иброз намуд, ки тоҷикзанони вилояти Иркутск хеле фаъоланд. Он зани тоҷике, ки аз Ватан барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар омадааст дасти кўмак дароз мекунанд. Бахусус дар омода намудани ҳуҷҷатҳо, ҷойи иқомат ва кор.

Дар  анҷоми  вохурӣ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират баҳсу  мунозираҳо ба  миён  гузошта  шуда аз тарафи раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск посухҳои  дақиқ  гардонда  шуд.

                                                                                         Анвар Юсупов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо