[:tj]
23 феврал вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти муҳоҷират бо кормандони ин ниҳод дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он доир гардид.
Акбарзода Нурмаҳмад – нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури кормандон ва роҳбарияти Хадамот оид ба амалҳои коррупсионӣ сухан карда, таъкид намуд, ки имрӯз коррупсия ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфта ба рушди иқтисод ва зиндагии мардуми кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунад. Моро лозим аст, ки дар мубориза ба ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона барем.
Вай аз иштирокдорони нишаст даъват намуд, то дар кори пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия ҳамкорӣ намуда, дар рушд ва пешрафти кишвари худ саҳмгузор бошанд.
Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Каримзода Тоҳир Сардори Хадамоти муҳоҷират мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳоро дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунанд, арзёбӣ намуданд.
Анвар ЮСУПОВ
[:]