Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшон

21 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯшони ВМКБ вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо сокинони ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раисони ҷамоату деҳот ва директорони муассисаҳои таълимӣ,омӯзгорон ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррухи Додхудо Муборакшоҳ ҳайати гурӯҳи кориро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, муаррифӣ намуд ва суханро ба Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор дод.

Зимни суханронӣ Раҳмонзода Абдулғаффор оид ба касбомӯзӣ, маркази таълимии калонсолон, забономӯзӣ ва ройгон аз худ намудани касбу ҳунар дар муассисаҳои таълимии вазорат маълумот дод. Ҳамзамон, доир ба шомил нашудани ҷавонон ва наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар доираи ҳисси ватандӯстӣ ва рӯҳияи ғурури миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон тавсияҳои муфид дод.

Сипас, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад карда, доир ба расмикунонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ суханронӣ намуда, аз раисони ҷамоату деҳот ва фаъолони ҷомеа ба амал овард, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, ба онҳо расонанд, ки ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар маҳалли зисташон ҳозир шуда худро ба қайд гузоранд ва фаъолияти меҳнатии худро дар кишвари буду бош расмӣ гардонад. Инчунин, аз ҳамагон хост, ки пеш аз сафар аз санҷиши манъи вуруд дар маҳзани Хадамоти муҳоҷират гузашта, сипас озими сафар шаванд.

Ҳамчунин, доир ба шартномаҳои амалкунанда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дода, ҳамзамон аз муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ ёдовар шуданд ва моҳияти муҳоҷирати экологиро шарҳ дод.

Дар рафти мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон саволҳои худро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва касбомӯзӣ  матраҳ сохта ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон гурӯҳи корӣ аз филиали муассисаи давлатии литсейи касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Рӯшон боздид ба амал оварданд.

Сафари корӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо