Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба пешгирии бемории сироятии «коронавирус»

[:tj]Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба пешгирии бемории сироятии «коронавирус»

Гурўҳҳои кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ  ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба пешгирии бемории «коронавирус» дар минтақаи 102 пойтахт, кўчаи Н. Махсум бо сокинони он шурўъ намуданд.

Мақсади асосии гурўҳҳои корӣ ҷоннок намудани корҳои иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, дар байни сокинони пойтахт ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «коронавирус» мебошад. Хамарўза тариқи усули «Хона ба хона» аз 150 то 1000 хонаводаро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро мегиранд.

Бояд гуфт, ки роҳбарони зергурўҳҳо то 6 майи соли равон корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба пешгирии бемории сироятии «коронавирус» дар кўчаҳои ба онҳо вобасташуда ташкил намуда, маълумотро аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда бо замимаи ҷадвалҳо оид ба оилаҳои фарогирифта ва имзоҳо ба ситод супорида мешавад.

Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи ситод ба вазорат маълумот пешниҳод мегардад.

Бурдани корҳои иттилоотию – маърифатӣ ин пеш аз ҳама, барои пешгирӣ аз ин вирус буда, умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.

                                                                                                 Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо