Гурӯҳҳои ташвиқотӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти COVID-19 дар Варзоб корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ –и ноҳия, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ихтиёрони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар – и ноҳияи Варзоб бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо усулҳои “Хона ба хона”, “Рӯ ба рӯ” миёни сокинони ноҳия бо дастрас намудани ёддоштҳо бо теъдоди 1500 нусха ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои таблиғотӣ идома дорад.

Ҳамзамон, 4 июни соли равон якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, котиби иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар-и ноҳия ва ихтиёрони бахши мазкур дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ бо сокинон корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Инчунин, 10 июни соли ҷорӣ бошад, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба сокинони ноҳия намоиши видео-роликҳо оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла “Каронавирус” (COVID-19)  намоиш дод.

Ҳамзамон, аз тарафи  фаъолони ҳизб ва волонтёрони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ “Сайёҳ”, “Ҷавонон”, “Шуғл ва муҳоҷират”, “бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсимоти ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ ба иштирокчиёни вохӯриҳо  супорида мешавад.

Бояд иттилоъ дод, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, 6 июни соли равон 54 нафар шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла 23 нафар зан, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон, дар ҶСК Хоҷа-Оби-Гарм бистарӣ гардида, онҳоро муддати кутоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.

Олимзода Орифҷон Олим

                                                          сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб

 

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо