Дарси омӯзишӣ «Паймони СММ»

Конфронси СММ дар мавзӯи “Паймони ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар”, ки 10-11 декабри соли 2018 дар давлати Марокаш баргузор гардиду қабул гардид, буд мавзӯи дарси омӯзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират, 22 июни соли равон бо иштироки профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов баргузор гардид.

Дарси омӯзиширо бо сухани муқаддимавӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ифтитоҳ намуда, профессор Раҳмон Улмасовро ҳайрамақдам гуфта, оиди самти муҳоҷират суханронӣ намуд.

Баъдан, меҳмони даъватшудаи дарси омӯзишӣ Раҳмон Улмасов муфассал дар мавзӯи “Паймони ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар” баромад намуда, қайд карданд, ки иштирокчиёни конфронс ба мувофиқа расиданд, ки муҳоҷирати байналмилалӣ ба як мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки онро ҳеҷ як кишвар наметавонад танҳо ҳал кунад.

Ҳар садумин сокини сайёра – паноҳҷӯянда аст. Шумораи онҳо дар тӯли даҳсолаи охир ду баробар афзудааст, ва имрӯз он бештар аз 82 миллион нафарро дар бар мегирад. Дар соли 2020 бошад шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ба 281 миллион нафар расидааст.

Ҳиссаи муҳоҷирони ҳориҷӣ дар шумораи умумии аҳолии ҷаҳон аз 2,8% дар соли 2000 то 3,2% дар соли 2010 ва дар соли 2020 то 3,6% баробар аст. Мутаассифона, занон ва духтарон 48 фоизи муҳоҷирони хориҷиро ташкил медиҳанд, – афзуд Р. Улмасов.

Дар фарҷом иштирокчиён ба саволҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо