Дар Екатеринбург мулоқоти намояндагони Консулгарии генералии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамъияти тоҷикон доир гардид

[:tj] 

 

Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия намояндагони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Челябинск доир ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, тартиби баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил гардидани хатсайрҳои чартерӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва мушкилоти ба фиреби баъзе миёнаравҳои қаллоб афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот доир намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, котиби сеюми ин Консулгарӣ Юсуфҷон Набиев, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов  ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Челябински Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон доир ба пайомадҳои номатлуби фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори андеша намуданд.

Зикр гардид, ки тамоми намояндагиҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, дар доираи салоҳияти худ ва бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалию қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони мамлакат дар қаламрави Федератсияи Россия ҳимоят мекунанд. Ин сохторҳо ва дипломатҳои тоҷик ҳамзамон густариши ҳамкории созандаро бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мамлакатро дар хориҷа аз ҷумлаи авлавияти фаъолияти худ муқаррар намуда, пайваста мекӯшанд, ки пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Ватан ногусастанӣ бошад.

Иштирокчиён аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Челябинск фаъолият мекунанд, даъват намуданд, ки 11 октябри соли равон ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург омада, дар маъракаи  муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ  ширкат карда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо