[:tj]Ба шарофати дастгирии доимии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ айни замон фаъолияти Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт хуб буда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани он чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Аз ҷумла, дар давоми 8 моҳи соли равон Бахш муроҷиати 723 нафар шаҳрвандонро баррасӣ намуд. Дар самти ба самъи аҳли ҷомеа расонидани моҳияти авфи муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбор, Љамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо корҳои муайян ба иҷро расиданд. Ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болои роҳбарӣ дар ҳамаи 9 Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар мавзӯъҳои муҳим мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ ташкил карда шуд. Дар самти бо кори мавсимию доимӣ таъмин намудан ва бо касбомӯзию забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида ҳам корҳои муайян анҷом пазируфтанд.
Соли равон аз ҳисоби сокинони ноҳия 6680 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳия ва бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ минбаъд низ ҷиҳати коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ашт[:]