Дар участкаи интихоботии №20 бист нафар овоздиҳандагон бори аввал ба қайд гирифта шуданд

[:tj]

Дар ҳавза, участкаи интихоботӣ ва участкаи якмандатаи интихоботии №20 ноҳияи Шоҳмансур, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ воқеъ гардидааст, 20 нафар овоздиҳандагон бори аввал ба қайд гирифта шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар участкаи мазкур тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи раиси Комиссияи участкаи мазкур Тоҳир Каримзода, овоздиҳӣ дар ин макон субҳи барвақт шурўъ гардида, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд.

«Дар маҷмўъ шумораи интихобкунандагон 2433 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумӣ 1273 нафар мардҳо ва 1160 нафар занҳо буда, аз он 2382 нафар тоҷикҳо, 48 нафар узбекон ва 3 нафар русҳо мебошанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок менамоянд», — гуфт мавсуф.

Инчунин, дар саҳни ҳавлии Хадамоти муҳоҷират барои нтихобкунандагон фурўши маҳсулотҳои қаннодӣ ва нўшокиҳои ташнашикан ташкил карда шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар баъзе интихобкунандагон бинобар беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва ин  ашхос дар рўйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.

Гуфтанист, ки дар интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси принсипҳои демократӣ номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал – Демократи Тоҷикистон иштирок доранд.

Маъракаи овоздиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз аз соати 6:00 оғоз гардид ва то соати 20:00 идома меёбад. Ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 230 нафар нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд.

                                                                           Хадамоти муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо