Дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид

[:tj]Дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни асосии давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, баргузор карда шуд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир чорабиниро оғоз намуда, зикр кард, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъд аз якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.
Бояд тазаккур дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт дар миёни неруҳои ҳарбии дигар кишварҳои ҳамсоя таҷрибаи зиёдеро кашф намудааст. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро омӯхт ва имрӯз бо истифода аз он дар шуури ҳайати шахсӣ ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносиро бо масъулияти баланд мепарварад.
Ҳамчунин Сардори Хадамот таъкид дошт, ки афсарону сарбозон ва ҷавонони баору номуси тоҷик бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҳамчунин қайд карданд, ки ҳар як афсару сарбоз таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар ваҷаб пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург шуморанд.
Дар чорабинии тантанавӣ собиқадорон ва ҷавонони Хадамот низ баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо хизмати содиқона ва интизоми намунавӣ истиқбол мегиранд.

Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо