Дар ҳамкорӣ бо терминалҳои нақлиётӣ

[:tj]5-уми октябри соли равон ҳам кормандони масъули дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд тавассути нуқтаҳои сайёри маслиҳатдиҳӣ дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи “Роҳи Абрешим” қабл аз гусел шиносномаи муҳоҷирони меҳнатиро санҷида, ҳолати ҳуқуқиашонро муайян карданд. “довар мешавем, ки ин кор дар асоси супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид нав ба ҳукми анъана даромада, минбаъд дар рўзҳои сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон роҳандозӣ мешавад.

Ба сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар умум 8 субъекти хоҷагидор машғул бошанд ҳам, гусели онҳо асосан дар ҳамин ду терминали нақлиётии болозикр сурат мегирад. Муҳоҷирони сафарбаршаванда дар баробари муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон соҳиби маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ шуданд ва оид ба муҳоҷирати бехатар маслиҳати муфид гирифтанд.

Дар асоси созишномаи миёни Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии “Амали нек” рўзҳои наздик дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи “Роҳи Абрешим” рўзҳои гусели муҳоҷирон ташхиси ройгони тиббӣ ҳам ба роҳ монда мешавад.

5-уми октябр дар умум аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Иттиҳодияи автовокзалҳо” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шоҳроҳи Абрешим” аз ин терминалҳои нақлиётӣ 3 гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа гуселонида шуданд.

                                                                                          Мардон Қурбонов

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо