Дастгирии муҳоҷирон дар Хатлон идома меёбад

[:tj]Дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дар давоми ҳафтаи сипаригардида 271 нафар шаҳрвандони вилояти Хатлон тариқи шифоҳӣ бевосита ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он дар шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат намуданд. Ба воситаи телефонӣ бошад 16 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд. Ҳамаи муроҷиаткунандагон барои донистан доир ба будани номњояшон дар рӯйхати (депортатсияшудагон) рондашудагон мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон, воридшавии 148 нафар ба Федератсияи Руссия манъ мебошад, ки 17 нафарашон занҳо мебошанд.

Гуфтан даркор аст, ки ба тамоми муроҷиаткунандагон кормандони Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он ба таври муфассал дар бораи таъғироту иловаҳои қонунгузории Федерасияи Руссия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қоидаҳои будубош дар давлатҳои хориҷа, њангоми муҳоҷирати меҳнати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои давлату халқи қабулкунанда маълумот доданд. Дар рафти вохурињо ба ањолӣ тавсия дода шуд, ки ба қабулкунандаи муроҷиати шаҳрвандон дар Хадамоти муҳоҷирати вилоят ва ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд, то ки онҳо ба тамоми саволҳои худ ҷавобҳои пурра пайдо карда тавонанд.

Ҳамзамо,н ба эшон варақаҳои махсуси маълумотие, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ва қоидаҳои он, зимни муҳоҷират эминмонӣ аз бемориҳои сирояткунанда шарҳ дода, қисман тақсим карда шуданд. Инчунин, ба маълумоти онҳо расонида шуд, ки Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон ба нафароне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, кӯмакрасонӣ мекунад. Аз ҷумла, дар самти бо ҷои корӣ таъмин гардиданашон дар вилоят ва давлатҳои хориҷ ғайр аз Россия мусоидат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аллакай Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон чандин муҳоҷири меҳнатиро, ки вурудаш ба Федератсияи Руссия манъ мебошад, дар вилоят бо ҷои корӣ таъмин намуд.
Маркази матбуотии Хадамоти
муҳоҷират дар вилояти Хатлон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо