Дастуру супоришҳои пешвои миллат дар меҳвари андеша

[:tj]Чорабинии муштараки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва литсейи касбӣ – техникии №38 вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои сироятӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, таъмини муҳоҷирати бехатар, огоҳ намудани аҳли ҷомеа аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ин навбат дар ҷамоати деҳоти Яхтан доир гардид.      4-уми сентябр бештар аз 45 нафар намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар толори литсейи касбӣ – техникии №38 ҷамъ омаданд ва мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси ҷамоат Т. Раҳмонов оғоз шуд.

Баъдан дар назди аҳли толор мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич С. Баҳодурова, мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Л. Яҳёева суханронӣ намуданд. Мубоҳиса ва суҳбати озод имкон дод, ки иштирокчиён ҳамфикру андешаи худро баён намоянд.

Зимни суханрониҳо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муборизаи дастҷамъона алайҳи падидаҳои номатлуб дар меҳвари андеша қарор доштанд.

Баррасии амиқи масоили доғи рўз ва мубодилаи афкор боиси қаноатмандии ташкилкунандагон ва иштирокчиёни мулоқот гардид.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Деваштич

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо