Зайнура Шарифова:Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати милли!

[:tj]Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – нерӯю илҳомбахши мо
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2015-и худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқид намуда буданд, ки «Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳар чи бештар тавсеа бахшида, доир ба масълаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад».

Боиси қайд аст, ки тадбиру чораандешиҳои давлату Ҳукумат самараи хуб медиҳад ва сол то сол ғамхорию дастгирӣ низ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бештар мегардад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сардори давлатамон аз оғози фаъолияти сарварии худ ба муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Аҳли ҷомеа худ шоҳиди онанд, ки зимни сафарҳои расмиашон ба кишварҳои хориҷӣ ҳатман бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрда, аз ҳолу аҳволашон пурсон мешаванд ва ба ҳалли мушкилоташон мусоидат менамоянд. Ҳамзамон маҳз бо дастгирии бевоситаи он кас садҳо оилаҳо аз минтақаҳои хавфнок ва камзамин кӯчонида шуданд, ки боиси беҳтаршавии шароити зиндагиашон гардид.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ даъват менамоянд. Дар ин радиф аз ҷониби давлату Ҳукумат низ ба ин масъала эътибори хосса дода мешавад. Чуноне ки дар Паёми имсолаи он кас ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Агар соли 2014 дар кишвар беш аз 200 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда бошад, соли 2016 на кам аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд.

Мақсад аз чунин тадбирҳо паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар Ватан бо ҷои кор таъмин намудани онҳост. Тавре ки аҳли ҷомеа медонанд, аз сабаби ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират сол то сол мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бештар шуда истодааст. Бинобар ин, Президенти кишвар дар Паёми худ Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро бори дигар вазифадор намуданд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшидан, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи кориро беш аз пеш тақвият бахшиданд дар ин самт аз ҷумлаи вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ дар Паём мебошанд, ки мо ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ қабул намудем.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо рӯҳбаландии бузург Паёми навбатии Сардори давлатамонро шуниданд ва онро чун илҳомбахшу роҳнамои худ пазируфтанд.

Паёми имсола бори дигар нишон дод, ки инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии ӯ дар Ватани соҳибистиқлоли мо дар ҷои аввал меистад.
Дар радифи дигар аъзоёни ҷомеа мо низ тасмим гирифтаем, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро ба иҷрои вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон равона менамоем ва барои халқу Ватан содиқона хизмат менамоем.

Дастгирии доимии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имкон медиҳад, ки ҳадафҳои олиамонро пурра амалӣ гардонем.

Зайнура Шарифова, Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд
at [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо