Зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист

[:tj]Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Табиат ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи  комёбиҳо. Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти меҳнатӣ доранд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрӯз мо дар сохторҳои Вазорат шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.

Донистани қадру қимати зан – модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои авали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Занони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохтаанд, ки аз мардони майдон ҳеҷ камие надоранд. Мегӯянд, ки зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист. Маҳз ҳамин зан буд, ки дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана намуд. Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Зан офарандаи ҳаёту мамот ва зиндагист, зеро бе зан ҳаёт маъно надорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар байтҳои зер фармудаанд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,

Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.

Дар фароварди андешаи иброз шуда аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дар симои онҳо тамоми занони Вазорату идораҳои кишварро бо Иди  Модарон – 8 Март табрик намуда, барояшон пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ ва дили беғаму осоиштагиро тамано дорам.

Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо