Зиёда аз 10 млн рубли русӣ маблағи муҳоҷирон пардохт шуд

Яке аз самтҳои фаъолияти кори Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Намояндагӣ бо корфармоёни хурду бузуруг, вазорату идораҳо, мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шарикони иҷтимоӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, барои фароҳамоварии шароити корӣ, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пайваста роҳандозӣ менамояд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 88 нафар барои баргардонидани маблағи музди маош бо маблағи 14,5 млн. рубли русӣ муроҷиат намуданд, ки дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ зиёда аз 10 млн. рубли русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бақияи 3, 5 млн. рубли русӣ, яъне 24,7% маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия қарор доранд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо