ИФТИТОҲИ БИНОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ, МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ, ВА ФИЛИАЛИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

[:tj]26 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он — ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, ҳуҷраи кории роҳбарияти Филиали Муассисаи Давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.
Бинои мазкур дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бунёд шуда, барои соҳиби касбу ихтисос кардани сокинон ва бо шуғл фаро гирифтани мардуми ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидати фаъол мекунад.
Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар бинои нав барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбурисалпарварӣ ва омӯзиши ҳунари кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст.
Бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчунин дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад.

                                                     Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                      аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо