Мавзӯи терроризмро дар ноҳияи Шаҳринав баррасӣ карданд

[:tj]20 октябр дар ноҳияи Шаҳринав корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мавзӯи мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризму экстремизм шуда гузашт. Дар ин чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия М. Бобоев иштирок ва баромад кард.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки бахш, шуъбаи корҳои дохилӣ, бахшҳои занон ва кор бо оила, ҳамчунин ҷавонон ва сайёҳӣ доир гардид.

Дар назди аҳли толор намояндагони МИҲД-и ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва сайёҳӣ, бахши кор бо занон ва ходимони дин низ баромад намуданд.

Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо