Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам

[:tj] 

Дӯстии миёни халқҳои тоҷику қирғиз ба монанди дӯстии тоҷикон бо дигар миллату халқиятҳои Осиёи Марказӣ таърихи қадимаву дерина дорад. Далели ин гуфтаҳо эпоси қаҳрамонии халқи қирғиз бо номи «Манас» аст, ки тибқи он ҳамсари ин қаҳрамонии миллии қирғизҳо бонуи тоҷик буд. Илова бар ин, мо давоми садсолаҳо паҳлу ба паҳлии ҳамдигар кору зиндагӣ дорем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр минтақаҳои қирғизнишин ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон бисёр минтақаҳои тоҷикнишин мавҷуд мебошанд, ки низ гувоҳӣ аз дӯстию рафоқати деринаи мо медиҳанд. Оилаҳои ба истилоҳ «интернатсионалӣ» -и аз ҷониби тоҷикону қирғизҳо ташкилдодашуда нишонаи баланди ҳамсоягиву ҳамдилианд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватанамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз ҳам густариш ёфт. Ин ҷумҳуриҳо ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ шомил мебошанд ва бисёр ҳадафҳои муштарак доранд. Имрӯз ҳам тоҷикон дар симои қирғизҳои ҳамсоя бародару хоҳар, дӯсту дугонаи хешро мебинанд, бо онҳо рафтуомад мекунанд ва дӯстӣ меварзанд. Қиссаву романҳои машҳури намояндаи миллати қирғиз – нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов аз қабили «Киштии сафед», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Алопаре, ки лаб – лаби баҳр медавид», «Замини модарон», Дуроҳаи Бӯронӣ» ва ғайра китоби дӯстдоштаву рӯимизии тоҷикон ҳам мебошанд.

Мутаассифона, низои миёни тоҷикону қирғизҳо дар минтақаҳои сарҳадии шаҳри Исфара, пеш аз ҳама, ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух низ таърихи дерина дошта, аз солҳои 60-уми асри гузашта, баъди тарки кӯҳнишинию кӯчманчигӣ кардан ва дар водиҳо маскун шудани мардуми қирғиззабони ин минтақа оғоз мегирад.

Чуноне ки сокинони калонсоли ин ҷамоатҳо мегӯянд, то солҳои 50-уму 60-уми баъдиҷангӣ қирғизҳои минтақаи мазкур аксарият шуғли чорводорӣ доштанд, бо тақозои ин ва мақсади дарёфти чарогоҳҳои сералаф ҷои зисташонро тез – тез иваз менамуданд. Дар ин миён кам набуданд нафароне, ки барои тоҷикони маҳаллӣ чӯпониву подабонӣ мекарданд. Бо мурури замон як қисми муайяни онҳо хонаву дар ташкил намуда, бо мардуми таҳҷоӣ ҳамсоя шуданд. Дар оиладор шудану хонаву дар ташкил кардани қирғизҳои минтақаҳои назди сарҳадӣ сокинони Исфара саҳми калон гузоштаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Дар замони шӯравӣ, ки дар байни ҷумҳурии иттифоқӣ хатти сарҳад ба таври дақиқ муайян нагардида буд, онҳо чун шаҳрванди давлати ягона дар ҳудуди ноҳияи Исфара бемалол дар канори манзили тоҷикон манзил месохтанду озодона кору зиндагӣ мекарданд.

Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар ҷамоатҳои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳу Ворухи Исфара равшан мебинем, ки манзили зисти тоҷикону қирғизҳоро танҳо як роҳи мошингузар ё девори сангину похсагин аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Аксари насли миёнасолу калонсоли қирғиз, ки имрӯз дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворух низоъ бармеангезанд, ба гуфти сокинони маҳаллӣ дар гузаштаи начандон дур дар ҳудуди ҳамин ҷамоатҳо умр ба сар бурда, дар мактабҳои дузабонаи тоҷикӣ хондаанд. Вале имрӯз аз сустиву нотавонии ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ва кӯмакҳоҳои «демократиясозон»-и хориҷӣ истифода бурда, баъзе нафарон, яъне қирғизҳои душмани ҳар ду халқи ҳамсояву бародардаъвои замину об, роҳу боғҳои бунёднамудаи тоҷикон мекунанд. Гоҳ пеши обро мебанданду гоҳ роҳи мошингузарро. Албатта, чунин низоъбарангезиҳо натиҷаи хуб надоранд, ки мисоли равшанаш ҳодисаҳои рӯзҳои 13-ум ва 14-уми март дар деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло мебошанд.

Дар ин хусус расонаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия воқеиятро яктарафа баён карда бошанд ҳам, асли гап он аст, ки дар натиҷаи ин низои сарҳадӣ ду нафар шаҳрванди ҷумҳурии мо қурбон шуда, чанд нафари дигар захм бардоштанд. Гирдиҳамоӣ ва ҷониби ҳамдигар сангандозию тиркушоии ҷонибҳо бе огоҳкунӣ ва мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ сурат гирифта, барои ҳар ду ҷониб гарон афтод. Вале чуноне ки хирадмандон гуфтаанд, хунро бо хун не, бо об мешӯянд. Роҳи ҳалли ин муноқишаҳои чандинсола ҳаргиз ҷангу хунрезӣ буда наметавонад. Бо ибораи дигар, дар чунин мавридҳо «хирадманд ҳаргиз накӯшад баҷанг».

Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои сар задани ин муноқиша, аниқтараш санаи 14-уми март тариқи телефон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбати телефонӣ бо роҳбари Ҷумҳурии Қирғизистон Пешвои муаззами миллат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд ва ба вазъияти бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду мамлакат баамаломада таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла сарони кишварҳо аҳд намуданд, ки тафтиши ҳамаҷонибаи ин низоъ ба роҳ монда мешавад. Дар рафти тафтишот шӯрангезон ва ташкилкунандагон ҳатман муайяну дастгир карда, нафарони дар қатли тоҷикон ва захм бардоштани онҳо дастдошта ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бо истифода аз фурсат, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон таъзияву ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикону пайвандони шаҳрвандони шаҳидшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба шаҳодат расидаанд, иброз дошт.

Ташрифи ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба ҷои ҳодиса, нишастан ба сари мизи музокирот, ба мувофиқа расидани тарафҳо ва имзои протоколи созиш аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъияти ба амал омада аз дақиқаҳои аввал таҳти назорати давлату Ҳукумат қарор дошт. Албатта, тадбирҳои андешидашуда ба манфиати ҳар ду ҷониб буду мебошад ва имрӯз дар минтақаҳои сарҳадии шаҳри Исфара ҳаёт ба маҷрои пешинаи худ даромадааст. Ҳар ду тараф барои минбаъд роҳ надодан ба чунин низоъҳо манфиатдоранд ва дар ин самт кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Фоҷиаи ба сари мардуми Исфара омада ягон нафар инсонро бетараф гузошта наметавонад. Тариқи расонаҳои хабарӣ садҳо нафар шаҳрвандони гуногунсолу гуногункасб ҳамдардӣ ва фикру андешаҳояшонро нисбат ба ин қазия баён дошта, иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакатро оид ба ҳалли мусолиматомези он баён доштанд. Аммо дар ин миён, нуқтаи назар ва даъвоҳои беасоси як гурӯҳ хоинону гурезагоне, ки ҳаммиллату ҳамватани мо ҳастанд, бисёр баҳсбарангез аст. Ин гуна Кабириҳову Мирзои Салимпурҳову Шарофиддин Гадоевҳо ва дигар нафарони хоину ватанфурӯш, ки дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ қарор доранд, ба ҷои афсӯс хӯрдану мардумро ба сулҳу оштӣ даъват намудан, санги таънаву маломат ба сӯи Ҳукумати мамлакат меандозанд, ҷониби Тоҷикистонро ба камфаъолиятӣ дар самти ҳалли низои сарҳадӣ айбдор мекунанд. Рафтори онҳо, албатта, аз тирандозии чанд марзбониноҷавонмарди қирғиз бар сари аҳолии осоишта кам нест. Фарқ ин аст, ки қирғизҳо ба мо бегонаанд, аммо ин нафарон собиқ ҳамватан, ҳаммиллату ҳамхунанд.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мегӯяд:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Агар даъвогарони мазкур, ки имрӯз дар хориҷа хизмати бегонагонро карда, ба ғайр аз гапфурӯшӣ ҳунаре надоранд, марди майдон мебуданд, дар вақташ ба халқу Ватани худ хиёнат карда, аз кишвар намегурехтанд. Оё нафаре аз онҳо гуфта метавонад, ки то имрӯз барои мардуму диёри худ ягон хизмати шоиста ё кори наҷибе кардааст. Албатта, не! Зеро танҳо дар ғами ҷону кисаи худ буданд ва ҳастанд. Аз одаме, ки ҳатто барои наздиктарин касони худ амали хайреро анҷом надода, баръакс, ба номи онҳо иснод овардааст, чӣ хубиро интизор шудан мумкин аст?

Даъватамон аз аҳли ҷомеа нисбат ба хоинону ватанфурӯшони гереза чунин аст :

Рафиқон! Ба гапи онҳо гӯш надиҳед ва ба ягон суханашон бовар накунед. Миллати тоҷик ҳаргиз бесоҳиб нест ва Пешвои муаззаму Сардори давлати худро дорад. Дар рафти музокироте, ки таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷониби Қирғизистон доир гардид ва протоколи созише, ки миёни ҷонибҳо ба имзо расид, мушкилоту муаммоҳои сарҳадӣ дар Исфара дар кӯтоҳтарин фурсат ҳаллу фасл мешаванд. Яъне, «зимистон мегузараду рӯсиёҳӣ ба ангишт мемонад». Муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии тоҷикону қирғизҳои минтақа барқарор мешавад, лекин хоинон боз хоин, ватанфурӯшон ватанфурӯш ва душманони миллату давлат душман боқӣ мемонанд.

Бо вуҷуди ҳанӯз ҳам ҷой доштани муаммову мушкилоти ҳалталаб дар рӯзгори аҳли ҷомеа, сол то сол ободу зебо шудани диёри азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ояндаи дурахшони давлату миллат гувоҳӣ медиҳад. Аммо бадхоҳони миллатро имрӯзашон ҳам тира асту фардояшон ҳам, зеро худро ба лаънати Худову халқ гирифтор кардаанд.

 

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо