Маърифат идроку ҳушёрӣ диҳад…

[:tj] 

Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”, ки бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкории босамар дорад, моҳи июни соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи нав оғоз кард.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади амалисозии “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021” аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июни соли 2020 дастгирӣ ёфтааст. Ҳадафи асосӣ аз татбиқи он, қабл аз ҳама, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Роҳандозии корҳо барои таъмини пойдорӣ ва устувории оилаҳо, интихоб ва омода намудани занони сарвар, пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла тундгароиву ифротгароӣ, савдои одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, бемориҳои сироятӣ, истисмори одам аз ҷониби одам, мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯёни коллеҷу макотиби таҳсилоти олӣ, барномаҳои телевизионӣ, озмуни иншо ва плакт ва аксияҳои муштарак оид ба муҳоҷирати бехатар ва Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, қурбониёни савдои одамон ва хушунати оилавӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” ба нақша гирифта шуданд ва давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Дар татбиқи он Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкори асосии ин ташкилоти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад.

Аз оғози татбиқи лоиҳа то имрӯз бисёр корҳои ҷолиб ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, ба шарофати аксияи дар истгоҳи “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки чорабинии нахустини муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” маҳсуб мешуд ва сахт шудани назорат бисёр камбудиҳои дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойдошта бартараф шуданд. Ҳоло муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршуда аз худи ҳамин истгоҳ бо автобусҳои истеҳсоли хориҷии дорои шароити хуби сафари дарозмуддат ба роҳ мебароянд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинии тантанавии вилоятӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷир (18.12.2019) низ ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” саҳми арзанда гузошт.

Боиси қайд аст, ки ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи худ бо Раёсати кор бо занони вилоят ҳам ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин ҳамкории бисёрҷониба 28-уми январи соли равон дар бинои муассисаи таълимии №76, Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» таҳти унвони “Маърифат идроку ҳушёрӣ диҳад!” чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ доир гардид, ки дар он Рафоат Бобоева – намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  вилоят, Маҳкамбой Каримов – коршинос ва тренери ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», Ӯғулой Ҳоҷибоева – сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Меҳрангез Муродова – мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи мазкур ширкат намуданд.

Чорабиниро сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ӯғулой Ҳоҷибоева оғоз бахшида, оид ба таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои муаззами миллат ба занону духтарон, баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, таъмини имкониятҳои баробари мардону занон, пешгирии хушунати оилавӣ ва азҳампошхӯрии оилаҳо, ҳамчунин мушкилоту муаммоҳои рӯзгори бонувонизҳори андеша намуд ва баён дошт, ки бетарафии аҳли ҷомеа ба афзудани падидаю ҳодисаҳои номатлуб мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҳамаи моро лозим аст, ки дар самти таъмини зиндагии шоистаи худ ва дигарон саҳмгузор бошем.

Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  вилоят Рафоат Бобоева диққати аҳли толорро ба масоили савдои одамон, истифодаи маҷбурии меҳнати ноболиғон, зӯран ба корҳои пасту поймолкунандаи шаъну шараф ҷалб намудани бонувон ҷалб намуд. Дар суханронии ӯ қайд шуд, ки шараф аз доштани дониши мукаммал ва донистани ҳуқуқҳои инсонии худ сар мешавад. Бояд мо дониши амиқ дошта бошем, ҳақи инсониву шаҳрвандии худро донем, то дар муҳоҷират шарафу номус ва ҳуқуқи худро ҳимоя карда тавонем. Ҳамчунин лозим аст, ки ҷавондухтарону ҷавонписаронро пеш аз оиладоркунӣ ба оилдоршавӣ омода созем. Ин амал метавонад то андозае пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро гирад.

Зимни суханронии коршинос ва тренери ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Маҳкамбой Каримов қайд гардид, ки ҳар нафари муҳоҷирати меҳнатиро интихобкарда бояд пеш аз сафар худро омода созад, забони кишвари қабулкунандаро то ҳадди муошират донад, аз таъриху маданият ва қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад ва барои дар ҷойи мувофиқ фаъолият бурдан касб омӯзад. Дар ин самт сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, марказҳои таълими калонсолон, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ташкилотҳои ҷамъиятӣ омодааи дастгириву кӯмакрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Меҳрангез Муродова – мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар симои ҳозирин аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал овард, ки қабл аз сафар аз хизматрасониҳои бахш вобаста ба гирифтани маълумот, муайян намудани вазъи ҳуқуқӣ, омода шудан ба муҳоҷират ва ғайра босамар истифода баранд.

Баъди саволу ҷавоб дар рафти ҷамъбасти чорабинӣба иштирокдорон варақаи иттилоотӣ таҳти унвони «Дастури мухтасар оид ба муҳоҷирати бехтар» дастрас карда шуд.

                                                                                  МардонҚУРБОНОВ

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо